Мақолаҳо
Моҳияти тарбия дар осори бузургон
Ҳофизо, илму адаб варз, ки дар маҷлиси шоҳ,
Ҳар киро нест адаб, лоиқи суҳбат набувад.
Мафҳуми истилоҳи «тарбия» раванди таьсирбахши бонизом ва ҳадафнок, ба хотири аз лиҳози маънавӣ ва ҷисмонӣ ташаккул ёфтани шахсият, бо мақсади омода намудан ба фаъолияти иҷтимоӣ ва истеҳсолию фарҳангӣ нигаронида шудааст.
Тибқи «Консепсияи миллии тарбия» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи маънавию ахлоқӣ яке аз шаклҳои асосии тарбия маҳсуб меёбад ва ба ҳам зич алоқаманд буда, ҳамдигарро пурра мекунанд.
Тавре медонем, бузургтарин шоҳкории адабиёти ҷаҳонӣ, ифтихори тоҷикон ва тамоми форсизабонон «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ аз ситоиши хирад оғоз мегардад. Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз намудааст: «Тамоми осори гузаштагони моро аз «Авесто» сар карда, то Рӯдакию Фирдавсӣ, Мавлавию Хайём, Носири Хисрав ва Хоҷа Камол, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Сино, Сайидою Аҳмади Дониш ва садҳо дигар маҷмӯаи одобу ахлоқ номидан мумкин аст». Ниёгони мо аз даврони қадим ба таълиму тарбия аҳамияти бисёр медоданд. Хираду дониш ва одобу ахлоқ дар назди онҳо пурарзиштарин сифатҳои инсон ба шумор мерафт. Ба ақидаи эшон ҳар як инсон бояд донишандӯзӣ намояд ва адабро фаро гирад, то соҳиби сифатҳову кирдори нек гардад ва тавонад барои ҷомеа узви муфиде ба шумор равад.
Дар осори педагогии Ибни Сино тарбия мавқеи калонро ишғол мекунад. Ба ақидаи ӯ, тарбия на модарзодӣ, балки маҳсули муҳити иҷтимоӣ буда, дар рафти муомилоти байни одамон ташаккул меёбад ва бо ҳамин ӯ тағйирнопазирии ахлоқро рад мекунад.
Касе, ки мехоҳад дар ахлоқи худ ислоҳ бинад, бояд аз ахлоқ ва рафтори мардум огоҳ шуда, онро ба ахлоқ ва рафтори худ муқоиса намояд. Дар тарбияи ахлоқӣ ӯ ҳолати руҳии одамро мавқеи асосӣ ҳисобидааст. Ба ақидаи Сино, тарбияи ахлоқӣ ба тарбияи нафс алоқаи зич дорад. Инсоният бидуни ахлоқ вуҷуд дошта наметавонад. Ӯ таъкид мекунад, ки тарбияи муттасили инсон бояд аз синни шашсолагӣ оғоз ёбад. Вай тарафдори тарбияи коллективӣ буд, зеро агар кӯдак ҳамдарс, ҳамсуҳбат надошта бошад, ин боиси ранҷиши хотири ӯ мегардад.
Аз замоне ки инсон ҳамчун мавҷуди дорои фикр, андеша ва хираду тафаккур намудан арзи вуҷуд кардааст, тарбияи одобу ахлоқ яке аз мавзӯъҳои муҳимми ӯ будаанд. Ва ин табиист, зеро таълиму тарбия дар руҳияи одобу ахлоқи нек муҳимтарин омили саодату камоли одамӣ ва ҷомеаи инсонӣст. Дар тамаддуни башарӣ назари халқи тоҷик бисёр намоён аст, ки бузургонаш ҳама қисматҳои бузурге аз осори худро ба панду насиҳат дар боби ростӣ ва дурустӣ, некуӣ ва некукорӣ, адлу инсоф, беозорӣ, эҳсон ва мурувват, дӯстию рафоқат, ҳифзи обрӯй ва мавқеи инсонӣ бахшидаанд.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар асари худ «Панд ба фарзанд» таъкид намудааст:
Нахуст аз касби дониш баҳравар шав,
Зи ҷаҳлободи нодонӣ бадар шав.
Шоир ҳунарро беҳтарин мояи ҳар мард шуморида, онро аз ҳама боигарию ганҷи дунё боло донистааст.
Қимати мард на аз симу зар аст,
Қимати мард ба илму ҳунар аст.
Тарбияи маънавии ҷавонон баъд аз оила бори муассисаи таълимӣ гардида, он тадриҷан мураккаб мегардад. Дар ин марҳила дар шароити имрӯза волидайнро мебояд дар ҳамкории зич бо мактаб фарзандро ҳидоят намоянд. Саъдии бузургвор фармудааст:
Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омӯзу рой.
Ки гар ақлу раият набошад басе,
Бимирию аз ту намонад касе.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз мутафаккирони бузурги Шарқ буда, дар инкишофи илму адаб, фалсафаю ҳикмати асрҳои XIV-XV-и Машриқзамин саҳми босазо гузоштааст. Яке аз асарҳои ӯ «Захират-ул-мулук» муҳимтарин ва маъруфтарин асари ин орифи бузург мебошад. Ин асар аз 10 боб иборат буда, ҳар боб ба мавзӯъҳои алоҳида бахшида шудааст. Ӯ нақши падару модар ва устодро дар тарбияи фарзанд муҳим дониста, таъкид мекунад, ки онҳо бояд аз аҳли хайр ва салоҳ бошанд, то ин ки таъсири неки худро ба ӯ гузоранд.
«Эй азиз, бидон, ки фарзанд амонати ҳақ аст назди модар ва падар ва мутолибаи ҳуқуқи ин амонат дар маҷмаи қиёмат хоҳад буд ва вуҷуди ин амонат ҷомеи нақоис ва камолотро қобил аст ва ҷавҳари ҳақиқат ӯро ба ҳарчӣ моил диҳанд, бад-он моил гардад. Агар модар, падар ва устод ва муаллими ӯ аз аҳли хайр ва салоҳ бошанд, осори салоҳи эшон дар вай росих гардад ва издиёти илм ва тақво соҷиаи ӯ шавад ва некбахти ду ҷаҳон шавад ва ҳам падару модар ва ҳам устоду муаллими ӯ дар савоби ӯ шарик шаванд. Ва агар модар, падар ва устоду мураббии ӯ фосиқ ва ғофил ва ҷоҳил бошанд, осори зулмати фисқ ва зулм ва фитна ва уҷб ва кибр табъи ӯ шавад ва бадбахти ду ҷаҳон гардад».
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таъкид мекунад, ки ба тарбияи фарзанд аз хурдӣ бояд машғул шуд. Ӯ луқмаи ҳалолро дар тарбияи фарзанд муҳим мешуморад.
Хулоса, дар тамоми осори пурмуҳтавои мутафаккирони классики форсу тоҷик ақидаи меҳнатдӯстӣ, саховатмандӣ, инсонгароӣ, раиятпарварӣ, накукорӣ, мардонагӣ, озодандешӣ ва амсоли ин мавқеи муҳимро бозидааст. Мутафаккирон- устодони рӯзгори гузашта ва имрӯз барои ба даст овардани сифатҳои волои инсонӣ, пеш аз ҳама дониш, андӯхтану тарбияи дуруст доштанро дар мадди аввал мегузоштанд, ки дар айни замон аз таҷрибаи рӯзгори онҳо муосирин истифода мебаранд. Осори безаволи ин пирони хирадро қадр карда, дар рӯзгори имрӯза истифода бояд бурд.
Зулфия Ахмедова
муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ