Мақолаҳо
Аҳамияти Соли ҷавонон
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид, ки ин як иқдоми саривақтӣ дар самти тарбияи шахсияти ҷавонон мебошад. Ҷавонони мо дар ин сол метавонанд худро ба ҷомеа бештар муаррифӣ намуда, ҳамқадами замон будани худро нишон диҳанд.
Пешвои миллат ба ҷавонон такя карда, онҳоро созандагони Ватан, неруи созанда, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ном мебаранд. Воқеан ҷавононро ҳамеша неруи пешбаранда ва ояндаи давлат унвон мекунанд, чунки ҷавонӣ давраи пешрафт, омӯхтани касбу дониш ва мустаҳкам сохтани мавқеи худ дар ҷомеа мебошад.
Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, доир ба такмил ёфтани он пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд. Боиси ифтихор аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 июни соли 2015 дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсия Россия ҳангоми суханронӣ аз ҷавонони ҷаҳон пуштибонӣ намуда, пешниҳод намуданд, ки яке аз солҳо дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Соли ҷавонон» қабул гардад, ки дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳоди мазкур саривақтӣ буда, аз ҳар ҷиҳат боиси дастгирист. Ин иқдом дар самти такмилёбии сиёсати байлалмилалии ҷавонон, мубодилаи ҷаҳонбинии онҳо, аз худ намудани таҷриба, татбиқи ғояҳои нав ва ҳамкории бисёрҷонибаи сиёсати ҷавонон нақши муассир дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин давлатҳоест, ки санади меъёрии ҳуқуқии хешро дар самти сиёсати давлатии ҷавонон 13 марти соли 1992 қабул намуда, соли 1997 мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонон - Кумитаи кор бо ҷавононро таъсис дод. Баъдтар ин кумита Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ном гирифт.
Боиси хушнудӣ ва фараҳмандист, ки имрӯзҳо маҳз бо талошҳои пайваста ва ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри ҳарчи намоёнтар кардани чеҳраи ҷавонон дар олами сиёсат як қатор тадбирҳои судманд ва саривақтӣ андешида шудааст.
Аз оғози замони осоиштагӣ ва хотирҷамъӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруи тавонову ояндаофари давлату миллат - ҷавонони худшиносу худогоҳ эътимоди қавӣ бастааст. Пешниҳоду ибтикори онҳоро дастгирӣ мекунад ва ҷиҳати ҳавасманд гардонидану муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ ва таҳсил барои онҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Барои амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон роҳбарияти олии мамлакат нақшаву барномаҳои зиёдеро татбиқ карда, барои ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ҷиҳати омӯзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Таъсис додани квотаи президентӣ ҳанӯз соли 1997 дар навбати аввал барои духтарони дурдасти мамлакат ва дар марҳилаи навбатӣ соли 2004 барои писарон далели воқеии ин гуфтаҳост. Ин иқдом бо мақсади таъмин намудани ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ бо мутахассисони таҳсилоти олидор пешбинӣ гардидааст. Барои мисол, ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонон дар тӯли солҳои истиқлолият як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ ва номӣ, квотаи президентӣ, стипендияи байналмилалии президентӣ «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, дастгириҳои давлатӣ оид ба ҷудо намудани манзил ва қитъаи замин муқаррар шуда, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ шуда истодаанд. Яке аз дастгириҳои дигари Пешвои миллат барои ҷавонон ин таъсис додани Маркази миллии тестӣ мебошад, ки ҳамасола зиёда аз 35 ҳазор ҷавонони кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дохил мешаванд.
Илова бар ин, ба хотири таҳким бахшидани робита миёни Пешвои миллат ва ҷавонони мамлакат дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст, ки ҳадафи асосии он татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад. Шӯрои мазкур барои густариши фаъолияти ҷавонон заминаи устувор фароҳам оварда, ҳар як ибтикори шоистаи онҳоро ба хотири рушди Тоҷикистони маҳбубамон пуштибонӣ мекунанд.
Барои ҷавонон ҷиҳати аз бар намудани илмҳои замонавӣ тамоми шароитҳо муҳаёст ва ин аст, ки рӯз то рӯз таваҷҷуҳи ҷавонон ба хондани китобу китобдорӣ зиёд мегардад. Айни замон ҷавонони кишвар ба корҳои илмию тадқиқотӣ таваҷҷуҳи хоса доранд, рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя менамоянд. Дар ДМИТ низ ҷавонони зиёд ба самти илм майл доранд ва ҳамасола дар бахши аспирантура ва докторантураи донишкада 15-20 нафарӣ дохил шуда, кори тадқиқотӣ мебаранд. Барои пеш бурдани корҳои илмию тадқиқотӣ тамоми шароитҳои лозима муҳайёст, аз ҷумла дар донишкада китобхонаи илмӣ ва электронӣ амал менамояд, ки дар базаи он тамоми воситаҳои таълимии замонавӣ барои донишҷӯён, устодон ва муҳаққиқони ҷавон мавҷуданд. Инчунин дар донишкада хобгоҳҳои замонавӣ бо зиёда аз ҳазор ҷойи зист муҳайё мебошад, ки ин ҳам барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ мусоидат менамояд.
З-ин рў ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавонон бояд Соли ҷавононро бо дастовардҳою ташаббусҳои созанда пешвоз гирифта, дар рушду нумуи кишвар саҳми воқеан назаррас гузоранд.
Ё. ТИЛАБОВ,
сардори шуъбаи илми раёсати илм ва инноватсия