Мақолаҳо

Об - ҷузъи ҷудонашавандаи Стратегияи миллии рушд
Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам буда, захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву обод ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ ҳар сол дар ҷаҳон аз истеъмоли оби нопок беш аз панҷ миллион одам, ки аксари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд, талаф ёфта, зиёда аз се миллион нафар ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд.
Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кули гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Захираҳои оби тозае, ки дар пиряхҳо ва кӯлҳои кишвар маҳфузанд, ба зиёда аз 800 миллиард километри кубӣ мерасад. Тақрибан 64 миллиард метри кубӣ оби дарёҳои минтақа, ки 56 фоиз захираҳои оби Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд, аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Аз обҳои дарёҳои кишвар танҳо 15 фоиз дар дохили кишвар ва боқимонда пурра аз ҷониби кишварҳои поёноб ва асосан барои обёрии заминҳо истифода мешавад. Ҳамзамон зиёда аз 40 фоизи аҳолии кишвар аз дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ маҳрум аст ва дар ноҳияҳои дурдаст таъмини оби нӯшокӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад. Айни замон ба мақсади беҳтар намудани таъмини оби нӯшокӣ ба аҳолӣ бо дастгирии ҷонибҳои мададрасон як қатор лоиҳаҳо мавриди татбиқ қарор доранд. Ин ҳадаф ҷузъи ҷудонашавандаи Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.
Таърихи навини ташаккулёбии давлати соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки Тоҷикистон яке аз пешсафони фаъол дар истифодаи оқилона ва идораи муштараки захираҳои обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ буд ва мемонад. Ташаббусҳои саршумори кишвар дар сатҳи минтақавӣ тасдиқи гуфтаҳои болост.
Зимни суханронии худ дар ҷаласаи 54-уми Маҷмааи умумии СММ 1 октябри соли 1999 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, то соли 2003 соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Соли 2003 соле буд, ки СММ барои аввалин бор баррасии фарогири дастовардҳои даҳсоларо пас аз саммити таърихии соли 1992, ки дар Рио-де-Женейро баргузор гардида буд, шурӯъ намуд. Масъалаи оби тоза яке аз масъалаҳои калидии баррасии соли 2002 ба ҳисоб рафта, дар маркази таваҷҷуҳи чорабиниҳои гуногуни тайёрӣ ва ташаббусҳои байналмилалӣ қарор дорад. Ҳамин тариқ, 20 декабри соли 2000-ум дар ҷаласаи 55-уми Маҷмааи умумии СММ ва дар асоси розигии тарафайн Қатъномаи «Соли байналмилалии оби тоза - 2003» қабул гардид.
Эълони даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015 низ ташаббуси Тоҷикистон буд.
Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба соли байналмилалии оби тоза ва Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ чорабиниҳои зеринро амалӣ намуд:
Форуми байналмилалии оби тоза (29 август – 1 сентябри соли 2003, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ (30 май - 1 июни соли 2005, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалӣ оид ба коҳиш додани сатҳи офатҳои табии мардум ва об (27-29 июни соли 2008, ш. Душанбе).
Чорабинии охирин дар раванди амалисозии Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ва талошҳои минбаъда ҷиҳати дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, 9-11 июни 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он Дабири кулли СММ Пан Ги Мун, сарвазирони кишварҳои Покистон, Афғонистон, Қирғизистон, Габон ва намояндаҳои зиёда аз 100 кишвар ва 80 созмони байналмилалӣ ширкат намуданд. Қобили қайд аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суханронии хеш дар Конфронси мазкур икдоми нави Тоҷикистонро - «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои Рушди Устувор” солҳои 2018-2028» эълон намуд.
Тоҷикистон ба ҳайси ташаббускори эъломи соли байналмилалии оби тоза ва даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», ҳамчунин эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» ба он назар аст, ки татбиқи рӯзномаи СММ оид ба об бояд ҷоннок ва ба мазмуни амалӣ бой гардонида шавад. Татбиқи бомуваффақияти чорабиниҳои даҳсола, ки ба нақша гирифта шудаанд, метавонад на танҳо ба дастрасии беҳтари аҳолӣ ва оби ошомидании бехавф ва беҳдошт, балки ҳамчунин ба ҳалли масъалаҳои дигари ҳаётан муҳим, аз ҷумла ҳифзи сиҳатии кӯдак ва модар, амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, муҳити зист, тағирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мусоидат намояд.
Аз рӯйи тадқиқоти оморӣ соли 2025 шумораи аҳолие, ки дар кишварҳои аз об камбуддошта ҳаёт ба сар мебаранд, ба се милиард хоҳад расид, вале аксари чунин кишварҳо зербинои зарурӣ ва низоми идораи нигоҳдории самаранок ва истифодаи обро надоранд.
Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшанидиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем ва онро тозаву озода нигоҳ дорем.
Камолиддин Шарифов,
ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДМИТ