Мақолаҳо
Сарвати бебаҳотарини дунё
Дар тўли таърих одамон барои об мубориза ва муноқишаҳои зиёде бурдаанд. Ҳоло низ як қисми низоъ дар сайёра ба хотири об мебошад. Дастрасӣ ба оби тоза-масъалаи башарии инсоният буда, он ба кулли кишварҳои ҷаҳон дахл дорад.
Шурўъ аз соли 1993 бо Қарори Ассамблеяи Генералии СММ 22-юми март Рўзи умумиҷаҳонии об ё худ Рўзи захираҳои обӣ таҷлил мегардад. Ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ дар резолютсияи худ ба кулли кишварҳои дунё пешниҳод карда буд, ки ба хотири ҳифзи захираҳои обӣ ин рўзро таҷлил карда, чорабиниҳои иҷтимоӣ баргузор намоянд. Ба ҷуз ин, ба қароре омаданд, ки ҳар соле чорабиниро ба як мавзўи мушаххас бахшанд. Масалан, соли 2010 ин чорабинӣ бо шиори «Оби тоза барои саломатии олам», соли 2011 - «Об барои шаҳрҳо», соли 2012 - «Об ва амнияти озуқаворӣ», соли 2013 - «Ҳамкорӣ дар соҳаи об», соли 2014 - «Об ва энергия», соли 2015 - «Об ва рушди устувор» баргузор гардид. Соли 2016 бошад, вобаста ба мавзўи «Захираҳои обӣ ва таъмини ҷойҳои корӣ» чорабиниҳо доир гашт.
Аз байни кулли неъматҳои замин об хусусиятҳои фарқкунанда ва бартарӣ дорад. Геологи машҳури шўравӣ А. П. Карпинский гуфта буд, ки дар замин аз об дида, сарвати табиии қимате вуҷуд надорад ва дошта ҳам наметавонад. Зеро он асоси зиндагӣ аст.
Бе об инсон вуҷуд дошта наметавонад. Об, пеш аз ҳама, дар соҳаи кишоварзӣ масраф мегардад. Бисёрии олимон бар он назаранд, ки масъалаи норасоии об дар дунё вуҷуд надорад, балки истифодаи ғайримақсадноки он боиси ташвиш аст. Кишварҳое, ки захираҳои обии бузург доранд, Бразилия, Россия, Канада ва Тоҷикистон мебошанд. Масъалаи норасоии оби тоза ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ дар миёнаи асри XXI низ ҳамоно чун масъалаи муҳимтарини глобалӣ боқӣ мемонад.
Дар замони ҳозира қариб 700 миллион сокини сайёра аз 43 кишвари дунё аз норасоии об танқисӣ мекашанд. Соли 2025 беш аз 3 миллиард одам бо ин мушкилот дучор мешаванд. Инсоният бояд дарк намояд, ки захираҳои обӣ тамомшаванда нестанд. Онро бояд самаранок масраф созем. Саломатӣ ва ҳаёти одамон аз сифат ва миқдори об вобаста аст. Дар кўли чуқуртарини дунё – Байкал тахминан 20%-и оби тозаи ҷаҳон мавҷуд аст. Ба ҷуз ин дар Россия 2290 обанбор, ки ҳаҷмашон беш аз 1 млн. м. куб. аст, вуҷуд дорад. Аз ин хотир, Россия дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи ин сарвати бебаҳо масъулият дорад.
Коршиносон ҳисоб кардаанд, ки аз истифодаи оби бесифат назар дар ҷангҳо бештар одамон вафот мекунанд. Ҳарчанд дар сайёраи мо об фаровон аст, вале тахминан ҳамагӣ 1%-и он барои истифода дастрас аст. Дар давоми 50 сол дар дарёҳои бузургтарини сайёра камшавии об ба назар мерасад. Ба ин тайғирёбии иқлим ва афзудани аҳолии замин сабаб гаштааст.
Ба ҳисоби миёна, барои ҳар як одам рўзе 20 литр об барои нўшидан, омодасозии ғизо ва гигиенаи шахсӣ сарф мегардад. Барои бисёрии сокинони Африқои шарқӣ бошад, ҳамагӣ 5 литр дар як рўз ва ё ҳатто 1 литр рост меояд.
Таҷлили Рўзи умумиҷаҳонии об дар сайёра - ин бори дигар ҳушдор додан ба сокинон аст, ки ба қадри сарвати бебаҳотарин - об бирасем. Нагузорем, ки захираҳои обии замин ғайримақсаднок ва нооқилона истифода шаванд, ба ҳаёти аҳли башар марг таҳдид намояд.
Албатта, ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи оқилонаи об дар ҷаҳон назаррас буда, маҳз бо пешниҳоди Сарвари давлати мо аз минбари баланди СММ як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ доир шуданд. Аз ин хотир, мизбони қисми зиёди ин конфронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ маҳз Тоҷикистон буд. Чӣ тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ дар Саммити об дар Будапешт 28 ноябри соли 2016 зикр намуданд, бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии оби ошомиданӣ (2003) ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018-2028) –ро эълон кард. Чорабиниҳои глобалии мазкур дар таҳкими фаҳму дарки аҳамияти об чи барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи экологӣ ва чи дар таъмини сулҳу субот ва рушд саҳми шоёни худро гузоштанд.
Коршиноси русиягӣ Аждар Куртов дар яке аз мақолаҳои худ нигоштааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон на ҳамеша метавонанд ба кишварҳои поёноби ҳамсояи худ ҳаҷми зиёди обро диҳанд. Зеро ин ду кишвар низ ба захираҳои обӣ ниёз доранд ва аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбатан камбизоат ба шумор мераванд. Ҳалли масъалаҳои беҳдошти зиндагии мардум бидуни муосиркунонии маҷмўи хоҷагии халқ ва сармоягузорӣ ба даст намеояд. Табиист, ки ба ин комёбиҳо бе истиқлолияти энергетикӣ ноил шудан ғайрииимкон аст.
Мусаллам аст, ки ду дарёи бузургтарини Осиёи Марказӣ - Амударё ва Сирдарё маҳз аз ҳудуди Тоҷикистон ва Қирғизистон сарчашма ва ташаккул мегиранд. (74% Амударё дар Тоҷикистон ва 75,2% Сирдарё дар Қирғизистон ташаккул меёбанд. Ниг.ба расм) Маҳз ҳамин омил Ўзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистонро нигарон кардааст. Ин кишварҳо даъво доранд, ки аз сабаби истифодаи нооқилонаи об заминҳои кораму пахтазори онҳо осеб дида, буҳрони баҳри Арал боиси пайдоиши бемориҳо гаштааст. Дуруст аст, ки захираҳои обии Осиёи Марказӣ ба таври мақсаднок ва сарфакорона истифода намешаванд. Вале гунаҳкорони асосӣ на ин ки кишварҳои тавлидкунандаи об - Тоҷикистон ва Қирғизистон, балки худи кишварҳои поёноб ҳастанд, ки нақшабандии нодурусташон ба ин ҳолат оварда расонидааст.
Насрулло Тўйчизода, муҳаррири шуъбаи табъу нашр
Мақолаи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст. Муҳтавои мақола масъулияти муаллифи он буда, мавқеи Иттиҳоди Аврупоро ифода намекунад.