Эълонҳо
Эълон
Раёсати илм ва инноватсия ба диққати магистрантони ДДМИТ мерасонад, ки санаи 22.02.2024 дар толори конфронсии донишгоҳ озмуни дохилидонишгоҳӣ таҳти унвони «Магистранти сол» баргузор мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд ширкат варзанд.
ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
Кори озмун дар асоси шартҳои зерин гузаронида мешавад:
- навиштани кори хаттӣ (бо забони давлатӣ), ки метавонад дар шакли эссе ё иншо бошад ва мавзуъҳои он аз ҷониби Кумитаи тадорукоти озмун муайян карда мешаванд;
- баҳогузории пешрафти корҳои илмӣ, таълимию методӣ, мақолаҳои илмии магистрант ва ғайра бо низоми садхола;
- пешниҳоди натиҷаҳои корҳои илмӣ, таълимию методӣ, мақолаҳои илмӣ ва ғайра аз ҷониби магистрант дар шакли рӯнамоии техники, албом ва амсоли он;
- суҳбат дар шакли саволу ҷавоб вобаста ба мавзуъҳои ихтисосӣ, масъалаҳои муқовимат бо ақидаҳои ифротӣ ва омилҳои номатлуб, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, забондонӣ, илмӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ғайра
Инчунин маълумоти муфассалро аз раёсати илм ва инноватсия ва шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дастрас карда метавонед.
Раёсати илм ва инноватсия ДДМИТ
Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ