Мақолаҳо
Сайре дар таърихи ташаккули забони давлатӣ
Азбаски дар хусуси пос доштани асолати забони давлатӣ ва арҷгузории бояду шояд ба он, саҳмгузории ҳар фарди бонангу номуси миллат ҷиҳати инкишофи забони тоҷикӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастурот ва иршодоти мушаххасе вуҷуд дорад, бинобар ин, мо хостем сайри таърихие дар дарозои ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун падидаи камназири неруманд ва тамаддунофару миллатсоз анҷом дода, рағбати ҳамагонро ба иртиботи мутақобилаи байни забон ва давлатдорӣ, забон ва дин, таваҷҷуҳи хоссаи нобиғагони ҳар давру замон ба мақоми забони модарӣ барангезем.
Агар ба таърихи ташаккулёбии халқи тоҷик, ки таърихнигорон анҷоми онро асри Х мелодӣ донистаанд, назар афганем, мебинем, ки аз ҳамон оғоз унсури доштани забони воҳид дар баробари доштани давлати мутамарказ ва фазои ягонаи сиёсию динӣ яке аз омилҳои муҳими муттаҳидшавии тоҷикон ба сифати халқи воҳид будааст. Вале хеле пештар аз он ки забони тоҷикӣ-форсӣ дар қаламрави сулолаҳои миллӣ ба забони расмии давлатдорӣ мубаддал гардад, ба туфайли талошҳои фарзандони бузурги миллати тоҷик, назири Имоми Аъзам ва шогирдонаш Имом Абӯҳафси Кабири Суғдӣ, Нӯҳ ибни Язид Абӯмарями Марвазӣ, Халаф ибни Айюби Балхӣ, Асом ибни Юсуфи Балхӣ, Шаддод ибни Ҳакими Балхӣ ва ҳазорон олим, фақеҳу муҷтаҳиди дигар забони тоҷикӣ ба забони дуюми расмии динӣ дар тамоми қаламрави мусулмоннишин, аз Ироқи Форс дар Ғарб сар карда, то ба Қошғару Балосоғун дар Шарқ табдил ёфта буд. Аввалин фатвоҳои ҷоиз будани тарҷумаи мутуни муқаддас (Қуръон ва аҳодиси набавӣ) ба забони тоҷикӣ (форсӣ) мустақиман аз тарафи худи Имоми Аъзам содир шуданд.
Барои пайдо шудани давлатдории миллӣ ва ба ҳокимият даст ёфтани намояндагони халқи тоҷик дар асрҳои баъди истилои араб ва густариши ислом нуфузи элитаи сиёсии тоҷикон ба дарбори хилофат ва тадриҷан ба зиммаи худ гирифтани роҳбарии рукнҳои асосии давлатдорӣ замина гардидааст, ки намунаи барҷастаи он хонадони Бармакиён будааст.
Аз тарафи дигар дар ин давра ва бахусус дар замони Сомониён, таҳти таъсири ҳаракати миллии фарҳангӣ бо номи шуубия уламои машҳуру маъруфе ба мисли Имом Табарӣ (соҳиби Таърихи Табарӣ) ва дигарон, ки суханҳояшон ба зеҳни мардум таъсири фавқуллода дошт, дар китобҳои худ дар бораи бо забони форсӣ (тоҷикӣ) сухан кардани пайғамбар Иброҳим (а), ки насаби Расули Акрам (с) ба ӯ мерасид ва дар бораи забони аҳли биҳишт будани забони форсӣ, дар бораи хеле қадимтар будани он нисбат ба забони арабӣ менавиштанд. Дар ҳамон давраҳо элитаи миллии сиёсию фарҳангӣ ва ҳатто мазҳабӣ, ки аз миллатгароии шадиди аъроб ба ҷон омада буданд, бо ҳар роҳу восита ба рушди забони тоҷикӣ (форсӣ) мусоидат мекарданд. Ҳамин буд, ки Устод Рӯдакӣ, Носири Хисрав, Низомии Ганҷавӣ, Шайх Саъдӣ ва шоирону ҳакимони бисёре дар осори худ рӯирост ҳарф заданро ба тоҷикӣ ва мансубияти худро ба ин халқ ҳамчун нишонаи асилзодагию озодагии насаби худ муаррифӣ мекарданд. Чунончи Низомӣ мефармояд:
Туркӣ сифати вафои мо нест,
Туркона сухан сазои мо нест.
Ҳар к-аз насаби баланд зояд,
Ӯро сухани баланд бояд.
Тааҷубовараш ин аст, ки айни ҳамин раванд баъд аз инқирози давлатдории миллӣ аз тарафи ақвоми кӯчие, ки нав ба қудрати сиёсӣ даст ёфта буданд, давом дода шуд. Аксарияти онҳо аллакай дар насли дуввуму сеюм худро ба ин ё он восита ба халқи тоҷик нисбат медоданд, забону фарҳанги онро аз худ мекарданд, шаҷараномаҳо сохта ҷадди худро ба ягон шоҳи машҳур бурда мерасониданд, шеъри тоҷикӣ мегуфтанд, ба тоҷикӣ асарҳо эҷод мекарданд.
Зотан забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмии давлатдорӣ дар имтидоди замону макони тӯлоние, новобаста аз он, ки хонадонҳои миллӣ аз байн рафтанду мақоми худро дар арсаи сиёсат ба намояндагони ақвоми кӯчӣ доданд, на танҳо мавқеи худро ҳифз кард, балки ҳатто то нимҷазираи Ҳинд вусъат дод ва ин мавқеи ҳукмронии худро то омадани истеъморгарони англис ва рус ба ин ҳудудҳо нигоҳ дошт. Зеро ба забони дуввуми расмии мазҳабӣ табдил ёфта, ба эътирофи аллома Б.Ғафуров «... забони форсӣ дар ҳамон давраҳо ва зотан дар давраҳои сонитар ҳам, василаи муҳими тарғиби дини ислом буд» (Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон. Ҷ.1 –Душанбе: «Ирфон», 1983. – С.498). Яъне тоҷикӣ каломе буд, ки ақвоми гуногуни кӯчию муқимӣ бар замми ин, ки дар муоширати ҳамарӯза бо дигар қавмҳо ҳамчун воситаи баён истифода мебурданд, ногузир дар ибодат низ тоҷикиро истифода мебурданд. Аз ин рӯ қаламрави султаи забони тоҷикӣ хеле паҳнотар аз қаламрави воқеии сукунати худи тоҷикон будааст.
Падидаи дигаре, ки ба касб кардани мақоми мустасноии забони тоҷикӣ сабаб шудааст, назми оламгири тоҷикӣ – форсӣ мебошад, ки ба қавли академик Бартолд В.В. “Дар дунё падидаи фарҳангие қавитар ва нерумандтар аз назми форсӣ вуҷуд надорад, ки таъсири он ба тамоми қитаоти маскуни олам аз Испания дар Ғарб то Ҷопон дар Шарқ расидааст”. (Бартольд В.В. В.Бартольд. Персидская культура и ее влияние на другие страны в кн.: Культура мусульманства. «Леном», М., 1998 — 112 с.; В.В. Бартольд. Сочинения в 9 томах. Том VI. Изд. «Наука». Главная редакция восточной литературы. М., 1966). Аз ин рӯ, омили муҳими зинда мондан ва ҳатто дар шароитҳои тоқатфарсо ба рағми иродаи ғосибон рушд кардани забони тоҷикиро бояд аз қудрати назми ҷаҳонгири он донем.
Ҳамзамон бо назми форсӣ, саҳми мусиқии миллӣ низ дар ҳифзи аслоат ва пояҳои забони модарӣ бисёр назаррас будааст. Чуноне ки Е.И. Бертелс дар асари худ таҳти унвони “Назарияи мусиқӣ дар Эрони муосир” менависад: “Истилои Форс аз тарафи арабҳо ба тавсеаи доираи таъсири мусиқии форсӣ оварда расонд ва тамоми ҳудуи хилофати араб аз Андалус (Испания) то сарҳадоти Ҳинд ин ё он тавр таҳти таъсири қавии он афтод. Мо мебинем, ки илмии мусиқии араб, ки таҳти таъсири назарияҳои юнонӣ ба вуҷуд омадааст, асар баръало намоёни таъсири мусиқии форсиро дорад... Ҳамин тариқ, мусиқии форсӣ ҳамвора бо ислом густариш меёфт. Ин аст, ки дар ҳар куҷое, ки он ҷо асари фарҳанги исломиро метавон дид, мо мусиқии махсусеро низ пайдо мекунем, ки вижагиҳои аслии он бетағйир, яъне форсӣ, танҳо бо иловаи рангорангии маҳал боқӣ мондааст”. Бо ин фикри олими маъруф розӣ шуда, ҳамзамон қайд мекунем, ки сабаби аслии боқӣ мондани номҳои аксари ҳавою пардаҳо ва созҳои мусиқӣ дар ҳудуди давлатҳои мусулмоннишин дар он будааст, ки назарияи мусиқии арабро низ ниёгони фарзонаи мо эҷод карда буданд.
Дар баробари ин, саҳми фарзандони барӯманди халқи тоҷик, ки ягонаи даврон буданд ва муҳити илмию фарҳангӣ дар гирди онон мечархид, дар ҳар давру замон машъали забони модариро фурӯзон ва чархаи осиёби онро гардон нигоҳ медоштанд, ки баршумурдани номҳои эшон дар ин мақола аз имкон берун аст.
Дар даврони шӯравӣ, баъд аз соҳиб шудан ба ҷумҳурии миллӣ ба туфайли ҷоннисориҳои берун аз ҳадди тавсифи фарзандони дигари халқи тоҷик, ба мисли устод Садриддин Айнӣ, ки дар танҳоӣ кӯҳи побарҷой ва рӯҳи муҷассами забони тоҷикӣ буданд, забони тоҷикӣ рушд ёфт, ҳамқадами замона шуд ва охири солҳои ҳаштодум бо як ҷунбиши бузурги мардумию фарҳангӣ мақоми расмиро касб кард. Вале мутаассифона бояд иқрор шавем, ки дар замони шӯравӣ забони тоҷикӣ забони элитаи сиёсии миллӣ набуд, ки инро сиёсати шадиди ҳизбии ҳамонвақта, ки ҳадафаш бунёди “одами советӣ” дар шашяки рӯи замин буд, тақозо мекард. Худи элитаи сиёсию фарҳангии тоҷикон баъд аз марги устод Турсунзода, ки раисии ғайрирасмии онро аз аллома Бобоҷон Ғафуров ва он кас аз устод Айнӣ қабул карда буданд, ба вабои маҳалбозию мансабталошӣ гирифтор шуд.
Зимнан, бузургоне ба мисли устод Айнӣ, академик Б.Ғафуров, устод Турсунзода нуфузу обрӯи бечунучарои сиёсию фарҳангӣ доштанд ва набудани чунин шахсияти мақбули ҳамагон на дар хориҷ ва на дар Ватан дар ҳамон вақт моро ба вартаи мудҳиши ҷанги бародаркуш афганд. Ҳамаи мо, албатта аз худ боре пурсидаем, ки миллати бумии минтақа бо таҷрибаи ҳазорсолаи давлатдорӣ, бо ин фарҳангу тамаддуни оламгир чаро бо таҳрики қувваҳои ғаразнок ин қадар осонакак ба куштани якдигар сар кард? Посухи аз ҳама дуруст дар назари мо, маҳз набудани лидери воқеие буд, ки элитаи миллию сиёсӣ дар арафаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар гирди ӯ муттаҳид шаваду ҳам худ ва ҳам миллатро аз ин фоҷеаи миллӣ пешгирӣ кунад.
Бинобар ин, дар арсаи сиёсӣ зуҳур кардани чеҳраи Пешвои миллат ҳамчун гарави ҳифзу бақои давлатдории тоҷикон, сулҳу суботи ҷомеа ва рушди забони давлатӣ барои мо тоҷикистониён ҳадяи бебаҳои Худовандист. Бузургон ҳарчанд дар зоти худ гуногунанд, вале бо шинохтани оқибату пешомади ҳар раванду зуҳурот дар ҷомеа, андешидани чораҳо дар рафъи он ба ҳам шабоҳат доранд. Бинобар ин, дар як фазои ягонаи иқтисодӣ муттаҳид сохтани ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, ба ҳам пайвастани минтақаҳои мамлакат тавассути роҳҳо, мақоми воқеии давлатӣ касб кардани забони тоҷикӣ, дар ниҳояти кор аз минбарҳои баланди ҷаҳон, назири СММ ва амсоли он садо додани лафзи ширини тоҷикӣ бешакку шубҳа ба корномаҳои бузурги абармарди майдони сиёсат, ҳомию пуштибони забони давлатӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бастагӣ дорад.
Аз ин рӯ, дар фароварди сухан ҳам мехостам, аз дастури Пешвои миллат ҷиҳати бузургдошти забони тоҷикӣ ба азизон ёдрас кунам: «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард».
Фаридулло Убайдуллоев,
директори Парки инноватсионию технологии
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон.