Эълонҳо

Эълон
Раёсати илм ва инноватсия ба маълумоти Шумо мерасонад, ки тибқи фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор менамояд.
Озмун аз рӯи ҳафт номинатсия гузаронида мешавад:
1. Математика (арифметика, алгебра, геометрия);
2. Физика ва астрономия;
3. Химия;
4. Биология (ботаника, зоология, анатомия);
5. География;
6. Технологияи иттилоотӣ;
7. Ихтироъкорӣ ва навоварӣ.
Озмун дар ду давра баргузор мегардад:
- даври якум: аз 20-ум то 23-юми апрел дар сатҳи факултетҳо;
- даври дуюм: 24-уми апрел миёни ғолибони даври якум дар сатҳи донишгоҳ.
Ҷиҳати иштирок дар чорабинии мазкур довталабон метавонанд аз Раёсати илм ва инноватсия маълумоти муфассалро дарёфт намоянд.
Суроға: Раёсати илм ва инноватсия, бинои таълимии №3 ошёнаи сеюм, утоқи кории 301.
Телефон барои тамос: (+992) 93-773-97-77
Email:yunuszoda.91@yandex.ru
КУМИТАИ ТАДОРУКОТ: РАЁСАТИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ