Мақолаҳо
Истиқлолият арзиши омолии миллат аст
Қабл аз тафсири ифодамафҳуми «арзиши омолии миллат» лозим медонем, то худи мафҳуми миллатро аз фаҳмиши муосири он маънидод намоем. Дар иртибот ба ин вазифаи гузоштаамон зарур аст қайд кунем, ки вақти истифодаи мафҳуми мазкур одамон, ба таври умумӣ, мансубияташонро ба ин ва ё он умумияти этникӣ, яъне ба халқи муайян тасаввур менамоянд. Чунин тасаввур на моҳиятан, балки танҳо аз якчанд ҷиҳатҳо дуруст аст, ки ба онҳо, пеш аз ҳама, кадом умумияти этникӣ дар миллатсозӣ умумияти асосӣ, меҳвару маркази ин раванд маҳсуб меёбад, ба шумор меравад. Ҷавобро ба ин савол аз сохти миллати тоҷик тафсир мекунем.
Вақте ифодаи «миллати тоҷик»-ро ба забон меорем, бояд дониста бошем, ки дар зери ин ифодамафҳум намояндагони тамоми умумиятҳои этникии дар қаламрави Тоҷикистон иқоматкунанда ва ташкилкунандаи аҳолии он фаҳмида мешавад. Аҳолӣ бошад, тамоми бошандагони кишвар, сарфи назар аз мансубияташон ба ин ва ё он умумияти этникӣ, аз кӯдаки нав ба дунё омада, то куҳансолтарин инсонро дар бар мегирад.
Мусаллам аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон умумияти этникии миллатсоз тоҷикон ба шумор мераванд, забону фарҳанги тоҷик низ дар ин раванд мақоми аввалинро ишғол менамоянд. Дар ҳамин замина номи давлати дар ҳудуди ин қаламрав таъсисёфта низ Тоҷикистон унвонгузорӣ карда шудааст.
Дигар он ки, вобаста ба чигунагии навъи давлат онро унвонгузорӣ менамоянд. Азбаски дар Тоҷикистон навъи ҷумҳуриятии давлат таъсис ёфтааст, онро Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонгузорӣ кардаанд¹. Дувум он, ки ба сабаби умумияти этникии асосии давлатсоз, ки тоҷикон ба шумор мераванд, забон ва фарҳанги ҳамин умумият низ дар раванди миллатсозӣ фаъолона иштирок мекунанд. Чунин ҳолат амри дар воқеияти байналмилалӣ пазируфташуда ва исботшуда ба шумор меравад.
Баъди ин тафсири бисёр мухтасари масъала лозим аст қайд кунем, ки мафҳуми миллат ҳаргиз ифодакунандаи кадом як умумияти этникӣ набуда, балки мафҳуми сиёсӣ мебошад, ки дар натиҷаи ташаккулёбии низоми сармоядорӣ, ба вуҷуд омадани марказҳои саноатии калон, воситаҳои коммуникатсионии муосир, интиқоли мутақобилаи одамон ва баҳамомезиши намояндагони этносҳои мухталиф дар ҳама кишварҳои ҷаҳон, арзи вуҷуд кардааст. Доир ба миллат ҳамчун мафҳуми сиёсии ифодакунандаи аҳолии ин ва ё он кишвар бо дар бар гирифтани тамоми намояндагони умумиятҳои этникии дар он иқоматкунанда, сарфи назар аз дидҳои гуногун, фаҳмиши ҳамоҳанги ба ҳам наздик вуҷуд дорад.
Вақте ифодамафҳуми «истиқлолият арзиши омолии миллат»-ро истифода мекунем, орзуҳои умумияти этникии муайянро дар назар дорем, на омоли тамоми умумиятҳои этникии дар ин ва ё он миллат муттаҳидшударо. Аммо, вақте дар ин ва ё он қаламрав давлат таъсис меёбад, истиқлолияти расмии худро эълон менамояд, зарурати ногузире пайдо мешавад, ки давлати таъсисёфта ҷавобгӯ ба татбиқи омоли на танҳо умумияти этникии асосӣ, балки тамоми бошандагони қаламравашро таъмин намояд. Ин амри ногузир буда, ки дар асоси он дар замони муосир давлатҳои мутамаддин сохта шудаанд ва сохта мешаванд.
Акнун бевосита ба таҳлили истиқлолият ҳамчун арзиши омолии миллат таваҷҷуҳ мекунем ва далели раванди таърихро собит менамоем, ки ҳикмати мафҳуми истиқлолият аз мустақил будан, озод будан, соҳибихтиёр будани ҳар як инсон, ҳар як оила ва, билохира, ҳар як умумияти этникиро дар назар дорад. Мустақил, озод ва соҳибихтиёр будан арзишҳое ба шумор мераванд, ки инсоният онҳоро ҳамчун ҳадаф ва манофеи аввалиндараҷааш дар дил мепарварид.
Сарнавишти мо – тоҷикон чунин будааст, ки дар таърих ҳаргиз мустақил набудаем. Давлат ва мустақилияти бисёр маҳдуди мо баъди инқилоб дар Россия ва минбаъд дар Бухоро, сарнагун гаштани аморати манғития дар минтақа амри воқеӣ гашта будааст. Мо аввалин маротиба, ба маънии муосираш, дар таркиби Ҷумҳурияти Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон чумҳурияти мухтор шудем ва минбаъд соли 1929 ба чумҳурияти иттифоқии мустақил табдил ёфтем. Тамоми ин равандҳо хусусияти сунъӣ доштанд, зеро давлат ҳамон давлати ба ном иттифоқӣ буд, ки аз як марказ идора мегардид. Ҷумҳуриятҳои иттифоқӣ мустақилият ва соҳибихтиёрии хеле ҷузъӣ доштанд, ки худ, бе иҷозаи марказ, ҳеҷ гуна қарореро қабул карда наметавонистанд.
Боз ҳам сарнавишт чунин будааст, ки Иттифоқи Советӣ ҳамчун яке аз давлатҳои абарқудрати ҷаҳон завол ёфт ва сабаби асосии ба завол расидану пошхӯрданаш, ба назари мо, салтанати бесалоҳияти роҳбарияти он ба шумор меравад. Салтанати мазкур аз усулҳое истифода мекард, ки ба салоҳи мардумаш набуд. Ҳама дастовардҳояш дар заминаи татбиқи иродаи салтанаткунандагонаш буд. Давлат дар асоси меъёрҳои қонунӣ, омилҳои феълии илми ҷомеашиносии рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа, низоми конститутсионӣ идора нагардида, бештар ба иродаи салтанаткунандагон такя мекард. Бинобар ин, сарфи назар аз мавҷудияти сарватҳои ғанитарини табиӣ, махсусан, сарвати инсонии дорои илми ҷаҳонгир, кишвар, чунон ки баъди пош хӯрдану ба ҷаҳони мутамаддин ошно шудани мардумаш маълум гардид, аз кишварҳои ақибмонда иборат будааст, ки бо гузашти дувуним даҳа солҳо ҳам чандон қомати худро рост карда натавонист ва, дар бисёр масъалаҳои хусусияти байналмилаливу ҷаҳонидошта, зӯри миёншикан мезанад.
Дар чунин раванди заволёбии як давлати аз ҷиҳати танҳо қувваи ҳарбӣ абарқудрат ҷумҳуриятҳои собиқ иттифоқӣ яке паси дигаре истиқлолияти худро эълон мекарданд, аз ҷумла ҷумҳурияти мо низ 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро бо қарори парлумонӣ эълон намуд. Баъди қабули қарорҳои собиткунандаи заволи Иттифоқи Советӣ ҷумҳуриятҳои иттифоқии собиқ ҳамчун давлатҳои мустақил ба сохтмони давлатҳояшон машғул шуданд.
Мустақилияти мо – тоҷикон, дар қатори мустақилияти ҷумҳуриятҳои дигари иттифоқӣ бе мубориза, ба таври осоишта ба даст омад, ки он гаронбаҳотарин фармудаи сарнавишт барои мардуми мо буд. Шояд ба ҳамин сабаб бошад, ки дар ибтидо моҳияти ин дастоварди гаронбаҳоро мардуми мо дуруст дарк накард.
Қувваҳои мақоми ҳокимияти давлатихоҳ бо сарпарастии хоҷагони муғризи хориҷиашон манфиатҳои мардуми заҳматкашро ба эътибор нагирифта, кишварро ба ҷанги бародаркуш кашиданд ва бақои истиқлолияти бадастомадаро зери хатари ба нестӣ омадан гузоштанд. Хушбахтона, мардуми озодипараст ва фарҳангии кишвар ғаразҳои нопоки гурӯҳҳои мазкурро базудӣ дарк кард ва бар зидди онҳо мубориза оғоз намуд. Мардум баҳри озодӣ ва сохтмони кишвари дунявиву демократӣ муборизаи беамон бурд, ҷони садҳову ҳазорҳо фарзандони дилбандашро нисор кард ва тавонист, то кишварро аз вартаи ҳалокат раҳо намояд.
Аз он солҳои даҳшат ним аср сипарӣ шуд. Мардум ҳокимияти конститутсиониашро барқарор кард, роҳбари давлаташро интихоб намуд ва тадриҷан давлати демокративу дунявӣ ва ягонаи худро сохт. Қувваҳои ба ҳамдигар мухолифро ба созиш овард, сулҳу салоҳро таъмин намуд. Сулҳу салоҳ заминаи заруртарин барои ободӣ, оромиву истиқрор, рушди муназзами тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, тақвияти истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад, ки он ба пуррагӣ таъмин гардид.
Ин ҳикоятҳо баҳри он гузориш ёфта истодаанд, ки ҳар як қироаткунанда қимати истиқлолиятро бидонад, зеро таъмини истиқлолият таъмини озодии инсон, мустақилияту соҳибихтиёрии он ва мустақилияту соҳибихтиёрии кишварро дар назар дорад, дар назар дорад, ки сарнавишти кишвар дар дасти мардуми кишвар мебошад.
Ба даст омадани истиқлолият аз ҷомаи амал пӯшидани омоли таърихии ҳар як миллат шаҳодат медиҳад ва миллате, ки ин арзиши омолиашро сазовор гардидааст, бояд онро чун гавҳараки чашми худ муҳофизат намояд, баҳри рушду таҳкими он мубориза барад, меҳнат кунад.
Аз мо - устодон, ки меҳнати ҳирфаии мо аз таълиму тарбияи насли ҷавон, додани илму дониш ба он, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб иборат аст, лозим мешавад, ки дар ин ҷода фаъол бошем ва хидмати худро ҳаргиз дареғ надорем.
Аз донишҷӯён бошад, тақозо карда мешавад, ки ба аз бар кардани илму дониш дилбастагӣ дошта бошанд, кӯшиш кунанд, то ихтисоси интихобкардаашонро ба дурустӣ аз худ кунанд, соҳибҳунар ва соҳибкасб шаванд, зеро дар ҳамин замина ҳар яки мо метавонем баҳри бақои истиқлолияти давлатамон, баҳри рушди иқтисодиёти кишварамон саҳмгузор бошем.
Ҳар яки мо бояд ифтихор аз он кунем, ки соҳибдавлатем, соҳибихтиёрем, озод ҳастем, ба забони модарии худ ҳарф мезанем, дар муҳити фарҳанги миллии худ зиндагӣ мекунем.
Дар хотима бояд гуфт, ки чигунагии татбиқи арзиши омолиамон, ки истиқлолияти давлатиамон ба шумор меравад, ба ҳар як шаҳрванд ва меҳнати самараноку садоқати ӯ алоқамандӣ дорад, ки онро ҳаргиз фаромӯш набояд кард.
¹ Дуруст мебуд, ки онро Ҷумҳурияти Тоҷикистон унвонгузорӣ мекардем, вале иштибоҳи таърихан содиркардаи Афғонистон, Покистон ва Эронро ислоҳ накарда, мо низ бо ифодаи ғалат кишварамонро Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонгузорӣ кардем. Ин масъала тафсири бештар мехоҳад, аммо ғунҷоиши талаби рӯзнома ба чунин тафсир имконият намедиҳад. Бинобар ин бо ишораи мазкур иктифо мекунем.
Ғуломҷон Мирзоев, профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ