Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

Таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар дар доираи барномаи мубодилаи донишҷӯён 
Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ ба иттилои донишҷӯёни зинаи бакалавр мерасонад, ки дар доираи Барномаи мубодила донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки донишҷӯёни зинаи бакалаврро барои идомаи таҳсил дар нимсолаи дуюми соли хониши 2022-2023 ба Донишгоҳи давлатии Петрозаводски Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии Пскови Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии Бошқирдистони Федератсияи Россия, Мактаби олии иқтисодии (Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ) – и шаҳри Перми Федератсияи Россия, Донишгоҳи Нархози Қазоқистон, Донишгоҳи менеҷменти Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқитсон ва Донишгоҳи иқтисодӣ-тиҷоратии Беролуси Ҷумҳурии Белорус ирсол намояд. 
Мӯҳлати охири бақайдгирӣ то санаи 01.10.2022. 
Донистани забони русӣ ва англисӣ ҳатмист. 
Барои номнавис ва маълумоти бештар хоҳишмандон метавонанд ба Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоянд. 
Суроға: Бинои 2-юми донишгоҳ, ошиёнаи 2, утоқи 203.