Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа

Эй ҷавонони саодатманд, илм аз бар кунед,
Диди худро бо тақозои замон дигар кунед.
Бо камоли донишу созандагию маърифат,
Хусравона тоҷи аҷдодии худ бар сар кунед.
Баҳри Истиқлоли миллат, баҳри ҳифзи ин Ватан,
Саф ба саф, якҷону тан ҷо дар бари Сарвар кунед.


Санаи 22-юми декабри соли 2016 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид ва бо ташаббусу пешниҳоди Сарвари давлат соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шуд, ки ин боиси ифтихор ва хурсандии мост. 
Рӯзгори имрӯзаи ҷомеаи башарӣ шоҳиди ҳазорҳо пайкору набардҳои хунин буда, саросари паҳнои таърих пур аз куштору бераҳмиҳост, ки бар асари он хуни ҳазорон бегуноҳон - занону кӯдакон, пирону барҷомондагон ҳам бар ҳадар рафта, садҳо ҳазор ҷони азизи хешро дар роҳи аҳдофи муғризонаи ҷоҳталабони рӯзгор барбод додаанд. Номи омилони ҷангҳоро наслҳои инсонӣ ҳамвора ба зиштӣ ёдовар шуда, чеҳраву аъмоли Искандарҳову Чингизҳо ва Темуру Гитлерҳоро аз хотири хеш фаромӯш насохтаанд. 
Хушбахтона, дар қатори кавданҳову фурӯмоягон ҳамвора ашхоси наҷиби сулҳхоҳ низ, чун посух ба ниёзи ҷомеаҳои абгору фартут зуҳур карда, шиддати муқовимату рӯёрӯиҳоро коҳиш дода, мардумони ҷабрдидаро бо паёми оштиву созандагӣ навид додаанд.


Аз миён бархост ногаҳ тоҷбарсар тоҷике,
Мулкро кард аз хатар огаҳ бофар тоҷике.
Тоҷиконро ҷамъ овард, аз ҳама дар тоҷике,
Зарра-зарра ҳамчу аз реги равон зар тоҷике.

Сулҳи тоҷикон, бе ҳеҷ муболиға, дастоварди нодири охири асри XX ва қарни ҳозира маҳсуб меёбад. Қаҳрамони асили сулҳ мардуми шарафманди тоҷик аст, зеро сулҳ дар фарҳанги миллӣ масъалаи асил ва решадорест, ки иртиботу пайванди ногусастанӣ бо табиати созандаву бунёдгаронаи аҷдодони мо дорад. Мардуме, ки тамоми таърих мавриди ҳуҷуми бегонагон қарор гирифта, заминаи рӯзгорро аз хуни хеш гулгун сохтааст, неъмати сулҳро беш аз дигарон арҷ мегузорад. Дар ин марҳила низ нидои модарон, оҳи падарон ва фарёди мустамандону мазлумон, ҷонибҳои даргирро ба андеша овард ва қалби сангини камондоронро низ ларзонид. 
Имрӯз мо соҳиби истиқлолият, сулҳу ваҳдат ҳастем. Мо – ҷавонон, бояд шукронаи он кунем, ки дар чунин як давлати ободу зебо зиндагонӣ намуда, аз обу хок ва ҳавои он озодона нафас мекашем, шукронаи онро мекунем, ки давлати азизамон Тоҷикистон чунин як шароити муътадилро бароямон фароҳам овардааст. Банда низ як ҷавоне мебошам, ки соли ҷорӣ бо дастгирии раёсати Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо дастуру ҳидоятҳои собиқ ректори он устод Солеҳзода Ашурбой Абдулвоҳид дар озмуни «Донишҷӯи сол» иштирок намуда, сазовори ҷои дуюм гаштам ва шукри он мекунам, ки дар фазои озоду ободи кишвар барои баланд бардоштани донишу малакаи худ саъю кӯшиш менамоям. 
Тоҷикистон давлатест, ки ҳафтод дар сади аҳолии онро ҷавонони то 30 сола ташкил медиҳанд. Таваҷҷуҳ ба насли ҷавон дар кишвари мо ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ хеле зиёд мебошад. 
Дастоварде, ки дар сиёсати давлатии ҷавонон афзалияти муҳим дорад, ин созмон ёфтани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон мебошад. Инчунин барои сиёсати давлатӣ ҷавонон якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон ва ғайрав пай дар пай амалӣ гардида истодаанд.
Албатта, моро зарур аст, ки ҳаматарафа тайёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, давлати худро дӯст дорем, арзишҳои муқаддаси онро ҳифз намоем, онро аз таъсири манфии давлатҳои хориҷи кишвар нигоҳ дорем, фарҳанги худро дӯст дошта, таърихи бой ва қадимаи онро ҳифз намоем, ба ҳама мушкилоти зиндагӣ тоқатовар бошем, то ки ояндагон дарк намоянд, ки аҷдодони мо барои ба даст овардани давлату миллати худ ва ташаккул додани он ҷоннисориҳо намудаанд.
Вақте ки мо, ҷавононро, умеди фардо, неруи ояндаи давлату миллат меҳисобанд, ин суханон як шиори холӣ набуда, балки маҳз бо ҷавонон вобаставу пайваста будани ояндаи давлату миллатро ҳамчун як воқеият баён мекунанд. Зеро давлате, ки дар бораи насли ҷавони худ меандешад, дар асл ояндаи миллати худро таъмин ва устувор месозад. Фикр мекунам, ки мо бояд дар рушди ҷомеаи худ саҳмгузор буда, барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат бештар кӯшиш намуда, мутахассисони баланди соҳаи интихобнамудаи худ гашта, ба халқу ватанамон хизмат намоем.


Дилнора Амонова, донишҷӯи курси 3-юми факултети молия ва қарз