Мақолаҳо
Мақоми зан дар таърихи навини Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занонро дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, баҳри амалӣ намудани он тайи 25 соли соҳибистиқлолӣ зина ба зина чораҳои мушаххасро амалӣ менамояд.
Қабули як силсила фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, консепсияҳо, нақшаву барномаҳои давлатӣ дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон ва оид ба масъалаҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки баҳри таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ ва фаъолияти онҳо дар раванди идоракунии давлат такони ҷиддӣ бахшиданд.
Фармони Пешвои миллат аз 3 декабри соли 1999, таҳти №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар таъмини иштироки воқеии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат нақши муҳим бозид.
Ҳадафи дигари Ҳукумати ҷумҳурӣ аз қабули санадҳои зикршуда пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад.
Сарвари маҳбуби кишвар бо заковати азалӣ ва неруи созандаи занони фарзонаю оқилаи тоҷик ҳамеша такя менамоянд, зеро онҳо дар ба ҷо овардани рисолати аслии худ, таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту худшинос саҳми босазо мегузоранд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доим дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Ҳамин сиёсати дастгирии занон аст, ки имрӯз дар парлумони кишвар 13 нафар зан, яъне 20% ва дар Маҷлиси миллӣ 23% занон намояндагӣ доранд. Дар мақомоти судӣ 21% ва дар мақомоти иҷроияи давлатӣ дар маҳалҳо 25% занон фаъолият менамоянд.
Натиҷаи дастгирӣ ва эътимод ба донишу маҳорати занон буд, ки танҳо дар 25 соли Истиқлолияти кишвар шумораи вазирзанон 7 нафар шуданд, ки аз шумораи вазирзанони 70 соли Шӯравӣ болотар аст. Дар мансаби муовинони сарвазир 6 нафар зан дар солҳои гуногуни даврони истиқлолият доир ба масъалаҳои идеологӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ адои вазифа намудаанд. Тамара Абдушукурова – вазири фарҳанг солҳои 1990-1992; Бозгул Додхудоева - вазири маориф солҳои 1992-1994; Мунира Иноятова – вазири маориф солҳои 1994-2000; Рафиқа Мусоева – вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ, солҳои 2001-2003; Қимат Рустамова - вазири ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ солҳои 2000-2003; Раъно Абдураҳмонова - вазири тандурустӣ солҳои 2003-2004; Сумангул Тағойзода (Тағоева) - солҳои 2013-то ҳол.
Боиси хушнудист, ки имрӯз дар ҷодаи илм беш аз 1000 нафар занони донишманд ва бомаърифати тоҷик пурмаҳсул заҳмат мекашанд. Бояд гуфт, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ масъалаҳои ҷалб кардани занон ба идораҳои давлатӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои онҳо, андешидани тадбирҳо доир ба беҳтар кардани саломатии модару кӯдак ва масоили дигар тадриҷан ҳаллу фасл мегардад.
Новобаста ба мартаба ва мансаби ишғолкарда, ҳар як роҳбар, ки ба ӯ мансаби муайян ва вобаста ба он ваколатҳои мушаххас бовар карда шудаанд, бояд пеш аз ҳама, ба ин мақом лоиқ буданро ба натиҷаи фаъолияти хуби худ собит созад. Зан-роҳбар бояд хоксор, хушмуомила ва дорои рафтори намунавӣ буда, ба вазифааш содиқ бошад ва аз уҳдаи идоракунии ҳайати кормандон барояд. Дигаронро гӯш карда тавонад, дар байни мардум бошад ва дар ҳалли муаммоҳои онҳо дасти мадад дароз карда, ҳамеша кӯшиш намояд, то дар рафтору муносибат барои дигарон намунаи ибрат бошад.
Дар таърихи навини Тоҷикистон занон дар фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, мақоми олии қонунбарор, мақомоти интизомӣ, маорифу тандурустӣ ва ғайра нақши шоиста доранд. Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ шумораи занони роҳбарикунанда тадриҷан аз ҳисоби бонувони соҳибтаҷриба ва кордон меафзояд. Бонувон дар вазифаи муовини ректор, директори пажӯҳишгоҳ, мудири кафедра, сардори шуъба ва ба ҳамин монанд самаранок кору фаъолият мебаранд. Донишҷӯдухтарон низ фаъол буда, бо хониши аъло, рафтори намунавӣ ва иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ донишкадаро муаррифӣ менамоянд.
Боварию эътимоди мо бар он аст, ки нақшу мақоми зан-модар минбаъд низ дар ташаккули ҷомеа, пешрафту шукуфоии Ватани азизамон, дар тарбияи инсони солиму комил муассир ва бориз мегардад. Итминони комил дорем, ки занони кишварамон дар оянда низ баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.
Зулфия Ахмедова, муовини ректор оид ба тарбия