Эълонҳо
Эълон
Донишҷӯён ва магистрантони муҳтарам ба таваҷҷуҳи шумо расонида мешавад, ки дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Олимпиадаи байналмилалии бехатарии молиявӣ, ки аз ҷониби Росфинмониторинг, Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия гузаронида мешавад барои иштирок даъват менамоем.
Санаи баргузории Олимпиада:
12 майи соли 2023 – даври донишгоҳии Олимпиада дар ДДМИТ.
02-06 октябри соли 2023 - финали Олимпиада дар қаламрави федералии «Сириус» (Сочи, Русия).
Иштироккунандагони Олимпиада
Донишҷӯёни бакалавр (курсҳои 1-3), мутахассис (курсҳои 1-4) ва магистратура (курси 1) дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва кишварҳои БРИКС таҳсил мекунанд.
Забонҳои кории Олимпиада:
русӣ, англисӣ.
Профили олимпиадаи «Бехатарии молиявӣ»
Олимпиадаи амнияти молиявӣ барои донишҷӯён дар якчанд самт гузаронида мешавад:
Иқтисодиёт, молия ва қарз, бехатарии иқтисодӣ;
Ҳуқуқшиносӣ;
Беҳатарии иттилоотӣ;
Муносибатҳои байналмилалӣ.
Ғолибони даври донишгоҳӣ ҳуқуқи иштирок дар даври ниҳоии Олимпиада, ки аз 02 то 06 октябри соли 2023 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор мегардад пайдо мекунанд.
Барои маълумоти иловагӣ ба Раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ муроҷиат намоед.
Шахси масъул: Худойбердиев Ҷахонгир, тел: 001990905