Мақолаҳо
Нақши Президент дар инкишоф ва рушди иқтисод
Ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои ҷомеаи мо дар давраи 25 соли истиқлолият бевосита бо фаъолияти созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи амиқ ва судманд дорад. Бояд қайд намуд, ки таҳаввулоти иқтисодии анҷомдодаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон дар бисёр асарҳои илмӣ аз мавқеъ ва диди назариявии давраи гузариш аз иқтисоди планӣ ба иқтисоди бозорӣ арзёбӣ шудаанд. Айёми гузариш барои давлати навини мо хеле вазнину сахт ва мушкил буд. Агар соли 1991 истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 1990 6% кам шуда бошад, пас соли 1992 якбора қариб 40% поён рафта буд. Тамоми соҳаҳои иқтисодиёт тамоюли поёнравӣ дошт. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, истеъмолӣ, кишоварзӣ зиёда аз 70 фоизи нишондиҳандаи соли 1991-ро ташкил медод. Чуноне ки аз таърихи иқтисоди миллии кишварҳои гуногун огоҳ ҳастем, барқарорсозии истифодаи захираҳои меҳнатӣ ва мутаносибан амалисозии ҳуқуқи конститутсионӣ – яъне, ҳуқуқ ба меҳнати шоиста ҳамеша ҷанбаи дарозмуҳлатро дорад. Маҳз барои ҳамин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доимо ба масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ чун яке аз самтҳои муҳимми амалисозии ҳуқуқи конститутсионӣ ба меҳнат таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд, ки имрӯз натиҷаҳои назарраси он арзёбӣ мегардад.
Вобаста ба ин як қатор қонунҳо барои афзалият бахшидан ба иқтисодиёти мамлакат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Аз ҷумла «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи буҷети давлатӣ», «Дар бораи индексатсияи даромадҳо», «Дар бораи фаъолияти иқтисодиёти берунӣ», «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ», «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи муҳоҷират» ва ғайраҳо. Имрӯз дар иқтисодиёти мамлакат тамоми шаклҳои моликият ва аз он ҷумла моликияти шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳуқуқи фаъолиятро пайдо намудаанд. Яъне, ниҳоди ҳуқуқи моликияти хусусӣ ҳамчун ниҳоди муҳим ва пояи иқтисодӣ-бозорӣ бунёд шуд. Ба туфайлӣ иродаи қавии сиёсии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи фаъоли шаклгирӣ ва рушди асосҳои иқтисодиёти конститутсионии бозоргонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҷанбаи комилан нави сифатиро ба худ гирифт.
Дар роҳи татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола Стратегияи миллии рушд барои то соли 2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 ва 2010-2012 ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 қабул гардида, ба иҷро расиданд. Дар давраи амалисозии стратегияҳои мазкур камбизоатӣ тақрибан 2 маротиба коҳиш ёфт ва рушди иқтисодии устувор таъмин гардид. Яке аз воситаҳои таъсирбахш дар рушди иқтисодиёти мамлакат ин фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади ҳалли масъалаҳои мубрами соҳибкориву сармоягузорӣ, ҷиҳати таҳкими заминаҳои сохторӣ ва ҳуқуқии рушди соҳибкорӣ тадбирҳо амалӣ гардида, мулоқоту вохӯриҳои мунтазами Пешвои миллат бо соҳибкорону сармоягузорон ба ҳукми анъана даромад ва форумҳои соҳибкориву сармоягузорӣ бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат гузаронида мешавад.
Яке аз қадамҳои муҳим дар самти густариши муносибатҳои байни давлат ва бахши хусусӣ ин таъсиси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ буда, баррасии рӯ ба рӯи масъалаҳо бо соҳибкорон ва сармоягузорон, ҷалби онҳо ба раванди ислоҳот, аз ҷумла таҳия, қабул ва татбиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи олӣ аз иродаи қавии Президенти мамлакат нисбати дастгирии соҳибкорону сармоягузорон шаҳодат медиҳад. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин дам 16 ҷаласаи Шӯро баргузор шудааст, ки ин навовариҳо дар ислоҳоти низоми фаъолият дар соҳаҳо ва бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёт мебошад. Ҳанӯз соли 1996 Президенти кишварамон чунин изҳор намуда буданд: «Ислоҳоти куллии иқтисодӣ дар Тоҷикистон роҳи бебозгашт аст».
Ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ, аз он ҷумла, таҳия ва мавриди амал қарор додани барномаҳои компютерӣ дар сатҳи ҳукумат ва мақомоти гуногун, аз ҷумла молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва ғайра, ки тибқи дастуру роҳнамоиҳои Президенти мамлакат дар доираи ташкил намудани ҳукумати электронӣ роҳандозӣ мегардад, яке аз роҳҳои таъмини шаффофияти фаъолияти соҳа, мусоидат намудан ба иҷрои уҳдадориҳо ва дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани хизматрасонӣ ба аҳолии мамлакат мебошад.
Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи худ таъкид намуда буданд, ки дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 чор ҳадафи миллии эълонкардаамон: дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини шуғли босамар ҳамчунон вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонанд ва мо азми қатъӣ дорем, ки дар ояндаи наздиктарин иҷрои онҳоро таъмин намоем.
Тазаккур бояд дод, ки нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул, инноватсия ва рушди иқтисод назаррас буда, барои баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ равона карда шудааст.
Ашуров Ғ.М., муовини ректор оид ба илм