Эълонҳо
Эълон
Ба диққати донишҷуён, магистрантон, докторантон (PhD), унвонҷӯён ва устодони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон расонида мешавад, ки аз санаи 26.03.2024 то санаи 28.03.2024 даври 1-уми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар донишгоҳ баргузор мегардад. Аз ин лиҳоз хоҳишмандон барои иштирок дар озмун метавонанд ба муовинони декан оид ба илми факултетҳо муроҷиат намоянд.
Озмун аз рӯйи шаш номинатсия баргузор мешавад:
1.Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
2.Адабиёти классикии тоҷик;
3.Адабиёти муосири тоҷик;
4.Адабиёти ҷаҳон;
5.Эҷоди назм;
6.Эҷоди наср.