Эълонҳо

Эълон
Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ
Қабули ҳуҷҷатҳои унвонҷӯёнро барои соли таҳсили 2021-2022 ба шуъбаи ғоибона, аз рӯи ихтисосҳои зерин эълон менамояд:
- 08.00.01 - Назарияи иқтисод;
- 08.00.05 - Иқтисод ва идоракунии хоҷагии халқ;
- 08.00.10 - Молия, муомилоти пулӣ ва қарз;
- 08.00.12 - Баҳисобгирии муҳосибӣ, омор;
- 08.00.14 – Иқтисодиёти ҷаҳон;
- 08.00.13 - Усулҳои математикӣ ва инструменталии иқтисодиёт.
ШАРТҲОИ ҚАБУЛ
Ба шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар асоси суҳбат ассистентон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти олии пурра ё магистратураро бо баҳои хубу аъло хатм намудаанд қабул карда мешаванд.
Таҳсил дар Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ буҷавӣ ва шартномавӣ (2500 сомонӣ) мебошад.
Ариза ба номи ректори ДДМИТ бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад.
- нусхаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ бо замимааш (шаҳсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои дигарро хатм кардаанд – шаҳодатномаи баробарарзиши ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот);
- варақаи шахсии аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқгардида ва 4 дона расми андозаи 3х4; - тарҷумаи ҳол;
- рӯйхати корҳои нашршудаи илмӣ ё реферат тибқи ихтисоси интихобшуда (20-25 саҳ.); тақриз бо имзои ду нафар аз мутахассиси хамин соҳа;
- шаҳодатномаи оид ба супоридани имтиҳонҳои номзадӣ (ба шахсоне, ки имтиҳонҳои номзадиро пурра ё қисман супоридаанд ва муҳлати супоридани онҳо набояд аз 5 сол зиёд бошанд);
- тавсиянома аз ҷои кор; - маълумотномаи тиббӣ (038/ аз Фароз - розигии хаттии роҳбари илмӣ.
Қабули ҳуҷҷатҳо аз 01.09.2021 то 28.10.2021
Довталабон аз фанҳои зерин имтиҳон месупоранд:
1.Ихтисос;
2.Фалсафа;
3.Забони хориҷӣ (англисӣ).
Рузи суҳбат бо довталабон санаи 30.10.2021 муайан шудааст.
Барои маълумот, ба шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии ДДМИТ муроҷиат намоед.
Нишонаи мо: ш.Душанбе, куч.Нахимов 64/14 (шаҳраки Гипрозем), бинои №3, ошёнаи 3-юм. тел. 900-26-15-01; 988-48-54-03.