Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Таъмини рушди иқтисоди миллӣ

Ташаккулёбии муносибатҳои бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлолияти кишвар сахт алоқаманд буда, новобаста аз таърихи 25-солаи он, мамлакати мо дар ҷанбаи иқтисодӣ ба дастовардҳои калон ноил гардидааст.
Ҳарчанд 25 сол дар таърих чандон муҳлати тӯлонӣ набошад ҳам, дар риштаи иқтисод корҳои назаррасе ба анҷом расидаанд. Хусусан, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар хеле хуб роҳандозӣ карда шудааст.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ин се ҳадафи муҳимми сиёсати иқтисодии давлат дар таъмини рушди соҳаҳои иқтисодии кишвар: саноат, кишоварзӣ, сохтмон, энергетика, нақлиёт ва инфрасохтори бозорӣ дигаргуниҳои зиёд ба чашм мерасанд. Масалан, рушди соҳаи саноат метавонад кишвари моро ба як кишвари саноатӣ-инноватсионӣ табдил дода, якчанд масъалаҳои муҳимми иқтисодиро ҳал намояд. Инчунин шароитҳоро барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ба мардум муҳайё созад, ки бо роҳи гузаронидани сиёсати оқилонаи иқтисодӣ сатҳи камбизоатӣ аз 83,1 фоизи соли 1999 то 45 фоизи дар соли 2010, 31,1 фоизи дар соли 2015 ва дар назар аст, ки то соли 2020 ин рақам то 20 фоиз коҳиш дода шавад.
Иқдомҳои чандинсолаи Ҳукумати мамлакат дар бахши энергетика низ ба саноатикунонӣ вобастагӣ дошта, аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба индустралӣ-инноватсионӣ табдил додани иқтисодиёти мамлакат рабт ва дар оянда истеҳсоли зиёди барқ ба рушди корхонаҳои саноатӣ равона карда мешавад. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ омадааст, ки: кишвари мо аз ҷиҳати истеҳсоли қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар ҷаҳон дар шашгонаи аввал ҷой дошта, ба 98 фоизи истеҳсоли қувваи барқи ҷумҳурӣ рост меояд.
Ин раванд ба рушди иқтисодиёти ноҳияҳои кишвар ва бунёди минтақаҳои саноатӣ, аз ҷумла ду корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори беш аз 3 миллион тонна, корхонаҳои бофандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 миллион метри мукааб матои пахтагин, сохтмони се корхонаи саноатии кимиё, коркарди металлҳои ранга бо иқтидори истеҳсолии 1400 килограмм тилло, корхонаи бузурги металлургӣ бо иқтидори 50 ҳазор тонна рӯҳ ва 50 ҳазор тонна сурб ва боз як корхонаи металлургӣ бо иқтидори 400 ҳазор тонна ба истифода дода мешаванд» ва аз иқдомҳои наҷиби ҳукумати мамлакат ба ҳисоб мераванд. 
Тайи 25 соли истиқлолият иқтисодиёти ҷумҳурӣ пеш рафта, рушди воқеии он аз соли 1997, яъне баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар як сол ба ҳисоби миёна 7 фоизро ташкил дод.
Умуман, 25 соли истиқлолият дастоварди бузурге мебошад, ки арзиши бебаҳо дошта, барои рушди иқтисодию иҷтимоии давлат ва наслҳои ояндаи он хизмат хоҳад кард ва аз мо, мутахассисону коршиносон ва ҳайати устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тарғибу ташвиқи фаъоли дастовардҳои онро тақозо менамояд.


Зарнигор Ҳимматова, эдвайзер оид ба тарбияи факултети молия ва қарз