Мақолаҳо
Саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеаи демократӣ
Рӯ овардан ба қувваи бузурги давлат - ҷавонон барои ҳар як халқу давлат самараи хуб ба бор меорад ва боиси рушду нумӯи давлатдорӣ мегардад. Аз ин рӯ, имрӯз дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон нақши калидӣ доранд.
Агар ба таърихи давлатдории навини тоҷикон, даврони Истиқлолият назар афканем, дастовардҳои муҳимми иқтисодиву сиёсӣ, илмию фарҳангӣ ва техникиву истеҳсолиро пешорӯи худ мебинем. Бинобар ин бояд садҳо фарзандони фарзонаи миллатро, ки барои ҳифзу озодии Ватан, нигоҳ доштани шаъну шарафи миллат дар барқарор ва нигоҳ доштани ин марзу бум ва якпорчагии он ҷонбозиҳо кардаанд, чун гавҳари чашм нигоҳ дорем. Мо, ҷавонон бояд ба қадри Ватан бирасем ва ҳар як зарраи хоки онро азизу муқаддас шуморем.
Ҳамаи ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати ҷавонон аз он дарак медиҳанд, ки мо дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо бо донишу хиради азалӣ ва корҳои илмӣ-тадқиқотии худ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоем.
Пешвои миллат дар роҳи бунёди давлати соҳибтамаддун ва нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ нақши ҷавононро хеле бориз арзёбӣ менамоянд. Аз ҷумла, дар мулоқот бо ҷавонони кишвар соли 2013 Роҳбари давлат чунин таъкид намуда буданд: «Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил гардидан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад ва ҳамин буд, ки то имрӯз баҳри худташаккулёбӣ ва рушди ҷавонон тадбирҳои зиёде татбиқ гардиданд».
Айни замон вобаста ба татбиқи афзалиятҳои сиёсати давлатии ҷавонон қарору қонунҳои зиёд, ба монанди: «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020, Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон ва Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд.
Таваҷҷуҳи асосӣ нисбати ҷавонон дар Паёми навбатии Президенти мамлакат шаҳодати он аст, ки имрӯз ва фардои дурахшони кишвар ба уҳдаи мо - ҷавонон гузошта шудааст. Исботи ин ҳама гуфтаҳо, эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» мебошад.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аввалин шуда, ҷавонони далер ва ватандӯст саҳмгузор буданд. Сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро ҷавонон дастгирӣ карда, дар ҷодаи истиқрори сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ як қатор чорабиниҳои фарҳангию фароғатиро анҷом дода истодаанд.
Барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳар як ҷавони боору номуси кишварро мебояд то дар худ ҳисси ватандӯстӣ ва ғурури миллӣ дошта бошад, то ки дар пешрафт ва рушду нумӯи ҷомеаи демократӣ саҳми арзанда гузорад ва донишҳои сиёсии худро қавӣ гардонида, ба ин васила, зиракии сиёсиро аз даст надиҳад.
Мардон Бухориев,
эдвайзер оид ба тарбияи факултети МИБ