Мақолаҳо
Ваҳдати миллӣ пояи сулҳ аст
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онро чун намоям, решаи ҷону дилам
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.
Сулҳ дар ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷик ва фарҳангдӯст бо вожаи «Ваҳдат» тавъам омада, ғунҷоиши бештареро фарогир ва санаи нави фархундаеро ба миён овард. Акнун дар ҷумҳурии офтобрӯямон Тоҷикистон рӯзи 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Мардуми мо ин рӯзро чун рӯзи баҳамоӣ, ҳамгироӣ, сулҳу оштипазирӣ ва ваҳдату ҳамфикрӣ ҷашн мегиранд.
Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор нигоҳ доштан мумкин аст. Ин арзишҳоро ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст бояд чун гавҳараки чашм эҳтиёт намояд.
Барои ба даст овардани сулҳу дӯстӣ ҳанӯз дар солҳои давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми мо дар муҳорибаҳои шадиду хунин ва дардафзо иштирок намуда, ҷони худро дар роҳи сулҳу дӯстӣ ва озодии Ватани хеш дареғ надоштаанд. Имрӯз бошад бо заҳмати беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии миллати бонангу номуси тоҷик Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстӣ дорад. Ҳамарӯза чун миллати сулҳхоҳу давлати тинҷу ором дар ободии дунё саҳмгузор аст. Тамоми давлатҳо бо кишвари мо робитаҳои дӯстӣ доранд, ки ин натиҷаи сулҳу оромӣ аст.
Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рузгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон дар шоҳроҳи пешрафту тараққиёт бемайлон пеш меравад. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалй Рахмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ, намедиҳем, ки дигар теша ба решаӣ он расад».
Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиклол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро аз нигоҳи нав ба ҷаҳониён шиносонид.
Рохи оҳани Қурғонтеппа – Кулоб, сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард самараи сиёсати ободкорист. Ин амал боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим "гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.
Инчунин бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд фақат дар соли 2015 ба субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ зиёда аз 7 миллиард сомонӣ қарз додаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 26 фоиз зиёд аст.
Маҳз дар натиҷаи тадбирҳои дар самти беҳсозии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ амалигардида мавқеи кишвари мо беҳтар шуда, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар давоми солҳои охир 3 маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардид.
Дар зарфи 10 соли охир дар кишвар беш аз 90 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, айни замон 63 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми умумии зиёда аз 19 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Бояд қайд кард, ки танҳо дар соли 2015 ба маблағи беш аз 7,5 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки қариб 4 миллиард сомонии онро сармоягузории мустақим ташкил медиҳад.
Ҳақиқатан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате. ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармосг, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иктисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.
Тилабов Ё.Э., сардори шуъбаи илм