Мақолаҳо
Педагогика ҳам илм асту ҳам санъат
Сифат ва самаранокии дарс калидест дар пешравӣ ва муваффақ шудан дар санъати омӯзгорӣ.
М. Лутфуллозода
Дар воқеъ, дар байни олимон баҳс дар боби он ки педагогика илм аст ё санъат, то ҳол давом дорад. Шояд ҳамин андеша дуруст ва баҳсро аз байн барад, ки донишҳои назариявии педагогӣ, ба мисли донистани психологияи омӯзгорӣ, маҳорат ва қобилияти педагогӣ, муоширати педагогӣ, такти педагогӣ - риояи одоби педагогӣ, асосҳои донишҳои касбӣ (фаннӣ), техникаи педагогӣ, методикаи таълим, тарзу усулҳои таълим ва тарбия, ташкилотчигӣ, салоҳиятнокӣ, принсип ва қоидаҳои дидактикӣ, робитаи байни фанҳо, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва билохира бархӯрдор будан аз илмҳои имрӯза, инноватсияи таълим ва ғайра ҳамчун илм эътироф шудани педагогикаро нишон диҳанд, тарзи истифода, маҳорати корбарӣ, ҳунармандона, оқилона, самаранок ва дар лаҳзаҳои зарурии ҷараёни дарс корбарии гуфтаҳои дар боло зикршуда ба санъати педагогӣ марбутанд.
Таъкид менамоем, ки педагогика ягона илми махсус аст, ки қонуниятҳои фаъолияти педагогиро меомӯзад ва ба монанди илмҳои дигар ҳам вазифаи назариявӣ дораду ҳам вазифаи амалӣ. Вазифаи амалии педагогика бошад, тавассути санъати педагогӣ иҷро мегардад.
Акнун меоем сари мақсад. Чанд мафҳуме, ки дар боло зикрашон рафт, фаъолияти пурраи педагогиро дар бар мегиранд. Барои фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ азбаркунӣ ва идроки донишҳои педагогӣ басанда набуда, балки истифодаи моҳиронаи онҳо дар амалияи фаъолияти таълимӣ зарур аст. Ана аз ҳамин нуктаи назар педагогикаро ҳам ба илм алоқаманд месозанду ҳам ба санъат. Беҳуда нагуфтаанд, ки муаллим бояд актёр бошад. Оре, касби муаллимӣ шабеҳи санъати актёрист.
Ба маҳорати педагогӣ, пеш аз ҳама, қобилияти педагогӣ, ки ба он қобилияти фаҳмо додани дониш ва дар ин замина бедор кардани майлу рағбати хонанда нисбат ба фанни таълимӣ, фаъолсозии фаъолияти маърифатӣ, ташкили корҳои мустақилона, қобилияти суханронӣ, яъне эҳсосоти худро ба воситаи ҳаракату ишораҳо ифода кардан, қобилияти ташкилотчигӣ, салоҳиятнокӣ, мушоҳидакорӣ ва дигар маҷмӯи сифатҳои шахсии омӯзгор – серталабӣ, устуворӣ, ҳақиқатгӯӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ, одоби муошират, идора ва зери назорат гирифтани ҳамаи хонандагон, диққати шогирдонро ба худ ҷалб сохтан, ҳалимию сахтгирӣ дар донишандӯзӣ ва риояи одобу ахлоқ дохил мешаванд.
Муҳимтарин роҳи ривоҷ додани маҳорати педагогӣ усули худтарбиякунӣ буда, худомӯзӣ роҳи дигари ташаккули донишу маҳорат ва малакаи касбии омӯзгор аст. Аз ҷумла, тавассути иштироки бештар дар дарсҳои муаллимони собиқадори кордон ва аз онҳо омӯхтану таҷриба ҳосил намудан, ҳамчунин худомӯзӣ ва такмили ихтисос метавон дарсҳои худро босифату пурмазмун гузаронид.
Бас наку гуфтаанд, ки як дарси хуб мазмуни як асарро дорад. Вақте ки муаллим бо маҳорати баланди касбӣ дарс мегӯяд, донишҷӯ ба шавқ меояд, фаъолнокӣ дар фаъолияти маърифатии ӯ ва ҳамзамон ҳисси кунҷкобиаш нисбат ба фан ва ихтисосу касби ояндааш пайдо мешавад. Яке аз роҳҳои асосии донишандӯзӣ ҳамин аст. Кӯшиш бояд кард, ки дониши ҳосилнамудаи шогирдон ба эътиқод табдил ёбад. Ба он маъно, ки дониш азбар кардан, як тарафи масъала, ва дониши ҳосилнамударо дар истеҳсолот, илм ва таҷрибаи зиндагӣ истифода бурда тавонистан, тарафи дигари масъала, аст. Шахс агар мушкилоти зиндагӣ ва ё проблемаҳои фаъолияти кориашро тавассути донишу малака ва маҳорат бартараф карда тавонад, он гоҳ нисбат ба дониш эътимод пайдо мекунад.
Вақте ки дарсҳо дар сатҳи зарурӣ илман асосноку бо санъати баланди педагогӣ мегузаранд, он гоҳ баъзе муаммоҳои самти таълиму тарбия, аз ҷумла давомоти сусти донишҷӯён ба дарсҳо, дарсгурезӣ, паст будани сифати тадрис, холӣ будани толорҳои хониш дар китобхона, бетайёрӣ омадан ба дарсҳо, дар иҷрои ҳалли ягон масъала сарфаҳм нарафтан, дарк накардани мазмун ва муҳтавои баъзе маълумот ва ахбори зарурӣ, ҳамчунин нофаҳмӣ ва низоъ миёни устоду донишҷӯ ва ғайра аз байн меравад.
Ба ёд меорем ҳикмати шоистаи Калими Кошониро, ки фармуда:
Дарси муаллим, ар бувад замзамаи муҳаббате,
Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро.
Барои ин, муҳим аз ҳама, мо омӯзгоронро зарур аст, ки нисбат ба фаъолияти касбиамон ҷиддӣ муносибат намоем. Алалхусус дарсҳоро бояд вобаста ба талаботи замон навоварона ва самарманд гузаронем. Гуфтан зарур аст, ки дарси ҳар як фанни таълимӣ бояд вазифаи маърифатдиҳанда, тарбиятдиҳанда ва инкишофдиҳандаро иҷро намояд. Дар акси ҳол, дарсе, ки ин се вазифаи асосиро иҷро накунад, он дарс, ба қавле, пурнуқсон ва корношоям аст. Иҷрои вазифаҳои дарс ба донишҳои касбӣ ва истеъдоду санъати педагогии устод вобастагии зич дорад. Дарк кардани донишҷӯ ва вазъи психологии ӯ ё худ дар ҳадди эътидол нигоҳ доштани эҳсосоти худ ва ҳамчунин аснои ба ғазаб омадан онро фурӯ бурда тавонистан низ аз омӯзгор равоншиноси хуб буданро тақозо мекунад. Хасташавии шогирдонро эҳсос кардану дарсро шавқовар ва ба он моҳирона тобишҳои дигар додан аз санъати актёрӣ ва аз донистани психологияи педагогии муаллим вобаста аст, ки кордонӣ ва омӯзгори муваффақ будани ӯро нишон медиҳад.
Махсусан барои ташаккул додани малака, маҳорат ва донишҳои зеҳнии муҳассилин омӯзгорро зарур аст, ки ба ҳар дарс бо тайёрии пухта омада, лоиҳаи ҷараёни онро таҳия созад. Дар пурсиши вазифаи хонагӣ, иҷрои корҳои мустақилона ё ташкили дигар лаҳзаҳои дарс барои ба саволҳои гузошташуда ҷавоби пурраю пурмазмун талаб кардан аз шогирдон бояд муаллим меъёри (эталон) ҷавобҳоро омода сохта, тибқи он амал кунад. Вақтро самаранок ва тақсимоти онро барои ҳар як унсури дарс дуруст риоя намояд. Ба ҷамъбаст, натиҷагирӣ ва хулосабарорӣ аз дарс бештар аҳамият диҳад.
Муаллими ҳушманд аллакай пай бурд, ки педагогика чисту педагог кист. Ҳамин нуктаҳоро ба назар гирифта, ба устодони муътабар, бахусус муаллимони ҷавон тавсия медиҳем, ки бо азбарсозию ташаккулдиҳии донишҳои педагогӣ ва моҳирона истифодабарии онҳо дар раванди фаъолияти педагогӣ обрӯ, нуфуз, мартаба ва шарафи муаллимиро боло бардоранд.
Ин ҷо ба маврид аст ишора намоем, ки нисбат ба солҳои пешин имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ шароитҳои корӣ беҳтар шудааст. Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ аз ин истисно набуда, шароит ва муҳити хуби кориро, хусусан барои устодону донишҷӯён ва аспирантону унвонҷӯён бо инобати талаботи замони муосир фароҳам овардааст. Шароитҳои фароҳамовардаи раёсати таълимгоҳ, аз ҷумла шабакаи Интернет, тахтаҳои электронӣ, синфхонаҳои лингафонӣ, компютеру ноутбукҳо, проекторҳо ва дигар таҷҳизоти замонавии техникии таълимӣ, ҳамчунин ташкили ҳамасолаи курсҳои педагогӣ, семинару конфронсҳои илмӣ ин ҳама ба омӯзгорон имкон медиҳад, ки дониш, маҳорат ва малакаҳои касбии педагогиашонро боз ҳам сайқал диҳанд.
Омӯзгори воқеан дилсӯзу асил бояд ҳамқадами замон бошад, савияи дониши касбии худро васеъ карда, ба таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони оянда муносибати ҷиддӣ намояд.
Новобаста аз мушкилоту баъзе ноҷӯриҳои ҳаёти иҷтимоӣ мо бояд ҷаҳд кунем, то ба халқу миллат ва ҷомеа мутахассисони баландсатҳ, соҳибмаълумот, боғайрат ва ҷаҳонбинии илмии васеъдоштаро пешкаш намоем.
Носиров С.Ш., номзади илмҳои педагогӣ, дотсент,
Аълочии маорифи ҶТ