Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон


Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандсозии фаъолияти эҷодӣ соҳибистеъдодҳои ҷавон, адибону рӯзноманигорон, рассомону бастакорон, режиссёрону меъморон, санъаткорону ҳунармандон, техникону технологон ва навоварони ҷавон, ки дар рушду инкишофи соҳаи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, барои дарёфти Ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, барномасозии компютерӣ, техника, технология ва навоварӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ барои соли 2021 озмун эълон менамояд. 


Ҷоиза аз рӯйи тартиби зайл баҳогузорӣ карда мешавад: 



• адибон (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор); 
• барномасозон (ихтироъкорӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, компютерӣ (барои корҳо дар самти ташаккули махзани иттилоотӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҷавонон бартарият дода мешавад); 
• эҳёгарони ҳунарҳои мардумӣ (тамоми навъҳои ҳунармандии миллӣ бо пешниҳоди корҳои амалии иҷрошуда); 
• техникону технологон ва навоварон (татбиқи коркардҳои инноватсионӣ дар самти рушди неруи инсонӣ, рушди инфросохтор, амал татбиқ кардани чор самти стратегии мамлакат, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, бехатарии фаъолияти инсон ва экология, амалисозии усулҳои нави таълим ва таҳқиқоти илмӣ, истифодаи маводи навин бар ивази маводи мавҷуда, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, такмили сохти таҷҳизот ва мошинҳо, такмили конструксияҳои сотмонӣ, бино ва иншоот, сарфаи энергия ва манбаъҳои барқароршавандаи эенергия, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, такмили фаъолияти меҳнатӣ, паст кардани таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ). 


Барои иштирок дар озмун барои маълумоти иловагӣ ба Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муроҷиат намоед. 


РАЁСАТИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ