Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва рушди устувор

Рушди босуботи ҳар гуна низоми иқтисодӣ бидуни таваҷҷуҳ ба тағйирот дар бахши хусусӣ ғайриимкон аст. Сабаб он аст, ки дар иқтисоди бозорӣ соҳибкорӣ нақши муҳим дорад ва рушди он нишондиҳандаи муваффақияти ислоҳоти иқтисодӣ ба шумор рафта, ба рушди муҳити рақобатдори бозорӣ мусоидат мекунад.
Фаъолияти соҳибкорӣ дар беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ, шуғли аҳолӣ ва истеҳсолоти ватанӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Соҳибкорӣ ба навовариҳои илму техника, тағйироту талабот ва вазъи бозори ҷаҳониву минтақавӣ ба зудӣ мутобиқ шуда, дар ин замина ба роҳ мондани истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазирро таъмин менамояд.
Бо дарки амиқи ҳамаи ин омилҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳибкорӣ ва сармоягузориро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ эълон намудааст. Солҳои охир дар соҳаи пешбурди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя як силсила ислоҳот, ки ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва дахолат накардани давлат ба фаъолияти хоҷагидории субъектҳои соҳибкорӣ равона гардидаанд, анҷом дода шуд.
Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гадонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ, ки аз ҳадафҳои муҳими мо ба шумор меравад, чораҳои ҷиддӣ андешида шуда, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст. Аз лиҳози ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ ягон фарқи ҷиддӣ вуҷуд надорад.
Ҷиҳати таҳкими кафолати ҳимояи ҳуқуқии сармоягузорон ва устувор гардонидани фаъолияти сармоягузорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» қабул гардид. Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми солҳои 2009-2014 ислоҳоти низоми иҷозатдиҳиро гузаронид, ки дар натиҷа шумораи соҳаҳои иҷозатдошта, аз 805 то 86 адад кам карда шуда, низоми электронии пешниҳоди иҷозатҳо то 30 фоиз ба роҳ монда шуд.
Дар ин раванд бо Фармони Президенти мамлакат соли ҷорӣ ислоҳоти низоми иҷозатномадиҳӣ низ шурӯъ гардид, ки мақсади асосии он боз ҳам коҳиш додани номгӯи фаъолияти дар асоси иҷозатнома амалишаванда ва аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ барои фаъолияти босамари соҳибкорӣ мебошад.
Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзии имтиёзнок Фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шуд, ки то имрӯз аз ҳисоби буҷети давлат 133 миллион сомонӣ гузаронида шуда, маблағи он бояд то соли 2020 ба 1 миллиард сомонӣ расонида шавад.
Фонди мазкур аз оғози фаъолият то имрӯз ба 117 субъекти соҳибкорӣ бо фоизи паст дар ҳаҷми беш аз 95 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат ҷудо намудааст, ки 47 шаҳру ноҳияи кишварро фаро мегирад. Аз ҷониби соҳибкороне, ки тавассути ин фонд қарзҳои имтиёзнок гирифтаанд, тибқи нақшаҳои тиҷоратӣ таъсиси зиёда аз 2000 ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ шудааст.
Илова бар ин, соли 2015 ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорон бо маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 5 миллиард сомонӣ қарзҳои хурд додаанд, ки 1 миллиарди он ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон рост меояд. Қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон кафолатҳо ва имтиёзҳои зиёдро муқаррар намудааст, аз ҷумла дар доираи Кодекси андоз барои пешрафти соҳибкории хурду миёна беш аз 240 номгӯи имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд.
Танҳо соли 2014 маблағи умумии имтиёзҳои пешниҳодшуда 3,6 миллиард сомониро ташкил дода, соли 2015 он ба 4 миллиард сомонӣ расид, ки ин маблағҳо дар ихтиёри субъектҳои хоҷагидор, яъне соҳибкорон боқӣ мемонанд ва ба пешрафти фаъолияти онҳо мусоидат мекунанд.
Илова бар ин, дар даҳ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 5 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки он асосан ба соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва роҳсозӣ, саноату кишоварзӣ, рушди деҳот, алоқа, молия ва бонкдорӣ равона гардидаанд.
Таҷдиди хоҷагиҳои калони давлатӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба зиёдшавии шумораи он ва самаранок истифодабарии замин оварда расонид. Ҳамин аст, ки хоҷагиҳои фермерӣ соли 2015 нисбат ба соли 1991 74 маротиба зиёд гардиданд. Ин тадбирҳои андешидашуда тараққиёти воқеии маҷмӯи маҳсулоти кишоварзиро таъмин намуда, дар даҳ соли охир қариб 2 маротиба зиёд шудааст ва имрӯз ба ҳисоби миёна 23 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад.
Инчунин яке аз намудҳои рушдёфтаи соҳибкорӣ дар кишвар ин соҳибкории инфиродӣ мебошад, ки шумораи онҳо дар ҷамъбасти соли 2015 ба 243800 расидааст, ки нисбат ба соли 2010 2,6 маротиба зиёд мебошад.
Корхонаҳои хурд яке аз шаклҳои нисбатан рушдкунандаи иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, дар шароити мусоид фаъолият доранд. Ҳоло дар ин навъи корхонаҳо 28436 нафар кормандон фаъолият мекунанд. Агар ин нишондиҳандаҳоро дар минтақаҳои кишвар таҳлил намоем, мебинем, ки пойтахти кишвар пешсаф буда, дар шаҳри Душанбе миқдори онҳо ба 2832 корхона расидааст. Дар вилояти Суғд 1366 корхона ва НТҶ бошад, 716 корхонахои хурд амал мекунанд.
Шумораи корхонаҳои муштараки фаъолияткунанда дар ҷумҳурӣ низ дар ҳолати рушд мебошанд. Аз рӯи нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, ки дар соли 2015 миқдори он ба 221 корхона расидааст ва нисбат ба соли 2010 1,5 маротиба зиёд мебошад.
Дар натиҷаи роҳандозии сиёсати дастгирии соҳибкорӣ саҳми бахши хусусӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон сол ба сол афзуда, соли гузашта 67 фоизро ташкил дод. Истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳо аз рӯи шаклҳои моликият дар соли 2015 74,1%-ро ташкил медиҳад. Солҳои охир аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ як қатор корхонаҳои хурду бузург таъсис дода шудаанд, ки ҳоло фаъолияти пурсамар доранд. Акнун 65 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъолро бахши хусусӣ бо кор таъмин менамояд.
Хулоса, Тоҷикистон дорои имкониятҳои зиёди воқеӣ ва захиравии таъминкунандаи рушди устувор, аз қабили захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва оби тоза, канданиҳои зеризаминӣ ва маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати биологиву экологӣ тоза мебошад, ки истифодаи оқилонаи онҳо ба нафъи соҳибкорон ва давлат аст.


Баҳриддин МУЗАФФАРОВ
н.и.и., мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ