Мақолаҳо

Вазъи захираҳои обӣ-энергетикии кишвар
Дар ҷаҳони муосир асосан се масъалаи муҳимтарине вуҷуд дорад, ки кулли мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст ва тақозо мекунад, ки оид ба ин масъалаҳо чораандешӣ карда шавад: тағйирёбии иқлим дар рўи замин (обшавии пиряхҳо, гармшавии иқлим ва ғайра), таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ-энергетикӣ.
Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои об ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Дар қаламрави кишвар тақрибан 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд.
Барои мардуми тоҷик боиси ифтихору сарфарозист, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, ӯро аз байни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба Панели сатҳи баланд роҷеъ ба оби 15-нафара, ки ҳама роҳбарони кишварҳои ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд, шомил намуд. Дар баробари ин, роҳбарони кишварҳои Чин, Ҳиндустон, Ҳолланд, Маҷористон, Мексика, Сингапур, Австралия ва 7 нафари дигар узви “Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об” шудаанд.
Мо ифтихор менамоем, ки муваффақона қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028», ки рӯзи 21 декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, қабул гардид.
Тавре, ки Сарвари давлат дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об рўзи 29-уми ноябри соли 2016 дар давлати Маҷористон баромад намуда, қайд карданд: “Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об чораандешӣ накунад, ин тамоюл бемайлон рушд ёфта, камбудии обро дар ҳама сатҳҳо шиддат мебахшад ва дар соли 2030 зиёда аз 40 фоизи аҳолии ҷаҳон ва то соли 2050 нисфи аҳолии сайёраро фаро хоҳад гирифт”.
Бо назардошти он ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем. Бо мақсади ноил шудан ба ин ҳадаф ва азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикии мамлакат ҳоло 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Ҳоло барои наздик шудан ба истиқлолияти энергетикӣ Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 бо назардошти навбати аввал ба 400 мегаватт, яъне то 9,6 миллион киловатт-соат неруи барқ дар як шабонарӯз расонида шуд. Маркази мазкур метавонад қариб 60 фоизи талаботи шаҳри Душанберо ба неруи барқ қонеъ намояд. Яке аз муаммои дигари дар ин соҳа вуҷуддошта, ин таъмини нокифояи неруи барқ дар фасли сармо мебошад. Ба гуфти коршиносони соҳа аҳолии шаҳри Душанбе агар дар фасли гармо 4-5млн кВт соат неруи барқ истеъмол намоянд, дар фасли сармо ин нишондиҳанда ба 14-15млн кВт соат мерасад. Бо вуҷуди ин, имрўзҳо дар маркази ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, мактабу беморхонаҳо барқ ҳаст, корхонаҳои саноатӣ пурра кор мекунанд ва умуман, лимити интиқоли барқ нисбат ба солҳои пеш ба куллӣ тафовут дорад. Дар баробари ин, лимити истифодаи неруи барқ шуруъ аз 5 январи соли 2017 боз ҳам зиёд шуда, ба 18 соат расонида шуд ва аз 14 январ бошад, маҳдудияти неруи барқ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ пурра аз байн бардошта шуд. Ин иқдоми неки Сарвари давлат боиси хушнудии кулли мардуми кишвар гардида, барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ боз ҳам наздиктар шудем.
Рӯйдоди муҳимми таърихӣ дар ин самт оғози бунёди сарбанди неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки онро Президенти мамлакат бевосита оғоз бахшиданд. Аз аввали корҳои барқарорсозиву сохтмон ба иншооти зикршуда 12 миллиард сомонӣ, аз ҷумла соли 2016-ум 2 миллиарду 800 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Имрӯз корҳо дар ин иншооти тақдирсоз босуръат идома доранд ва тибқи нақша агрегати аввали он то охири соли 2018 ба кор дароварда мешавад.
Чӣ хеле, ки аз сарчашмаҳо маълум мегардад 55,4 % ё ин, ки 64,0 км3 захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал (115 км3) ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар миқёси давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози боигарии захираҳои об дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баъди Россия ҷойи дуюм ва дар ҷаҳон дар ҷои 8-ум баъди Ҷумҳурии Чин, Федератсияи Россия, Амрико, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада меистад.
Дар шароити ҳозира бошад, аз ин захираҳои мавҷудбудаи гидроэнергетикӣ, яъне 527 млрд. кВт соат ҳамагӣ 4%-и он истифода мешавад, ки дар ҳаҷми 17,2 млрд. кв соат арзёбӣ мегардад.
Бо вуҷуди чунин имкониятҳои бузург, мутаассифона, аҳолии мо ба неруи барқ дастрасии пурра надоранд, вале дар ояндаи наздик мо бо боварии том гуфта метавонем, ки эҳтиёҷи мардумро бо неруи барқ таъмин ва истиқлолияти энергетикӣ, ки орзуи деринаи мост, ба даст меорем, чунки таваҷҷуҳи Ҳукумат ба ин соҳа хеле зиёд аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки соли 2015 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 1,4 млрд кВт соат неруи барқ дар фасли тобистон содир ва танҳо дар фасли сармо 63 млн. кВт-соат неруи барқ ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Инчунин танҳо дар соли 2015 ба маблағи беш аз 7,5 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки қариб 4 миллиард сомонии онро сармоягузории мустақим ташкил медиҳад, ки аз ин 923,8 млн. сомони ба истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои обӣ равона шудааст.
Имрӯз ҳиссаи неруи барқи обӣ дар истеҳсоли ҷаҳонии неруи барқ тақрибан 20 фоизро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки аз имкониятҳои аз лиҳози иқтисодӣ фоиданоки гидроэнергетикӣ ҳамагӣ 45 фоиз истифода мегардаду халос. Дар баробари ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98% неруи барқ аз истифодаи захираҳои обӣ тавлид мешавад ва ин аз бойгарии захираҳои об дар мамлакат шаҳодат медиҳад.
Ҳамзамон як қисмати аҳолӣ, бахусус дар деҳот, ҳоло ҳам ба шароити беҳтар дар арсаи беҳдошт ва дастрасӣ ба манбаъҳои тозаи оби нӯшокӣ ниёзманд аст. Масалан, тақсимоти об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Россия то 2 маротиба ва дар баъзе минтақаҳо аз ин ҳам зиёд ба назар мерасад.
Мушкилоти вобаста ба обро равандҳои тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дучанд печидатар мегардонанд.
Тағйирёбии иқлим ва шароити душвори куҳсор сабабгори ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табиии вобаста ба об, аз қабили селу обхезиҳо мебошанд. Танҳо бар асари гармои ғайричашмдошти тобистони соли 2015, обшавии босуръати пиряху барфтӯдаҳо ба иқтисоди кишвар ба андозаи зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар расонида шуд.
Офатҳои табиии марбут ба об барои Тоҷикистон ҳамоно чун мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонанд. Тоҷикистон кишварест, ки наваду се фоизи қаламрави онро куҳсори релефаш мураккаб ташкил медиҳад. Вале таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд. Зеро таҳдидҳои зикршуда имкон надоданд, ки ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» пурра татбиқ карда шаванд ва дар баробари ин, даҳсолаи нави қабулшуда даҳсолаи пешинаро давом хоҳад дод.
Боварӣ дорем, ки натиҷаҳои талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор хоҳанд шуд.
Ҳамин тавр, барои истифодаи самараноки захираҳои обӣ-энергетикӣ ҳамчун масоили мубрами рушди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик гурўҳи чорабиниҳои зеринро амалӣ намудан ба мақсад мувофиқ аст:
- дуруст ба роҳ мондан ва мукаммалгардонии принсипи тақсимот ва лимити истифодабарии захираҳои обии минтақа. Масалан, Ҷумҳурии Тоҷикистон 55,4% захираҳои оби минтақаро таъмин мекунад дар ҳоле, ки Қирғизистон - 25,3%, Ўзбекистон - 7,6%, Афғонистан - 5,4%, Қазоқистон - 3,9% ва Туркменистон - 2,4%-ро таъмин мекунад.
- саривақт азнавтаҷҳизонӣ ва барқароркунии иншооти гидротехникӣ.
- сохтану ба истифода додани неругоҳҳои обии барқӣ (НОБ) дар нақша гирифта шуда (Роғун, Даштиҷум ва ғайра). Масалан, дар назар дошта шудааст, ки танҳо сохтану ба истифода додани НОБ-ии Роғун ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ мусоидати калон мекунад.
Дар хотима ҳаминро қайд менамоем, барои амалӣ намудани ҳадафҳои дар пеш истода ва татбиқи он ҷидду ҷаҳди зиёд, вақт ва ҳатман дастгирии бузурги молиявӣ аз тарафи давлат лозим аст. Асри 21 асрест, ки дар он давлатҳои дунё бо суръатҳои бениҳоят баланд тараққӣ мекунанд ва онҳо асосан он намуди захираҳоеро истифода менамоянд, ки дар дохили давлат нисбат ба дигар захираҳо доираи истифодабариашон зиёдтар аст. Ба сифати мисол Қатар, АМА, Қувейтро мегирем, ки иқтидори асосиашон нафт мебошад. Акнун барои мо муайян намудан лозим мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом ҳисоб метавонад тараққӣ ёбад, яъне кадом намуди иқтидори иктисодии мавҷударо истифода барад, ки фоидаи бештар ба даст орад. Аз ҳамаи иқтидорҳои ба иқтисодиёти мо хос буда, ин иқтидори захираҳои обӣ-энергетикӣ ба шумор меравад.
Холаҳмади Маҳмадмурод,
устоди кафедраи таҳлили иқтисодии ДМИТ