Мақолаҳо
Нақши низоми молиявӣ дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муносибатҳои молиявӣ низоми махсуси муносибатҳои иқтисодиест, ки ба ташкил, тақсимот ва истифодаи самараноки захираҳои молию пулӣ, бо мақсади таъмини ниёзи давлат, корхона (ташкилот ва муассиса) ва шаҳрвандони кишвар равона карда шудааст. Муҳтаво ва моҳияти иқтисодии муносибатҳои молиявӣ аз тавсифи воситаҳои пулӣ ва вазифаҳои асосии он бармеояд.
Ҳанӯз дар даврони Ҳахоманишҳову Сомониён низоми молиявӣ ташкил ва рушд ёфта, дар даврони сулолаи ориёӣ низоми ташаккулёфтаи идоракунии захираҳои молиявӣ ва усулҳои пешқадами муомилоти пулӣ амал мекарданд, ки вобаста бо мурури замон аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ такмил ёфтаанд. Дар даврони Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми молиявӣ ба сохти дигар ташкил ёфта, тӯли беш аз 70 сол рущд ва мавриди истифода қарор гирифтааст. Аммо сохтори низоми идоракунии молиявии он давр ба талабот ва вазифаҳои асосии амалкардаи он ва ҳамгироии иқтисодиёти ҷаҳонӣ мусоидат накарда, дар бисёр мавридҳо садди рушди иқтисодиёти кишавар гардида буд.
Ҳангоми гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ сохтори низоми молиявии кишвар куллан тағйир ёфта, муносибатҳои нави молиявӣ, пеш аз ҳама барориши пули миллӣ, захираҳои зарури асъорӣ, тилло, бозори қоғазҳои қиматнок ва ғайраҳо равиши навро дар ин низом ба миён оварданд. Инчунин таҳия, баррасӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ, тартиби маблағгузорӣ ва танзими истифодаи самараноки воситаҳои пулӣ низ дигар шуда, низоми молиявӣ дар кишвар ба як низоми устувори идоракунии молияи давлатӣ мубадал гаштааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки бо ташаббуси роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар низоми идоракунии устувори молиявӣ ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ташкил ва рушд ёфтааст. Яке аз падидаҳои асосии ин низом барориш ва амалкарди воҳиди ягонаи пулӣ, пеш бурдани сиёсати пулию қарзӣ, такмили низоми андозбандӣ, шаффофӣ ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, нигоҳ доштани вазъи мутавозинии маблағгузории буҷет таъмин карда шуд. Ин буд, ки дар соли 2000 рушди воқеии иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоби миёна 7 фоиз ва воридоти буҷети давлатӣ 14,1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар соли 2005 19,9 фоиз ташкил додаст. Бо роҳи гузаронидани сиёсати оқилонаи андозу буҷет, мувозинати буҷет таъмин гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 83,1 фоизи соли 1999 то 72,4 фоиз дар соли 2003, 45 фоиз дар соли 2010, 31,1 фоиз дар соли 2015 расонида шуд. Дар назар аст, ки дар соли 2020 ин рақам то 20 фоиз коҳиш дода мешавад.
Аз ҷониби дигар таи даҳ соли охир ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ зиёда аз 11,2 маротиба афзоиш ёфта дар соли 2010 ба 7023,9 миллион сомонӣ ва дар соли 2016 ба 18305,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки он 31,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Агар соли 2000 ҳаҷми умумии қарзӣ берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 105,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дода бошад баъди кӯшишҳои ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2016 он ба 30,5 фоиз расид.
Дар шароити кунунӣ низоми идоракунии молиявӣ дар кишвар ташаккул ёфта, раёсатҳои дохилии хазинадорӣ, идоракунии қарзҳои давлатӣ, рушди бозори қоғазҳои қиматнок, кор бо металлу сангҳои қиматбаҳо, хазинаи дороиҳои давлатӣ, мониторинги корхонаҳои азим, аудити дохилӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ таъсис дода шуда, шуъбаҳои молияи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ба раёсат, департамент ва минбаъд ба сарраёсату раёсатҳо табдил дода шудаанд. Дар самти такмили низоми молиявии давлатӣ бо назардошти хароҷоти давлатӣ, харид ва ҳисоботи давлатӣ, ислоҳоти хазинадорӣ, мустаҳкам намудани иқтидори аудиторӣ, ҳисобдорӣ, татбиқи стандартҳои байналхалқӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ корҳои зиёд амалӣ карда шудааст.
Яке аз унсурҳои асосии ислоҳоти идоракунии низоми молиявӣ дар ҷумҳурӣ ин ташкили низоми иттилоотии равандҳои муомилоти молию пулӣ ва хазинадории буҷет, ҷорӣ намудани суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ, стандартҳои муҳосибот ва нақшаи якхелаи суратҳисобҳо мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки бо супориши ҳукумати кишвар Шабакаи ягонаи электронӣ иттилооти байни Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук, ки фаъолияти низоми хазинадорӣ, андозу буҷет ва умуман идоракунии самараноки молияи давлатиро таъмин менамояд, ташкил карда шудааст.
Умуман, низоми идоракунии молиявӣ ин низоми устуворе мебошад, ки дар таъмини самараноки сиёсати молиявӣ, аз он ҷумла сиёсати монитарӣ, назорати молиявии давлат, рушди бозори қоғазҳои қиматнок, суғурта, дастгириҳои молиявии соҳибкорӣ ва тайёр кардани мутахасисони соҳаи мазкур хизмат менамояд. Аз ин лиҳоз, мутахассисони вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳуриро лозим аст, ки тарғибу ташфиқи даствордҳои молиявии кишварро фаъол намоянд. Донишкадаи молия ва иқтисод дар оянда метавонад як мактаби бузурги молиячиёнро ба вуҷуд оварда, дар тайёр намудани мутахассисони боэьтимод ба соҳаҳои иқтисоди миллии ватанамон хизмат намояд.
7-уми декабр, ки ҳамасола ҳамчун Рӯзи иди кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, Шуморо табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва дар тарбияи мутахассисони соҳибкасб бурбориҳо орзумандам.
Декани факултети молия ва қарз
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Шералиев Эмомалӣ Нуралиевич