Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Тоҷикистон ташаббускори чорабинии сатҳи байналмилалӣ

Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро қабул намуд, ки он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид.
Қатъномаи мазкур, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ, аз қабили ивазшавии қабати озонӣ ва тағйирёбии иқлими сайёра, таъминоти аҳолии курраи замин бо оби нӯшокӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳолати экологии муҳити зист бахшида шуда, ҷомеаи ҷаҳониро бори дигар барои кам кардани исрофи об, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ, низоми экологӣ ва рушди устувори инсонӣ ҳушдор месозад.
Масъалаи омӯзиши об ва нақши он дар ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии ҷомеаи башарӣ мавриди муҳокимаи зиёди мутахассисону алоқамандони илмҳои муосири табиатшиносӣ, географӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва экологӣ қарор гирифтааст.
Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони тоҷикон доимо минтақаҳоеро барои зист қарор медоданд, ки он ҷо об ҳамчун боигарии асосӣ дар раванди фаъолияти хоҷагидорӣ ва рушди ҳаёти одамон нақши калон бозад. Ин минтақаҳои зебо, новобаста аз дур будан аз марказҳои иқтисодию фарҳангӣ, барои озоду осудаҳолона зиндагӣ кардан мувофиқ буда, аз куҳҳои баланд обҳои ширину мусаффо ҷорӣ шуда, дар баробари доманакуҳҳои сарсабзу хуррам барои муҳити зист беҳтарин шароити зист муҳайё буданд. Инчунин роҳҳои робитаю тиҷорат ва муҳоҷират канори дарёҳои бузург ҳам захираи обҳои нӯшокӣ ва ҳам манбаи ба даст овардани маҳсулоти ғизоӣ буданд, ки ин ба кишоварзон об медоду ба мусофирон роҳ ва хӯрок.
Вобаста ба афзоиши аҳолӣ, тараққиёт ва васеъшавии истеҳсолот мураккабшавии ҳолати экологӣ ва ифлосшавии муҳити зист, аз ҷумла захираҳои обӣ ва истифодаи он аз сарчашмаҳо боиси кам шудани обҳои нӯшокӣ гардид. Фақат инсоният дар охирҳои асри ХIХ ва аввалҳои асри ХХ ба хотири пирӯзӣ аз неруҳои табиат ва мувофиқ гардонидани раванди иқтисодии худ бо омилҳои табиӣ ба дарки масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии экологии захираҳои обӣ ва муҳити зисти одамон диққати махсус доданд. Нишондиҳандаҳои омории ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки имрӯз дар курраи замин 1,2 млрд. нафар аҳолӣ аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд ва зиёда аз 2 млрд. нафар аз обҳое истифода мебаранд, ки ба талаботи тозагию беҳдоштӣ ҷавобгӯ нестанд. Агар ин раванд идома ёбад, ба фикри мутахассисону коршиносони соҳа баъди 20-25 сол аз нисф зиёди аҳолии курраи замин (беш аз 3 млрд.) ба норасоии захираҳои оби нӯшокӣ дучор мегарданд.
Мушоҳидаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии нигоҳдории тандурустӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки зиёда аз нисфи саломатӣ ва бардавомии умри инсон аз шароити зиндагӣ, аз панҷ як ҳиссааш аз ҳолати муҳити зист ва тақрибан 10 фоиз аз ҳолати обҳои нӯшокӣ вобастагӣ дорад. Аз рӯи таҳлили коршиносону олимони соҳа қариб 50 фоизи бемориҳои сирояткунанда, ба мисли бемории тифи шикам, дизентерия, молярия ва баъзе бемориҳои дарди меъдаю рӯда маҳз аз ҳисоби истеъмоли обҳои ифлос ва барои нӯшидан номуносиб сар мезананд. Ин раванд бори дигар аз муҳим ва саривақтӣ будани масоили мазкур дар сатҳи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад, ки барои кам кардани исрофи об, пешгирии ифлосшавии он ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ кумаки калон мерасонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ ташаббускори ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ мебошад, аз лиҳози захираҳои обӣ бой буда, зиёда аз 50%-и сарчашмагирии ҳавзаи баҳри Арал ба ҳудуди он рост меояд. Ин захираҳо бо пиряхҳо, ки 8%-и ҳудуди ҷумҳуриро фаро гирифтаанд, якҷоя шуда, захираҳои бузурги оби тозаро ташкил медиҳанд, ки он дар ҳаҷми 845 млрд. метри кубӣ арзёбӣ мегардад. Дар маҷмӯъ 55,4% захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, ки он дар ҳаҷми 64,0 км3/сол арзёбӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби боигарии захираҳои об дар миқёси ИДМ баъди Федератсияи Россия дар ҷои дуюм, дар миқёси Осиёи Марказӣ дар ҷои якум ва аз ҳисоби обҳои ширини нӯшокӣ дар ҷаҳон дар даҳгонаи аввал қарор дорад.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба рушди «иқтисодиёти сабз» диққати махсус зоҳир гардида, об ҳамчун як унсури асосӣ дониста шуд. Захираҳои обии Тоҷикистон ба таври васеъ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла барои обёрикунонии заминҳои корами обӣ истифода мешаванд. Махсусан, дараҷаи баланди аз об таъмин будани ҷумҳурӣ ба тараққиёти интенсивии заминҳои обӣ мусоидат менамояд. Заминҳои обии ҷумҳурӣ зиёда аз 13 фоизи заминҳои кишти кишоварзиро ишғол намуда, то 90 фоизи маҳсулоти умумии соҳаи мазкурро истеҳсол мекунанд. Таъкиди Пешвои миллат дар Паёми имсола оид ба рӯёнидани 2-3 ҳосил аз ҳар як гектари замини обӣ ишора ба яке аз се ҳадафи асосии сиёсати иқтисодии давлат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.
Аз ҷониби дигар, мусоидат ба «иқтисодиёти сабз» метавонад ба рушди соҳаи туризм ва сайёҳӣ, махсусан, туризми экологӣ созгор бошад. Барои ин, пеш аз ҳама, дастгирии давлатии соҳаи туризм, рушди инфрасохтори бозорӣ ва муаррифии ширкатҳои ватание, ки барои ҷалби сайёҳон ва истеҳсоли обҳои нӯшокӣ машғуланд, лозим аст. Ин нукта низ дар Паёми имсолаи Пешвои миллат таъкид карда шуд. Барои самаранок фаъолият кардани соҳаи мазкур дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як сохтори нав ташкил карда шуда, бевосита ба рушд ва танзими соҳаи сайёҳӣ машғул мешавад.
Фақат ҳалли дастаҷамъонаи проблемаҳои мазкур метавонад дар оянда вазъиятро дар хоҷагии об қадре ҳам бошад, ба танзим дароварда, ҳолати истифодаи захираҳои обиро беҳтар гардонад. Фикр мекунам, ки тайи даҳсолаҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони кушоди баррасӣ ва ҳалли муаммоҳои минтақавӣ ва байналхалқии захираҳои обӣ ва беҳдошти муҳити зист гардида, дар таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ қадамҳои устувор мегузорад.


Эмомалӣ ШЕРАЛИЕВ,
декани факултети молия ва қарз