Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

Ба диққати донишҷуён, магистрантон, докторантон (PhD), унвонҷӯён ва аспирантони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон расонида мешавад, ки аз санаи 03.04.2023 то 08.04.2023 даври 1-уми озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” дар факултетҳо, даври 2-юм аз санаи 20.04.2023 то 21.04.2023 миёни ғолибони даври якум дар сатҳи донишгоҳ баргузор мегардад Аз ин лиҳоз хоҳишмандон барои иштирок дар озмун метавонанд ба муовинони декан оид ба илми факултетҳо муроҷиат намоянд. Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия гузаронида мешавад: 
1. Математика (арифметика, алгебра, геометрия); 
2. Физика ва астрономия; 
3. Химия; 
4. Биология (ботаника, зоология, анатомия); 
5. География; 
6. Технологияи иттилоотӣ; 
7. Ихтироъкорӣ ва навоварӣ. 
Барои маълумоти пурра ба раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ муроҷиат намоед. 
Шахси масъул: Худойбердиев Ҷаҳонгир, тел: 001990905