Мақолаҳо
Ҷавононро шукӯҳу нанг мезебад!
Соли ҷавонон фурсатест барои амалисозии имкониятҳову нақшаҳо!
Соли ҷавонон ғаниматест баҳри бунёди базаи зеҳнӣ!
Соли ҷавонон соли масъулияту хештаншиносист!
Соли ҷавонон соли амалинамоии ниятҳои неку солиму созанда…
Тавсифи Соли ҷавононро мо метавонем идома диҳем, вале агар донишҷӯёни мо танҳо ин гуфтаҳоро дар амал ва ҳаёти ҳамарӯзаи хеш татбиқ созанд, муваффақ хоҳанд гашт.
Ҷавониро давраи муҳимми умри инсон ва донишҷӯиро замони тиллоӣ меноманд, ки ҳақ асту рост. Зеро дар ин айём инсон имконияту шароите дорад, ки мавқею мақоми худро дар ҷомеа муайян созад ва заминаи хубе барои рушди шахсияти хеш гузорад.
Донишҷӯён нафаронеанд, ки аллакай аз як зинаи таҳсилу кор, яъне интихоби касб гузаштаанд. Пас онҳоро мебояд, ки дар омӯзиши касбу ҳунар дилгарму самимӣ бошанд ва дар муносибат бо фанҳои тадрисшаванда ва устодон соҳибэҳтирому ҷиддӣ рафтор намоянд.
Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон амалинамоии сиёсати давлатии ҷавонон пурра инъикоси худро ёфтааст, ки таъсиси шуъбаи кор бо ҷавонон ва пайваста доир намудани суҳбату вохӯриҳо бо ин насли ояндасоз гувоҳи возеҳи ин гуфтаҳост.
Ҳамкориҳо бо вазорату сохторҳои гуногун, хусусан бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ ба роҳ монда шуда, донишҷӯён дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва озмуну олимпиадаҳои ин кумитаи масъул ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Дар ин радиф, мо метавонем аз саҳми ҷавонони варзишгари донишкада ёдрас шавем, ки дар баробари аз бар намудани донишҳои замони муосир, инчунин пайи тамрин машғул гардида, дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат меварзанд ва ҷойҳои намоён ва ифтихориро ишғол карда, номи донишкадаро дар ҷумҳурӣ боло мебардоранд.
Чун аз баргузории мулоқотҳои судманд ҳарф задем, метавон гуфт, ки имсол донишкада иқдомҳои ҷадидеро рӯйи даст гирифт. Сафари ҷавонони донишкада ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон барои иштирок дар Форуми сайёр ва олимпиадаи байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ширкати фаъол дар барномаи фарҳангии «Маҳфили зарифон», баргузории аксия бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён, вохӯрӣ бо донишҷӯёни фаъол, ҳамчунин донишҷӯдухтарони донишкада, ки дар хобгоҳ истиқомат менамоянд ва сафарбарнамоӣ дар чорабиниҳову шанбегиҳои пойтахт аз зумраи ташаббусҳои ҷадиду наҷиб мебошанд.
Масъалаи муҳимми дигари ҳаёти ҷавонон ин самаранок истифода бурдани вақт мебошад, зеро онҳо чун дурахшандагони ҷомеа шинохта шуда, мебояд, ки ҳушёру зирак бошанд ва ҳар лаҳзаи умри хешро баҳри омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва хондани адабиёти илмиву бадеӣ пурсамар истифода баранд.
Китоб беҳтарин дӯст, ғанигардонандаи дунёи ботинии шахс аст ва касро аз ҷаҳолату нодонӣ ба сӯйи муваффақияту комгорӣ мебарад. Ҳамзамон гузаштагонамон чун аҳли илму фарҳанг буданд, аз ин рӯ, хушбахтиву хушҳолии инсонро ба мутолиаи китоб рабт медоданд ва ба нафари китобхону адабиётдӯст таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекарданд. Ба китобхону донишманд чун оқилу фарзона, бомаърифат ва донишманд муносибат менамуданд. Ба ҳамин хотир, набояд аз хотир баровард, ки зиндагиву кори мо ба сатҳи донишу фаҳмишамон сахт вобастагӣ дорад ва ба манзалати мо аз хулқу рафтор ва донишамон баҳо медиҳанд.
Аммо, мутаассифона, солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба китобхонӣ коҳиш ёфтааст, дар ҳоле ки шароити зарурӣ барои дарёфти адабиёти лозимӣ дар китобхонаи донишкада ва китобхонаҳои ҷумҳурӣ мавҷуд аст. Шумораи китобҳои электронии китобхонаҳо низ рӯз то рӯз афзуда, кори хонандагонро осон месозад. Шояд дилбастагӣ ба технологияҳои ҷадид ҷавононро аз китоб дур гардонида бошад, вале ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон гуфт, ки Интернет ҷойи китобро мегирад. Дар ҳоле ки аз шабакаи ҷаҳонии Интернет низ метавон китобҳои бисёре дарёфт ва онҳоро ба манфиат истифода бурд.
Самти дигаре, ки имрӯзҳо бояд ба он эътибори ҷиддӣ дода шавад, ин омӯзиши забонҳои хориҷӣ, техника ва технологияҳои муосир ва, ҳамин тавр, ҳамқадами замон будан аст. Зеро агар ба эълону талаботи қабул гардидан ба кори аксар корхонаву ташкилот нигарем, қариб ҳамагӣ мехоҳанд, ки барои коргоҳашон мутахассиси бомаҳорати донандаи технологияҳои нав ва забонҳои хориҷӣ дарёфт намоянд. Аз ин рӯ, донишҷӯён бояд дар баробари омӯзиши дарсҳои таълимӣ мустақилона ба марказҳои таълимии забонҳои хориҷӣ рафта, дар забондониву мукаммалгардонии шахсияти хеш талош варзанд. Чунки мусаллам аст, вақте ки кас донандаи хуби забонҳои хориҷист ва касбашро пурра аз худ мекунад, пас ӯ дар дохил ва хориҷи кишвар ҳамчун мутахассиси ҷавобгӯи бозори меҳнат соҳиби ҷойи кори мувофиқ мегардад. Пас, барои таъмини ояндаи дурахшони худ ҷавонон аз шароиту вақт ба суди худ истифода бурда, забонҳои хориҷиро аз бар намоянд, то фардо дер нашавад.
Умед аст, ки дар идомаи Соли ҷавонон, ки соли масъулиятшиносиву дастгирии насли ҷавон хоҳад буд, боз ташаббусҳои олии дигар роҳандозӣ мегарданд, ки дар амалисозии онҳо истифодаи ин неру ҷойгоҳи муҳиму назаррас дорад. Пас, ҷавононро мебояд, ки ҳамаи ин ибтикоротро дарк намуда, пайи ободии ин сарзамин ва ҳиссагузорӣ дар имрӯзу фардои Ватан камари ҳиммат банданд. Ба Ватан ва халқи азизи Тоҷикистон софдилонаву содиқона хизмат намуданро фаромӯш насозанд. Бо дасту дили пок таҳсили илм намуда, фардои дурахшон доштани хешро аз хотир набароранд. Боқӣ ба онҳо, ки умеди фардоянд, барори кору муваффақияти рӯзгорро хоҳонем!
Наврӯз Ҷобиров
муҳаррири шуъбаи табъу нашр