Эълонҳо
Эълон
Донишҷӯён ва магистрантони муҳтарам ба таваҷҷуҳи шумо расонида мешавад, ки дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Олимпиадаи байналмилалии беҳтарии молиявӣ, ки аз ҷониби Росфинмониторинг, Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия гузаронида мешавад барои иштирок даъват менамоем.
Санаи баргузории Олимпиада:
12 апрели соли 2024 – даври донишгоҳии Олимпиада дар ДДМИТ.
30 сентябр - 04 октябри соли 2024 - финали Олимпиада дар қаламрави федералии «Сириус» (Сочи, Россия).
Иштироккунандагони Олимпиада
- Донишҷӯёни бакалавр (курсҳои 1-3), мутахассис (курсҳои 1-4) ва магистратура (курси 1) дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии Россия, Арманистон, Беларуссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва кишварҳои БРИКС таҳсил мекунанд.
Забонҳои кории Олимпиада:
русӣ, англисӣ.
Профили олимпиадаи «Беҳатарии молиявӣ»
Олимпиадаи амнияти молиявӣ барои донишҷӯён дар якчанд самт гузаронида мешавад:
Иқтисодиёт, молия ва қарз, беҳатарии иқтисодӣ;
Ҳуқуқшиносӣ;
Беҳатарии иттилоотӣ;
Муносибатҳои байналмилалӣ.
Ғолибони даври донишгоҳӣ ҳуқуқи иштирок дар даври ниҳоии Олимпиада, ки аз 30 сентябр то 04 октябри соли 2024 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор мегардад пайдо мекунанд.
Барои маълумоти иловагӣ ба Раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ муроҷиат намоед.
Шахси масъул: Худойбердиев Ҷахонгир, тел: 001990905