Мақолаҳо
Об – ба хотири рушди устувор
Масъалаи ниҳоят муҳимми экологӣ, ки имрӯзҳо мавриди омӯзиш ва баррасии ҷомеаи ҷаҳони муосир қарор дорад, ин норасоии оби ошомиданӣ аст. Аз пайдоиши инсоният то кунун доир ба нақши об дар зиндагии рӯзмарраи одамӣ муҳаққиқон, сиёсатмадорон ва коршиносон кашфиёту таҳқиқотҳои зиёде ба сомон расонидаанд. Имрӯз дар ҷаҳон 1 миллиарду 200 миллион нафар дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки дастрасӣ ба оби нӯшокӣ барояшон мушкил аст. Шоири англис В. Ауден гуфта буд: “Ҳазорон нафар бе муҳаббат зистаанд, вале як нафар ҳам бе об зиста наметавонад”. Воқеан ҳам, об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат буда, унсури асосии ҳаёт ба шумор меравад. Пайдоиш ва ташаккулёбии зиндагии инсон ва умуман мавҷудоти зинда аз об вобастагии зиёд дорад. Маҳз об воқеияти ин ҷаҳону зиндагиро таровати зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Муҳиммияти ин масъаларо дарк намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди 54-умин ҷаласаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуд, ки соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шавад ва боиси ифтихору сарфарозист, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Сарвари давлатро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки нарасидани оби тоза яке аз мушкилоти асосӣ мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Эълони даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015, ки бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, имкон дод, ки мушкилоти норасоии об ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор гирад. Боиси қайд аст, ки дар соҳаи захираҳои об 10 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз қабили лоиҳаҳои «Обёрии заминҳои водии Данғара»-марҳилаи 2 , «Таъмини аҳолӣ барои устувории соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои обӣ», «Бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии ноҳияи Ҳамадонӣ», «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон»,«Обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон»», «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои ҷануби Тоҷикистон-марҳилаи 2», «Такмили системаи обтаъминкунии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва обтаъминкунии шаҳри Душанбе (марҳилаи 2)» татбиқ шуда истодаанд. Дар маҷмӯъ, дар доираи лоиҳаҳои зикршуда дар ҳаҷми 238,2 млн.доллари ИМА маблағ ҷалб гардидааст, ки 140,5 млн. доллари ИМА ё худ 59%-и онро маблағҳои грантӣ, 85,4 млн.доллари ИМА ё худ 35,8% маблағҳои қарзӣ ва 12,3 млн.доллари ИМА ё худ 5,2%-и онро саҳми Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Яке аз ҳадафҳои муҳимми Рушди ҳазорсола ба дастрасии аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои обӣ вобаста аст. Сарфаю самаранок истифода намудани захираҳои обии бойи кишвар яке аз масъалаҳои мубрами иқтисодиёти имрӯза ба ҳисоб меравад.
Бояд хотиррасон кард, ки таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳрони молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак боис гардиданд, ки ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об - барои ҳаёт» пурра татбиқ карда шаванд. Аз ин хотир, соли 2018-2028 Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об - барои рушди устувор» эълон карда шуд, ки ин ҳам пешниҳоди ҷадиди Сарвари хирадманди кишвари мост.
Дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон (СМР) барои давраи то соли 2030 баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ тадбирҳои асосӣ андешида шуданд, ки истифодаи самараноки захираҳои обӣ ҳамчун омили асосии фаъолияти устувори соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар маҳсуб меёбад. Ҷиҳати татбиқи амалии СМР дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар амалигардонии чорабиниҳои зерин пешбинӣ шудааст:
- фаъолияти устувори системаи нигоҳдорӣ, истифодаи инфрасохтори обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо ба сифати замина барои фаъолияти устувори кишоварзӣ обёришаванда ва таъмини амнияти озуқаворӣ, шуғли аҳолӣ дар деҳот ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷойҳо;
- барқарорсозии системаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо ҷиҳати баланд бардоштани обтаъминкунии заминҳои обёришаванда, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои шӯр ва ботлоқзор;
- мукаммалгадонии механизмҳои иқтисодии пӯшонидани хароҷоти нигоҳдорӣ ва истифодабарии инфрасохтори обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо дар зироаткории обёришаванда, такмили низоми субсидияи давлатӣ барои пардохти истифодаи нерӯи барқ бо мақсади обёрии заминҳои кишоварзӣ ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ, таъсири манфии сиёсати тарифии мавҷуда дар соҳаи обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо ба самаранокии фаъолияти соҳа;
- ҳалли масъалаҳо оид ба гузаронидани шабакаҳои обёришаванда ва заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагӣ ба ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) ва дастгирии давлатӣ барои рушди устувор ва фаъолияти ин ассотсиатсияҳо;
- ҷорӣ намудани низоми самаранокии давлатии хавасмандгардонии азхудкунии заминҳои нави кишоварзӣ ва ба коркарди кишоварзӣ баргардондани заминҳои шӯр, ботлоқзор ва қаблан истифоданашуда.
Воқеан ҳам баҳри пиёдасозии тадбирҳои андешидашуда барномаҳои гуногун дар ин самт таҳрезӣ мегарданд. Ба онҳо мисол шуда метавонад амалисозии марҳалаҳои якуму дуюми лоиҳаи “Обёрии заминҳои водии Данғара”, ки беш аз 575 миллион сомонӣ сармоягузорӣ гардида, зиёда аз 4200 гектар заминҳои нав обёрӣ карда шудаанд.
Илова бар ин, тибқи лоиҳа то соли 2019 беш аз 1700 гектар бояд обёрӣ карда шаванд, ки дар маҷмӯъ, қариб 6000 гектар заминҳои нав обёришуда мавриди истифода қарор гирифта, барои таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом мусоидат намоянд.
Дар охир бояд қайд намуд, ки проблемаҳои глобалии табиат, таъмини оби нӯшокӣ ва инкишофи минбаъдаи иқтисодиёти кишварро бо назардошти талаботи экологии имрӯза, тавассути баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати экологии ҳар як сокини сайёра таъмин намудан мумкин аст.
Мастура Буриева, н.и.и., дотсент,
мудири кафедраи омори ДМИТ