Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Эъломияи умумумии ҳуқуқи инсон - ҳуҷҷати тақдирсози байналмилалӣ

Ба қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон 68 сол сипарӣ шуд. Воқеан, қабули он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид иқдоми шоиста ва саривақтӣ ба шумор меравад. Мардуми сайёра онро ба хушнудӣ пазируфтанд. Халқи тоҷик низ чун як ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҳуҷҷати беназирро эътироф карданд.
Пайдо гардидани ғояи ҳуқуқӣ-воқеӣ ба замони маорифпарварии Аврупо рост меояд. Дар асоси ин афкор ҳуҷҷат (хартия) дар бораи ҳуқуқҳо дар Британияи Кабир, ИМА ва Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар Фаронса қабул гардиданд. Дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ зарурати умумибашарии ҳуқуқи инсон пеш омад. Соли 1941 Франклин Рузвелт - Президенти ҳамонвақтаи ИМА дар муроҷиати худ «Дар бораи ҳолати кишвар» даъвати дастгирӣ аз муҳиммияти озодиҳои зерини инсонро дарҷ намуд: озодии сухан, озодии виҷдон ва озодӣ аз тарсу ҳарос. Ин даъват такони ҷиддиеро дар рушди ҳуқуқи инсон ҳамчун шароити зарурии ҷаҳон ба анҷоми ҷанги ҷаҳонӣ оварда расонид. Дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳон аз ваҳшонияти Олмони миллатгаро воқиф гардид, маълум шуд, ки Низомномаи СММ ба нокифоягӣ дар масъалаи ҳуқуқи инсон роҳ додааст. Аз ҳамин сабаб, зарурати қабули созишномаи умумии ҳуқуқи инсон аз нав ба миён омад. 
Барои ҳалли масъалаи мазкур ҷаласаи аввали Комиссияи CММ дар шаҳри Лейк-Саксесс (иёлати Ню-Йорк) моҳи январ-феврали соли 1947 баргузор гардид, ки дар он раиси комиссия арбоби сиёсӣ Элеонора Рузвелтро (ҳамсари президенти 32-уми ИМА Франклин Рузвелт) интихоб намуданд. Ба ҳайати ин комиссияи бонуфуз намояндагони кишварҳои Утриш, Белгия, Британияи Кабир, Чин, Куба, Миср, Ҳиндустон, Эрон, Либия, Панама, Иттиҳоди Шӯравӣ, ИМА, Уругвай, Филиппин, Фаронса, Чили ва Югославия шомил гардиданд. Вазифаи намояндагони ин кишварҳо аз омода сохтани ҳуҷҷате буд, ки «Хартияи байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқ» ном дошт.
Дар кори комиссия намояндаи шуъбаи ҳуқуқи инсон аз котиботи CММ, мутахассиси канадагӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ Ҷон Хамфри иштирок намуд. Номбурда аз соли 1946 ин шуъбаи CММ-ро сарварӣ мекард.
Ҳуҷҷати аввал дар ҳаҷми 400 саҳифа дар асоси ҳамаи конститутсияҳои амалкунандаи кишварҳои номбаршуда тартиб дода, назари мутахассисон, пешниҳодҳои онҳо ба эътибор гирифта шуд. Ин лоиҳаи аввалин буд. Моҳи декабри соли 1947 Комиссияи таҳиягарони Эъломия дар ҳайати пурраи худ дар Женева ҷамъ омаданд. Дар ин иҷлосияи СММ аз ташкилоти федератсияи меҳнатии америкоӣ, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Шӯрои байналмилалии занон, Конгресси байналмилалии яҳудиён, мушовирон ва ғайра ширкат намуданд. Дар назди онҳо вазифаи муҳим дида баромадан, тасдиқ карда, баъдан ба СММ пешниҳод намудани ин ҳуҷҷати муҳим буд. Ҳамин тавр дар натиҷаи мубоҳисаҳои тӯлонӣ варианти сеюм бо номи «Тафсири женевагӣ» ташкил гардид.
Муҳокимаи ҳуҷҷати эъломия то моҳи майи соли 1948 барои вохӯрии сарони Комиссияи қабул дар Ню-Йорк идома ёфт. 18-уми июни соли 1948 бо овоздиҳии 12 тарафа ба муқобили 0 зид ва 3 бетараф ин ҳуҷҷати муҳимми тақдирсози байналмилалӣ қабул гардид.
Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар таҳрири ниҳоӣ аз ҷониби 48 давлат аз 58 давлати аъзои СММ дар ҷаласаи васеи Ассамблеяи Генералии СММ дар Париж 10-уми декабри соли 1948 пурра қабул гардид, ки аз 30 модда иборат буда, бо созишномаҳои байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баробар мебошад. Соли 1950 бо ибтикори СММ ба ифтихори Эъломияи СММ ҳамасола 10-уми декабр ҳамчун рӯзи ҳуқуқи инсон қайд карда мешавад.


Муҳсин Шарифов
дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ