Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии “Иттиҳоди мо аз Ваҳдат аст” ва “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ”-ро эълон намудааст. Аз ин рӯ донишҷӯён, магистрантон, олимону муҳаққиқони ДДМИТ метавонанд мақолаҳои худро ҷиҳати иштирок ба кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд. 
Мақолаҳо ва маводҳои публистикӣ бояд фарогири саҳми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ дар эҳёи худшиносии миллӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад. 
Мақолаҳо дар ҳаҷми то 4-саҳифа, бо ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 қабул карда мешавад. Барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми ҳарду озмун мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 5000, 3000, 2000 сомонӣ ва барои 5 нафар иштирокчии фаъол туҳфаҳои хотиравӣ пешбинӣ гардидааст. Озмуни ҷумҳуриявии “Иттиҳоди мо аз Ваҳдат аст” дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва озмуни ҷумҳуриявии “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ” дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст ва ғолибон муайян карда мешавад. 
Иштирокчиёни озмунҳо метавонанд, маводҳои худро ба унвонии почтаи электронии javonontj@mail.ru бо ишораи “Барои озмун” ирсол намоянд. 


Ҷиҳати маълумоти иловагӣ ба Раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ муроҷиат намоед.