Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Шогун, баҳор муборак!

Ҷашни Наврӯз садсолаҳо боз дар байни муҳаққиқон мавриди омӯзиш қарор дошта бошад ҳам, то ҳол паҳлуҳои алоҳидаи он ба таҳқиқ ниёз дорад. Мусаллам аст, ки таърихи пайдоиш ва ташаккули Наврӯз ба нахустин рӯзи Фарвардин ва моҳи Ҳамал рост меояд. Ин сана ба даврае тааллуқ дорад, ки касби деҳқонӣ-заминкорӣ ба вуҷуд омада, инкишоф ёфтааст ва дар заминаи он дигар унсурҳои фарҳангу тамаддун рӯ ба пойдорӣ оварданд. Азбаски оғози корҳои деҳқонӣ ба маросими Наврӯз ҳамбастагии зич дорад, вобаста ба чанд русуму таомулоти дигари он дар маҳалҳои ҷудогонаи Бадахшон ибрози назар мекунем.
Наврӯз дар Бадахшон яке аз ҷашнҳои қадима аст ва сокинони ин минтақаи кӯҳистони кишвар ҳангоми таҷлил аз он маросим ва ойинҳои мухталифе баргузор мекунанд. Наврӯзи Бадахшон бо бархе аз вижагиҳояш аз ҷашни Наврӯзи дигар минтақаҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон мутафовит аст. Бо таваҷҷуҳ ба савобиқи таърихӣ ва беҳтар ҳифз шудани ойинҳои наврӯзӣ дар Бадахшон баргузории бархе аз маросим хеле пештар аз вуруди Фарвардин оғоз меёбад.
Яке аз суннатҳои мардуми Бадахшон ҳангоми истиқбол аз Наврӯз субҳи барвақт ба тоза кардани манзил мепардозанд, аммо таҷлил аз Наврӯзро бо бедор кардани ҳамдигар аз хоб оғоз мекунанд. Дар Мурғоб он соли нави мусулмонӣ маҳсуб мешавад. Мардум аз он бо шукӯҳу шаҳомати зиёде таҷлил мекунанд. Сокинони рустоҳо дар ин рӯз дар як ҷо таҷаммуъ карда, ойинҳои мухталифи миллӣ ва мусобиқоти варзишӣ баргузор мекунанд. Дар ин ҷашнвора ҳамчунин теъдоде аз ҷавонони Мурғоб ойинҳо, либосҳо ва ғизоҳои наврӯзии худро ба намоиш мегузоранд.
Дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон пеш аз дамидани субҳ марди хона ба дарёча рафта, об оварда, аз равзани хона тавассути коса ё пиёла се маротиба ба хона об мерезад ва мегӯяд: «Об бибор, борон бибор, шир бибор, равған бибор».
Дар деҳаҳои Рӯшони Бадахшон пеш аз тоза кардани хона ва пухтани хӯрокиҳои идона соҳибхоназан ё мард саҳарии барвақт ба чашма барои об меравад. Ҳамон касе, ки барои оббиёрӣ меравад, бояд аз хона то сари чашма ё дарё ва аз он ҷо то хона ба касе сухан нагӯяд. Ҳангоми обгирӣ ба даруни сатил чанд дона сангча меандозад, ки ин сангчаҳо рамзи баракат ва шодмонӣ маҳсуб меёбанд. Обро ба хона оварда, як қисмашро ба хамир меандозанд ва як қисми дигарашро барои пухтани хӯроке, ки аз каллаву почаи гӯсфанд ва рӯдаҳои он бо гандуми нимкӯфта пухта мешавад, истифода мебаранд. Аз бозмондааш ҳамаи аҳли хонавода кам-кам менӯшанд, ки он шугуни нек ҳисоб мешавад.
Дар водии Шохдара ҳангоми пухтани боҷ дар гӯшаҳои дег анвоъе аз зироатро мегузоранд. Масалан, дар як гӯшаки дег боқило, дар гӯшаки дигар ҷав, дар гӯшаки севум арзан ва дар гӯшаки чаҳорум гандум мегузоранд. Ҳангоми пухтани боҷ соҳибхона мунтазири ҷӯшидани оби дег мешавад ва мушоҳида мекунад, ки об аз кадом тараф зудтар меҷӯшад. Масалан, агар оби ҷониби гӯшаки чаҳорум зудтар биҷӯшад, ин маънои онро дорад, ки дар ҳамон сол ҳосили ин навъи зироат фаровон мешавад.
Дар забонҳои помирӣ Наврӯзро Хидирайём (иди калон), Шогунайём (иди фоли нек) номида, вобаста ба Наврӯз боз чунин анъанот мавҷуданд: хирпичор, хирпапуз, хирфирепт, граваш, хирчизӯн, батайём, ғамонд, хиҷзивест.
Дар бархе аз манотиқи Бадахшон Наврӯз бо номи "Шогун" ёд мешавад, ки маънояш фоли нек гирифтан аст. Мардум таваққуъоти худро аз Наврӯз ва баҳор бо иҷрои маросими мухталиф баён мекунанд. Дар Бадахшон «Шогун баҳор муборак!» ва дар ҷавоб «Ба рӯйи Шумо муборак!» гуфта, табрик кардани ҳамдигар дар рӯзҳои наврӯзӣ расм шудааст. Дар баъзе мавзеъҳои Вахон «Лос-лос, Шогун баҳор муборак» низ мегӯянд. Дар арафаи Наврӯз ҳамсояҳо ё хешони наздик ба хонаи аҳли хонаводаи мусибатзада омада, либосу анҷоми онҳоро шустаю пок месозанд, дар кори хоҷагияшон ёрӣ мерасонанд ва онҳоро барои истиқболи Наврӯз омода месозанд. Кӯшиш мекунанд, ки ғаму андуҳи онҳоро сабук гардонда, боз ба зиндагӣ онҳоро дилгарм намоянд ва водор созанд, ки бо рӯҳияи баланд Наврӯзро истиқбол гиранд. Ҳамчунин русуми ҷорӯббандӣ (видирмвист) ва идгардак (хонагаштак)-ро низ аз хонаи мусибатзада оғоз менамоянд.
Бозиҳои наврӯзии кӯдакон дар Бадахшон "килоғузғуз" ё "талаб-талаб" аст, ки ин анъана хос аст ба мардуми Бадахшон. Кӯдакон ҳангоми иҷрои он рӯсариҳоеро ба даст гирифта, ба бомҳои хонаҳо мебароянд ва аз равзана онро ба даруни хона меандозанд. Онҳо сурудҳои вижае мехонанд, ки соҳибхона бо шунидани он бояд дар рӯсарии ин кӯдакон шириние бибандад.
Ба гуфтаи бархе аз донандагони суннатҳои маҳаллӣ бисёре аз маросими наврӯзӣ дар Бадахшон аз ойинҳои зартуштӣ ва меҳрпарастии ориёӣ бозмондаанд. Аммо сунани дигаре низ ҳастанд, ки хусусиёти исломӣ ба худ гирифтаанд. Ин вижа дар дуоҳои наврӯзии мардуми ин минтақа мушоҳида мешавад.
Суннати дигари мардуми Бадахшон дар гузашта ин будааст, ки ҳангоми хостгорӣ кардани духтар дар рӯзи Наврӯз волидайнаш бидуни пешниҳоди шарт ба издивоҷи ӯ ризоят медоданд. Аммо имрӯз ин суннат аз байн рафтааст. Ҳадафи ин гуфтаҳои мо ин аст, ки ба хонандагон ёдоварӣ кунем, ки мо чунин суннате доштем ва онҳо бояд суннатҳои куҳанро фаромӯш накунанд. Аммо дар маҷмӯъ, дар Бадашон Наврӯз ҷашне инсонӣ, миллӣ ва мазҳабӣ, ҷашни хешовандии инсону табиат, ҷашни эҳё шудан, саховат, меҳрубониву афв, хушҳоливу ғамзудоӣ ва фоли нек гирифтану оғози навсозиҳост.


Муборак бод Наврӯз бар тоҷику бар тоҷикистонӣ,
Азизони дилу дида, муборак иди орёнӣ.

Алихон Мирзоҷонов, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-25010803, факултети ҳисобдорӣ ва омор