Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Истиқлолият ҷавҳари асосии зиндагист

Истиқлолият ҳамчун рукни бунёди озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давраҳо ҷузъи таркибии ҳастии миллати мо буд. Истиқлолият чеҳраи фарҳангии мардуми тоҷикро равшантар намуда, ҷилои тоза бахшид. Мустақилият орзуву ормони азалии ҳар миллату халқи сарфароз аст, ки аз оғози таърих тамоми муборизаҳо ва талошҳои башарият барои ба даст овардани он сурат гирифтааст. Халқи тоҷик дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ аз ҷониби бузургтарин чеҳраҳои сиёсату илм, маърифату ҷомеашиносии дунё ба ҳайси як миллати соҳибхирад ва ватандӯсту озодихоҳ эътирофу шинохта шудааст, ки дар тамоми марҳилаҳои тараққиву пешрафти ҷомеа барои озодӣ ва бунёди давлати соҳибистиқлоли худ пайгирона талош меварзад.
Бо шарофати истиқлолият Тоҷикистон ба маркази баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ табдил ёфт ва ташаббусҳои наҷибу пешниҳодҳои мушаххаси кишвари мо, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боиси афзудани эътибори ҷаҳонии он гардид. Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонд. Фақат дар давоми даҳсолаи охир ҳамкориҳои Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои болоравии мақоми давлати соҳибистиқлоламон дар арсаи байналхалқӣ пойдевори боэътимод гузоштаанд.
Мусаллам аст, ки 25 сол барои таърих он қадар муддати тӯлонӣ нест, вале дар ин муҳлати кӯтоҳ кишвари мо бо татбиқи сиёсати дурусти Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ тавонист дар тамоми соҳаҳо пешрав бошад. Дар ин муддати бисту панҷ сол халқи тоҷик неъматҳову сармояҳои муқаддасу муаззаме чун истиқлол, ифтихор ва сарфарозиро чашид.
Дар ин давра, пеш аз ҳама, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории аҳли ҷомеа боло гирифт ва истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки ҳар як нафар афроди ҷомеа битавонад Ватани худро муаррифӣ намояд. Бояд гуфт, ки ифтихори ватандорӣ дар ҳама давру замон пешаи миллати огоҳ ва соҳибони хоку замине будааст, ки насли ояндаи худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва некандешӣ тарбият менамуданд. Ватан тарбиятгари ҷавонон ва номи баланди шахси ватандор аст. Меҳвари асосии шинохти Ватан ва ифтихори ватандорӣ ин таълиму тарбияи дуруст дар ташаккули рӯҳияи ватандӯстӣ аст, ки мо онро бояд дар сатҳи бояду шояд ба роҳ монем.
Вазъи муташанниҷи авзои ҷаҳон ва зуҳуру фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ, ки бо кирдорҳои ваҳшиёна ва куштору ғорати мардум худро нишон доданд, барои ҷомеаи тоҷикон низ бетаъсир буда наметавонад. Зеро иштироки бархе аз ҷавонони ноогоҳи тоҷик дар сафҳои номуносибу номуқаддаси ин ҷамъияти ифротгаро нигаронкунанда буда, ҳар як фарди баору номусро намегузорад, ки бетараф бимонад. Чун ин ҷавонон дар мулки бегона барои ақидаҳои ғайру носолим ва ғайриинсонӣ меҷанганд, барои миллати тоҷик нанг буда, ин нафарон бадномкунандаи миллату Тоҷикистонанд. Онҳо ҳатто аз худ бегона шуда, барояшон мафҳуми модар, Ватан, оила ва дигар арзишҳои инсонӣ ҳеҷ қимате надорад. Майнаи сари онҳо ва сиришти онҳо бо ифроту тундравӣ пур шудааст, ки барои фарзанди инсонӣ бегона аст. Сабаби ба ин равияҳо пайвастани ҷавонон яке аз муаммоҳои доғи рӯз боқӣ мемонад. Чӣ чизе ва ё омиле онҳоро ба ин чоҳ кашид?
Аввалан, бесаводии диниву дунявӣ ва нофаҳмии арзишҳои инсонӣ, сарватталабӣ ва зудбоварию мавқеи устувор надоштан ин ҷавонони гумроҳро ба сӯи нобудӣ ва ҷаҳолату худкушӣ кашидааст. Ҳамчунин носипосиву ношукрии эшон аз сулҳу ваҳдати комили кишвар онҳоро ба кӯи номуродӣ бурд. Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки одатан аз гирдоби чунин муқовиматҳо ва нокомиҳо танҳо афроди худшиносу худогоҳ ва ватандӯст берун шуда, аз манфиатҳои миллии хеш ҳимоя карда метавонад.
Ифтихор аз Ватан доштан ва барои ободии он, баҳри беҳбудии оила ва маҳалли худ хизмате кардан аз оини ҷавонмардӣ ва хештаншиносист. Зеро бо ташаббусе, қадаме ва кори наҷибе хиште барои таҳкими пояҳои истиқлолият гузоштан ин худ нишони ватандӯстӣ ва худшиносист буда, шарти аввали хирадмандист.
Дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азиз ба як қатор дастовардҳои бунёдие ноил гардид, ки сарнавишти минбаъдаи давлати мустақиламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллӣ ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон буд.
Бе истиқлолияти комил, бе доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медиҳад.
Агар аз дастовардҳои даврони истиқлолият ёд оварем, мебинем, ки он чӣ қадар сершумору арзанда аст. Аз ҷумла дастовардҳо дар соҳаи маориф хеле назаррасанд. Аз рӯи нишондиҳандаҳои оморӣ дар ин давра дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 2254 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 474103 ҷойи нишаст бо маблағи умумии 2 млрд. 316 млн. 259 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Шумораи сохтмони мактабҳо дар соли 1992 17 адад ва дар соли 2015 200 ададро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 1992 11,7 маротиба зиёд мебошад. Кушодашавии филиалҳои макотиби олии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, ба воситаи ММТ назди Президенти ҶТ қабул шудани донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тариқи квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонону духтарони деҳот, компютерикунонии мактабҳо ва дигар дастовардҳоро метавон ном бурд, ки барои омода намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ ва бо муҳайё сохтани шароити беҳтарини таҳсил барои толибилмон ба наврасону ҷавонони тоҷик имкониятҳои бемаҳдуд пешниҳод гардидааст.
Бинобар ин ҷавононро мебояд аз ин имкониятҳо ба суди худ истифода бурда, омӯзанд, такмил ёбанд ва барои ободиву рушди кишвар саҳме гузошта бошанд ва аз сулҳу суботи кишвар ва ваҳдати миллии тоҷикон шукрона намуда, барои таҳкими иттиҳоду ҳамбастагӣ кӯшанд, зеро қувваи мо дар он аст.
Ҳамчунин муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият ин вазифаи давлат ва рисолати ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст.


Мастура Буриева, номзади илмҳои иқтисодӣ

мудири кафедраи омори ДМИТ