Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Суханро қувваи бузург аст

Феълан васоити ахбори омма (ВАО) дар ҷомеа мавқеи хоса пайдо карда, манбаи муҳимми таъсиргузори иттилоотии ҷомеа ба шумор меравад. Он ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муассир расонида, ба рушду густариши сатҳи маърифатнокӣ, огоҳӣ, мутобиқшавӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ ва монанди инҳо мусоидат менамояд. Таҷрибаи Тоҷикистон низ нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.
ВАО неруи бисёр тавонои нуфуз ва таъсир ба тафаккури одамон буда, василаи муассири талқини идеология мебошад ва беҳуда онро «ҳокимияти чорум» наменоманд.
Мусаллам аст, ки бо рушди илму технологияҳо ва рӯи кор омадани Интернет нашрияҳои электронӣ маъруфият пайдо карданд, зеро он бо сареъияту фаврият ва дастрасии худ фарқ мекунад. Имрӯзҳо таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа бештар ба ин навъи васоити иттилоърасонӣ нигаронида шуда, аз он васеъ истифода мебаранд.
Бояд гуфт, ки дар замони имрӯзаи бархӯрди тамаддунҳо бархе аз ҷараёнҳои тундгаро ВАО-ро воситаи асосии таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷомеа ва ҷалб намудан ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва барои манфиати худ истифода мебаранд. Сухан ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муассир расонида, метавонад онро таѓйир диҳад. ВАО бояд танҳо барои созандагиву ободкорӣ ва ислоҳи камбудиҳо хизмат кунад. Неруи сухан бузург буда, метавонад омили пешбарандаи ҷомеа бошад. Матбуот вазифадор аст оммаро ба созандагӣ даъват намояд. Навиштаи журналист бояд ба сатҳи маърифатнокии ҷомеа таъсир расонда, онро баланд бардорад, чун он ба хотири пешрафт ва ислоҳи камбудиҳо нашр мешавад, рисолати худро иҷро намояд.
Нашрияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон – рӯзномаи «Молия ва иқтисод» низ дар пур кардани фазои иттилоотии ҷомеа нақши худро мегузорад. Нашрия ҳаёти ҳамарӯзаи донишкадаро дар саҳифаҳояш инъикос намуда, дар як вақт хабарҳои тозаи муҳим дар шакли электронӣ дар сомонаи донишкада ҷой дода мешаванд, ки ин ҳама ҷиҳати муаррифии ин боргоҳи маърифат саҳм мегузорад. Ҳайати эҷодии рӯзнома, ки ҳама журналистони касбӣ ва ботаҷрибаанд, пайваста дар пайи эҷод, навоварӣ, воқеънигорӣ ва ҷолибсозии рӯзнома мекӯшанд.
Муҳимтарин дастоварди журналист эътимоди хонанда, шунаванда ва бинанда буда, беҳтарин роҳи нигоҳ доштани он саҳеҳияти баён аст, гуфтааст бузурге. Аз ин рӯ, ҳайати эҷодӣ мекӯшанд, ки боварии хонандаро сазовор буда, қалами худро барои созандагӣ ва ҳақиқатнигорӣ истифода баранд ва бо дастгирии хонанда рӯзномаро ҷолибтар кунанд. 
Рӯзнома барои хонанда аст ва бояд гуфт, ки нашрияе, ки хонанда надошта бошад, ҳеҷ аст. Аз ин рӯ, аҳли эҷоди рӯзномаи «Молия ва иқтисод» бо дарки масъулият ба рисолати хеш пардохта, дар эҷоду муаррифии донишкада саҳми босазое мегузоранд ва то дараҷае метавон гуфт, ки маводи тоза ва хондание баҳри хонандаи худ пешниҳод мекунанд. 
Хуллас, хидмати рӯзноманигорон дар нақши сухани пуртаъсири эшон ифода меёбад, ки бешубҳа, бояд бо қалами созанда, ҷуръат ва ҳақиқатнигорӣ мусаллаҳ бошанд. Дар иди касбӣ ба тамоми журналистон парвози эҷодии баландро таманно дорам.


Машҳура Абдуллоева