Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар такя ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар пайравӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ тасмим гирифтааст, ки барои иҷроиши Барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз»-ро миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар санаи 12-уми майи соли 2023 баргузор намояд. 

Дар озмуни мазкур донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ метавонанд иштирок намоянд. 

Озмун аз рӯйи ду номинатсия баргузор мегардад: 

- асосҳои назариявӣ ва амалии барномасозӣ; 

- таҳияи лоиҳаи инноватсонии беҳтарин оид ба автоматикунонии зерсохторҳои МТОК. 


Ғолибони озмун дар вазъияти тантанавӣ бо диплом, мукофоти пулӣ ва ифтихорнома сарфароз гардонида мешаванд. 

Барои маълумоти иловагӣ бо телефонҳои 904-44-55-55, 93-463-40-40 муроҷиат намоед. 

Аз мутасаддиёни раёсати илми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ хоҳиш карда мешавад, ки рӯйхати иштирокчиёни озмунро то санаи 08.05.2023 ба суроғаи t.Ozmun2023@mail.ru ирсол намоянд.