Мақолаҳо
Муқаддастарин ливои давлатдорӣ
Ҳар як миллати соҳибдавлат дорои рамзу нишон ва дигар меъёрҳои давлатдорӣ мебошад. Ин аломатҳо ифодагари хусусиятҳои хоси давлатдорӣ буда, барои наслҳо ва фарзандони халқу миллатҳо мояи ифтихор ва эҳтироми абадӣ мегардад.
Инсоният дар таърихи тӯлонии хеш вобаста ба вазъу ҳоҷатҳои гуногун ва печида ба ҳадафҳояш рамзҳои зиёдеро эҷод намудааст. Парчам низ аз зумраи он рамзҳост. Имрӯз ҳеҷ як давлатро бе парчам тасаввур кардан ғайриимкон аст. Парчам ҳамчун рамз таърихи хеле қадима дорад. Исботи ин ақида аз забони бостонии ориёӣ ба вуҷуд омадани мафҳумҳои «парчам» ва «дирафш» ба шумор меравад. Масалан истилоҳи «парчам» аз вожаи забони суғдии «parcam» сарчашма гирифта, ба маънои овеза ё алам омадааст. Умуман, пайдоиши парчам таърихи беш аз 3-3,5-ҳазорсола дорад ва нахустин маротиба дар Эрони аҳди бостон, Чин ва Мисри қадим пайдо гардидааст.
«Чаҳорумин сарзамину кишвари неке, ки ман - Аҳуромаздо офаридаам, Балхи зебои афроштадирафш буд» - омадааст дар қисмати Видевдати китоби муқаддаси Авасто. Худи ҳамин навишта нишоне аз бостонияти парчаму парчамдорист. Вобаста ба парчамдории давлатҳои абарқудрати ниёгони мо, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишони қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишони равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».
Парчамро дар аҳди бостон сипоҳиён бо худ дар ҳоли лашкаркашӣ бардошта мегаштанд, зеро он чун рамзи нерӯю тавоноӣ, лашкаркашию кишваркушоӣ пазируфта шуда буд. Таърихи инсоният собит намудааст, ки дар вақти ҷангҳо ҳар лашкар парчами афрохтаи худро доштааст. Ҷилвагарии парчам нишони зафар ва дидани он қуввати дили размандагон ба шумор мерафт. Барои дар сафи пеши лашкар устувор доштани парчам сипоҳии далеру нерӯманде интихоб карда мешуд, ки ӯро аламдор, аламбардор, яъне парчамдор меномиданд.
Тарҳи аввалин парчами сипоҳиёни ориёӣ, яъне суғдиён ва бохтариён дар деворанигораҳои шаҳрҳои Помпеи Рум (асрҳои 2-1 то милод) тасвир гардидааст. Дар он саҳнаи муҳорибаи сипоҳи давлати Ҳахоманишиён зери сарварии Дорои III бо лашкари Искандар дар соли 333 то милод акс ёфтааст. Ҳамин гуна тасвирҳоро бостоншиносон аз деворнигораҳои шаҳри бостонии Панҷакент (асри 7) низ дарёфт кардаанд.
Дар минютураи асрҳои миёнагие, ки дар ашъори шоирони классик ҷой доранд, тасвири парчам зиёд ба чашм мерасад. Масалан дар «Шоҳнома» дар болои тоскӯлоҳи сарбозон парчамҳои сегӯшаи рангашон сурху зард тасвир шудааст ва бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» ёд мешавад. Дирафши Ковиёнӣаз забони паҳлавии дирафш гирифта шуда, маънои алам, ливо, роят, байрақро ифода менамояд, ки дирафши мардумӣ ва давлатии шоҳони қадими Эронзамин маҳсуб меёфт. Ин парчам, яъне Дирафши Ковиёнӣ аввалин дирафшиаҷдодии тоҷикон, ливои бузурги шоҳони Каёнӣ, Ҳахоманишӣ, Ашконӣ ва Сосонӣ буд, ки мувофиқи ривоёт аз замони Фаридун вуҷуд доштааст. Агарчи ибтидои зуҳури он асотирӣ аст, вале мавҷудияташ дар поёни давраи Ҳахоманишиён то соли 632 комилан собит шудааст. Дирафши Ковиёнӣ беш аз ҳазор сол то зуҳури ислом муқаддастарин ливои давлатдории эронитаборон будааст.
Дар бораи Дирафши Ковиёнӣ муаррихи асримиёнагӣ Ибни Асирменависад: «(Кова) шӯриш кард. Кова чӯберо баргирифт ва чармеро, ки бо худ дошт бар сараш овезон кард. Баъд инро монанди парчаме барафрохт ва мардумро барои пайкор бо Беваросб (Заҳҳок) ва чира шудан бар ӯ фаро хонд...
Кова бо ёрии эшон бар ӯ даст ёфт ва ҳангоме, ки бар ӯ чира шуд, мардум ин пирӯзиро аз баракати он парчам донистанд ва онро ба фол нек гирифтанд ва гиромӣ шумурданд ва дар бузургдошти он кӯшиданд, то ҷое, ки ин парчам дар назди подшоҳони Эрон бузургтарин парчаме шуд, ки аз он хайру баракат меҷӯстанд ва онро «Дирафши Ковиён» номиданд».
Муаррихи тавонои дигар Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ дар асари машҳураш «Таърих-ар-расул вал мулук» менигорад: ”Фаридун 20 сол ҳамроҳи Кова буд ва пас аз марги ӯ тамоми дороиашро ба фарзандонаш бахшид, аммо дирафшро дар хазинаи давлат ҳамчун рамзи пирӯзӣ нигоҳ медошт ва ба ҳар ҳарбе, ки мерафт онро бо худ мебурд, то зафар ёбад”.
Дар «Бурҳони қотеъ» омадааст: “...дар ҳар ҷанг, ки Дирафши Ковиёнӣ ҳамроҳи сипоҳ буд, албатта пирӯз мегардиданд”.
Воқеан ба дасти душман афтидани парчам нишоне аз шикаст ва мағлубияти соҳибони он аст.Дар бораи дар ҷанги Қадисия ба дасти арабҳо афтидан ва тақдири минбаъдаи Дирафши Ковиёнӣ, муаррих Табарӣ маълумот медиҳад, ки пас аз шикасти лашкари эрониён дар ҷанг, арабҳо хазинаи сипоҳро ғорат карданд ва он дирафшро бо худ бурданд.
Бо фармони сарлашкарони араб тамоми зару ҷавоҳироти Дирафши Ковиёнӣ ба хазинаи хилофат ворид карда шуд ва боқимондаи он сӯзонида шуд. Дирафши Ковиёнӣ на танҳо рамзи қадими сулолаҳои шоҳони эронӣ, балки рамзи озодӣ ва давлатдории мардумони эронитабор буд.
Соли 2006 баъди 14 асри нобуд шудани ин дирафш шакли он, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ ва маводи бостоншиносӣ то ба имрӯз расидааст, дар парчами шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё гардид.
То ғалабаи Инқилоби Октябр парчами Аморати Бухоро парчами давлатии тоҷикон маҳсуб меёфт. Он чаҳоргӯша буда, дар худ акси моҳу ситора ва панҷаҳои дастро дошт. Аввалин парчами давлатии Тоҷикистон парчами умумии Иттиҳоди Шӯравӣ (1922) ба шумор меравад.
Ҳамин тавр, Парчами миллии мо нишон аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик ба шумор меравад. Воқеан парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, якдигарфаҳмии халқу миллатҳои кишварҳо ва муборизаи онҳо баҳри озодию худшиносӣ шинохта мешавад. Дар гузашта ва то кунун дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳангии ҳар як халқу миллат, пайроҳаи таърихии тайкардаи он ва аломатҳои истиқлолияти давлат инъикос ёфтааст.
Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ
Парчами Тоҷикистон
ПарчамиТоҷикистон, болафшон,
дар баландӣ,мезанад ҷавлон,
Дар ниҳоди қалби инсонӣ мехӯрад таккон.
Аз ҷилои тобишу ранги ливо мерасад бар мо,
Бӯйи меҳани азиз, Тоҷикистон, Тоҷикистон.
Парчами Тоҷикистон болафшон,
дар баландӣ,
мезанад ҷавлон,
Мезанад ҷавлону меорад ёде аз ниёгон.
Ҳар ҷилои ранги он қисмате аз дафтари таъриху ирфон,
Меҳани меҳанпарастон, Тоҷикистон, Тоҷикистон.
Парчами Тоҷикистон болафшон,
дар баландӣ,
мезанад ҷавлон,
Мезанад ҷавлон дар радифе аз ливои ҷумла хайрхоҳон.
Бо ҳама рангҳои зебо, ҳамрадифи машъали созмон,
Парчами мулки биҳиштӣ ҳаст ливои Тоҷикистон.
Парчами Тоҷикистон болафшон,
дар баландӣ,
мезанад ҷавлон,
Пора месозад қалби ҷумла бадхоҳон.
Болафшонии парчам баҳри мо ҳам файзу ҳам эҳсон,
Бо ливои меҳру армон зинда бошӣ, Тоҷикистон.
Муҳсин ШАРИФОВ,
дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ