Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Президенти мардумӣ

ShI250.jpgДар тӯли таърих тоҷикон шаҳди давлату давлатдорӣ, тамаддуну фарҳангофариро бисёр чашида, аммо шикасту заволро низ зиёд дидаанд. Дар ин росто, гирдоби балое, ки дар охирҳои садаи ХХ давлати навини тоҷиконро домангир шуд, дар ҳақиқат, бақои онро зери суол бурд.
Дар ин ҳангом Офаридгор ба бахти мардуми тоҷик омадани фарзанди содиқу вафодор, матин ва далеру номбардор – Эмомалӣ Раҳмонро муносиб донист. Тавассути хирад, шуҷоату ҷонбозиҳои ӯ марзу буми кишвар аз вартаи нестиву ҳалокат эмин монда, рукнҳои фалаҷшудаи давлатдорӣ эҳё гардид, мардуми овораву саргашта ба Ватан бозгардонида шуд, ваҳдату ҳусни тафоҳум дар ҷомеа барқарор гардид. Бо ташаббуси ин марди хирад аркони давлатдории муосири миллӣ дар кишвар пайрезӣ гардид, рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин ва се ҳадафи стратегӣ рӯи кор омад, ки ҳоло ба бахти мардуми тоҷик амалӣ мегарданд.
Фаъолияти сиёсӣ ва давлатии Пешвои номвари мо, абармарди таърих Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз ташаккул ва устувории Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Корномаи сиёсии ӯ бо мафҳуми конститутсия аз оғоз пайванди ногусастанӣ дошта, аввалин қадамҳо ба арсаи сиёсати бузург маҳз бо ҳамин маром, яъне «барқарории ҳокимияти конститутсионӣ» гузошта шуданд.
Барои ба даст овардани чунин Конститутсияи комилу устувор миллат ва давлати мо роҳи басо душвор ва печидаеро пушти сар кард, ки ҳар як қадами он моҳияти таърихӣ ва аҳамияти тақдирсоз дошт. Талош ва ташаббуси Президенти кишвар барои таҳия ва қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва фаъолияти минбаъдаи ӯ барои такмил ва татбиқи амалии ин санади таърихӣ худ як корномаи бузург аст. Танҳо ҳамин хизмати ин шахсият кофист, ки ӯро ҳамчун поягузори ҳуқуқии давлати навини тоҷикон эътироф намоем.
Бояд ёдовар шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯ ба рӯ буд. Дар ин вазъи нобасомон, табиист, ки рисолати асосии Пешво – ба созиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар асоси ғояҳои нав, арзишҳо ва идеалҳои миллӣ буд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, дар навбати аввал, бо таҳаммул ва ташхиси саҳеҳи воқеиятҳо дар пайи гуфтушунид бо роҳбарони давлатҳои дахлдор дар қазияи ҷанги кишвари мо шуд, бо гурӯҳҳо ва неруҳои мухталиф ва ҷангандаи дохилӣ рӯ ба рӯ ва музокира кард, сулҳ баст ва роҳро барои эҷоди сулҳ боз намуд. Имрӯз, бидуни истисно, тамоми аъзои ҷомеа эътироф мекунанд, ки барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар мамлакат аз бузургтарин хидматҳои Пешвои миллии мост, хидмате, ки бо шарофати он Истиқлолияти Тоҷикистон устувор ва амнияти мардуми кишвар таъмин шудааст.
Барномарезиҳои оқилонаи Президент дар густариши фазои демократӣ, ки бо қолабшиканиҳои ҷасурона дар низоми иҷтимоиву сиёсӣ ҷараён мегирифт ва ҳамвора такмил мепазируфт, паёмади суботи беназир дар иродати сиёсӣ, неруи азими маънавӣ, тамкин ва таҳаммул бар асоси адлу хирад буданд, ки гардиши айём ҳақиқияташро ба исбот расонид.
Асл ва асоси пирӯзиҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои олии миллӣ ва барномарезиҳои дақиқу созандаи ӯст, ки бо неруи иродати бузург дар сатҳи сиёсати давлатӣ барои эҳёи иқтидори маънавии тоҷикон ҳама васила ва заминаҳоро муҳайё сохт. Ҳамин сиёсати хирадмандона ҷомеаро аз буҳрони амиқи сиёсӣ берун овард, бо татбиқи ислоҳоти конститутсионӣ ва поягузориву такмили ҳокимияти давлатӣ дар саросари кишвар низоми собит ва фазои мусоидро устувор намуд, ки он сарчашмаи ҳамаи бунёдкориҳо, тараққиёт ва сарсабзиҳои кишвари мост.
Пешвои миллат ҳамчун кафили адолат, қонунмандӣ ва тартибот бо ҳифзи амнияти шаҳрвандон аз худсариҳои бюрократия, қонуншиканиҳо, ҳимояти ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон фазои муносиби эҷоди қонун ва риояти онро устувор намуд. Раванди мазкур дар шароити гузариш аз ҷомеаи тоталитарӣ ба бунёди асосҳои ҷомеаи демократӣ, дар ҳоле ки ниҳодҳои ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар роҳи камолот қадам мебардоранд, хеле корсозу муассир хоҳад буд.
Миллати тоҷик дар марҳалаи басо ҳассоси таърихӣ симои Пешвои худро дар шахсияте дид, ки ӯ аз қалби мардум бархоста ва бо садоқати беназир ба халқ ва ба ин марзу бум дар замони бениҳоят мураккаби гузариш рисолати пурмасъулиятро ба дӯш гирифта аст. Дар замоне, ки касе ба як соати ояндаи зиндагӣ бовар надошт, дар шароите, ки модар баргаштани фарзанд ва зан шавҳари барои нон ба мағоза рафтаашро бо сад гумону хаёл интизорӣ мекашид, дар лаҳзаҳое, ки садои тиру туфанг нолаи модарону гиряи кӯдаконро пахш карда буд, дар он рӯзгоре, ки адлу инсоф, дӯстию муҳаббат, садоқату ҳақиқатро беинсофию нобаробарӣ, хиёнату чоплусӣ, номардию туҳмат гулӯгир намуда буд, ӯ масъулияти роҳбариро бар дӯш гирифта, умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат дар дили мардум ҷо кард. 
Ӯ баъд аз 23 рӯзи савганди таърихиаш, моҳи декабри соли 1992, дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Ӯ аз рӯзи ин қасами худ то 27 июни соли 1997, яъне то расидан ба ваҳдати миллӣ ва суханронии таърихӣ ба муносибати имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 21 бор гуфтушунид ташкил намуда, 7 маротиба дар муколамаҳо шахсан ширкат доштааст.
Сарвари давлат на танҳо ба қасамаш содиқ, балки барои иҷрои он фидокорона кӯшиш ба харҷ дода, ин вазифаи муқаддаси худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш насохт. Ӯ ҳамчун Сарвари давлат то расидан ба ваҳдати миллӣ оромиро эҳсос намекард, рӯҳаш барои зиндагии ноороми кишвар, сӯхтану бетартибиҳои яроқбадастон азият мекашиду қалбаш ба аҳволи мардуми фирорӣ месӯхт. Дар чунин як ҳолати тоқатфарсо пайваста ба мардуми фирорӣ мегуфт: «Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем». Бо чӣ гуна дард ва бо чӣ самимият гуфта мешуданд, ин суханҳо. Ҳамин самимият ва муҳаббат буд, ки як миллион гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ ба ҷойи зисти аввала баргардонида шуд, 36 ҳазор манзили тамоман ва ё қисман харобгашта дар як муддати кӯтоҳ барқарор гардид.
Бояд тазаккур дод, ки феълан барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Мисоли он баста шудани маҷрои дарёи Вахш буд ва ин қадамест барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ки далолат аз заҳмату талошҳои Президенти кишварамон медиҳад. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона ва башардӯстонаи худ барои мардуми кишвар ғамхорӣ менамоянд. То имрӯз дар Тоҷикистон роҳҳову пулҳои мошингузар, нақбҳо ва иншооти гидроэнергетикӣ бунёд шудаанд, ки аксари онҳо аҳамияти минтақавӣ доранд ва ба манфиати Тоҷикистону кишварҳои ҳамсоя равона гардидаанд. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат, қаҳрамон аст, қаҳрамоне, ки ният ва маромаш оромии ҳар хонадон ва мардуми Тоҷикистон мебошад. Ва имрӯз ба шарофати сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистони маҳбуби мо барои амалӣ гардидани ҳадафи олии сиёсати давлатӣ – фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум устуворона ба пеш қадам мениҳад.


Шавкат Исмоилов, профессори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ