Мақолаҳо
Конститутсия - эътимодномаи муносиботи байналмилалии Тоҷикистон
Миллати тоҷик 6 ноябри соли равон 22-юмин солгарди аввалин қонуни асосии давлати мустақил ва соҳибихтиёри тавассути раъйпурсии умумимиллӣ қабулгардидаи худро таҷлил менамояд. Таҷлили солгарди навбатии санади мазкур ба ҳар як бошандаи огоҳи кишвар, бешубҳа, аз муҳимтарин идҳо ба шумор меравад, зеро танҳо Конститутсия, ки дар он орзуву омоли асринаҳои миллатамон инъикос гардидаанд, заминагузори ҳама қонунҳои ҳам давлати муосирсоз ва ҳам таъминкунандаи ҳуқуқ ва озодиҳои мардум маҳсуб меёбад.
Таҳлили муқаррароти Конститутсия аз он шаҳодат медиҳад, ки асоси ақидатӣ, мафкуравии онро либерализм ташкил медиҳад ва дар маркази таваҷҷуҳаш инсон ва аносири таъминкунандаи ҳаёти шоистаи он меистад. Конститутсия, сарфи назар аз он, ки Тоҷикистон давлати тозабунёд, таҷрибаи зиёди давлатдорӣ надорад, вале арзишҳоеро дар худ шомил кардааст, ки онҳо ифодакунандагони масъулияти хеле ҷиддии фаъолияти ҳокимияти сиёсиро тақозо мекунанд. Агар ба амалияи давлатдории конститутсионии 22-солаамон назар афканем, ба рўшанӣ маълумамон мегардад, ки ҳокимияти сиёсии кишвар дар иртиботи зич бо шаҳрвандонаш тадриҷан ва пайваста ҳамаи он арзишҳои ба қонуни асосӣ воридкардаашро муваффақона татбиқ карда истодааст.
Таърихи ташаккули мафкураҳои гуногун, ки дар онҳо манофеи табақоти мухталифи ҷомеа инъикос мегарданд, аз сари худ таҷрибаи тўлонимуддатро гузаронидаанд. Амалияи раванди таърихи ҷомеаи башарӣ, ки он ягона меъёри муайянкунандаи ҳақиқат ба шумор меравад, дурустии мафкураи либерализмро дар ҷомеасозии муосир исбот кардааст ва аксарияти давлатҳои ҷаҳони низоми сиёсии таъминкунандаи озодии инсон аз гирифториҳои субъективонаи маҳдудкунандаи эҷод ва созандагӣ, давлатсозии худро бар асоси ҳамин мафкура интихоб кардаанд. Тоҷикистон низ ба қатори давлатҳои мазкур дохил мешавад ва дар сархати қонуни асосиаш миллати тоҷикро ҳамчун «қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон» арзёбӣ намудааст. Маънии ифодаи мазкур аз он иборат аст, ки кишвари мо бо эътибори муқаддас донистани озодӣ ва ҳуқуқи инсон, таъмини баробарҳуқуқӣ ва дўстии ҳама миллатҳо ва умумиятҳои этникӣ, бунёди ҷомеаи адолатпеша ба раванди муосири таърих ворид шудааст ва татбиқи бетаҳрифи ин арзишҳоро вазифаи асосии худ мешуморад.
Тоҷикистон дар сиёсати дохилии худ яке аз мабдаъҳои омолии мардум, ки бунёди давлати иҷтимоӣ, яъне фароҳамоварандаи шароити мусоиди зиндагии арзанда ва рушди озодонаро дар назар дорад, ҳамчун самти меҳварӣ интихоб намудааст ва онро пайваста дар ҳаёт татбиқ карда истодааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қонуни асосии давлат дар қатори чунин арзишҳо, ба мисли озодии инсон, баробарҳуқуқии ҳама аъзои ҷомеа, сарфи назар аз миллату нажод, фарҳангу мазоҳиб, арзишҳои фитриву табиии инсон, ки ба онҳо ҳаёт, қадру қимат, номусу шарафи он дохил мешаванд, дахолатнопазир эълом дошта, онҳоро риоя ва ҳифз менамояд. Барои хонандаи гиромӣ арз ва хотирнишон менамоем, ки нухбагони илми сиёсат, аз ҷумла Гуго Гротсий, дар асри XVI, бо тамоми ҷиддияти таҳлили илмӣ, навишта буд: ҳуқуқи табиии инсон «наметавонад ҳатто аз тарафи Худо ҳам бошад тағйир дода шавад». Чунон ки мебинем ин мавзўъ низ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси муносиби худро ёфтааст.
Дар қатори истифодаи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони русӣ ба сифати забони муоширати байни миллатҳо, истифодаи озодонаи забонҳои тамоми умумиятҳои этникии сокини Тоҷикистон, озодии виҷдон, ки аз озодона иҷро кардани эътиқодоти мазҳабиву диниро дар назар дорад, низ ба муқаррароти қонуни асосии давлат ворид гардидаанд, ки татбиқи онҳо кафолат дода мешавад.
Яке аз муҳимтарин рукнҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми муқаррароти ҳатмии қонуни асосӣ дохил карда шудан ва эътироф гардидани халқи Тоҷикистон ҳамчун «баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ» ба шумор меравад, ки мардум ин ҳаққи худро тавассути раъйпурсиҳои умумӣ ва интихоботи озоди саривақтӣ баргузоргарданда татбиқ карда метавонад.
Бояд қайд кард, ки нухбагону зубдагони миллатҳои пешрафтаи Аврупо, ба мисли Ҷон Локк, Шарл Луи Монтескё ва ғайра ҳоло чаҳор аср муқаддам доир ба яке аз умдатарин рукнҳои давлатсозии муосир, ки тақсимбандии бахшҳои ҳокимиятро тақозо мекунад, талош мекарданд. Натиҷаи чунин талошҳо буд, ки минбаъд давлатҳои аврупоӣ онро дар ҳаёти давлатдории худ татбиқ карданд. Ҳатто чунин давлатҳои консервативӣ, ба мисли Британияи Кабир баъди дарки зарурати татбиқи чунин тақсимбандии ҳокимияти сиёсӣ низоми подшоҳии мутлақияти томи худро ба подшоҳии конститутсионӣ табдил дод, то ин ки имконияти тақсимбандӣ кардани ҳокимияти сиёсӣ имконпазир гардад.
Ҳоло дар тамоми давлатҳои низоми демократисози ҷаҳон ҳокимияти сиёсӣ ба ҳокимиятҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсимбандӣ шудааст, ки он заминаи сиёсии рушди бояду шояди давлатсозии муосирро таъмин менамояд ва чунин давлатҳо, дар раванди рушди худ, ба дараҷаҳои баланди давлатдорӣ расидаанд.
Бо эътибори ин амалияи хуби давлатдорӣ Конститутсияи Тоҷикистон низ чунин рукни муҳимро ба ҳукми муқаррароти қонуни асосиаш ворид кардааст, ки мувофиқи он ҳокимияти сиёсии давлат ба ҳокимиятҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсимбандӣ шудаааст. Ин амалия, аз як тараф, имконияти ташаккули тартиботи худкомагӣ ва томравоиро маҳдуд менамояд ва, аз тарафи дигар, татбиқи равандҳои ҳокимияти халқӣ-демократӣ ва рушди пайвастаи онро имкопазир мегардонад.
Бо иктифои навиштаҳои мухтасар дар бораи фазилатҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд собит кард, ки ҳама арзишҳои муосири муайянкунандаи сиёсати дохилии кишвар ба тарҳрезӣ ва татбиқи сиёсати хориҷии он бетаъсир буда наметавонад, зеро сиёсати хориҷӣ, чунон ки маълум аст, идомаи ҳамон сиёсати дохилӣ ва такмилдиҳандаи он маҳсуб меёбад.
Азбаски мафкураи либерализм ҳамчун заминаи меҳварии муайянкунандаи самтҳои сиёсати дохилии кишвар ба шумор меравад, чунин меъёр муайянкунандаи самтҳои муносиботи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муқаррар карда шудааст. Дар ҳамин замина Тоҷикистон, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ, сиёсати сулҳҷўёна татбиқ карда истодааст, ибтикороти зиёд баҳри таъмини сулҳу истиқрор чӣ дар минтақа ва чӣ дар оламро ба манзури созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла даъватҳо ба сулҳу истиқрор дар Афғонистон, кишварҳои Шарқи исломӣ, гузоштааст.
Мусаллам аст, ки яке аз масъалаҳои муҳимтарини таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ ба таъмини аҳолии ҷаҳон бо маводи ғизо ва оби ошомиданӣ иртибот дорад. Дар ин бора басанда мебуд, то ибтикороти хусусияти умумиҷаҳонидоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаи таъмини аҳолии ҷаҳон ба оби ошомиданӣ, аз ҷумла соли 2003 «Соли оби тоза», даҳсолаи (2005-2015) байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», «Об барои рушди устувор», ки доир ба татбиқи онҳо ҳам дар Душанбе ва ҳам дар пойтахтҳои кишварҳои дигари ҷаҳон як қатор конфронсҳо ва тадбирҳои дигари байналмилалӣ гузаронида шуданд, ёдовар шавем.
Дигар он ки Тоҷикистон муқаррароти қонуни асосии худро ба қоида ва меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ мутобиқ кардааст ва чунин собит кардааст: «Санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд». Ин муқаррарот аз исботи конститутсионии ифодакунандаи мафкураи либерализми таъминкунандаи асоси назариявии қонуни асосии кишварамон шаҳодат медиҳад.
Ҳама арзишҳо ва муқаррароти конститутсионие, ки дар боло овардем ва тафсир кардем, ба Тоҷикистон имконият фароҳам овардааст, то тавонад муносибатҳои гуногунсоҳаи дуҷониба ва чандҷонибаи худро бо бисёр кишварҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавии ҷаҳон барқарор намояд, рушд бахшад ва, на танҳо ба иштирокчӣ, балки ба яке аз бозингарони фаъоли муносиботи байналмилалӣ табдил ёбад.
Бино бар навиштаҳои мазкур, ки аз диди таҳлилоти илмӣ бармеоянд, метавон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътимодномаи муносиботи байналмилалӣ низ номид.
Ғуломҷон Мирзоев
дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ