Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Нигоҳе ба таърихи ҷашни Меҳргон

Ҷашни Меҳргон аз қабили мероси аҷдодӣ буда, аҳамияти вижаеро барои имрӯзи Тоҷикистон доро мебошад. Бо тӯфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин ҷашн аз нав эҳё гардид. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи рӯзҳои ид” ҳанӯз 3 ноябри соли 1995 иди Меҳргон дар қатори дигар ҷашнҳо ҳамчун ҷашни миллии кишварамон шинохта шуд.
Истилоҳи “Меҳргон” аз вожаи меҳр ва пасванди гон, ки мансубиятро ифода мекунад, сохта шудааст. Бо ибораи дигар, калимаи Меҳргон маънои “меҳрҳо”, “дорои меҳр”, “меҳрубон”-ро ифода намуда, ба манзил ва ҷойи меҳр ишора мекунад. Инчунин Меҳргон маънои меҳру муҳаббат бастан, рамзи дӯстию рафоқат ва ваҳдату якдилиро ифода месозад. Номи ин ҷашн дар сарчашмаҳои бостонӣ низ ба гунаи Митрагон ё Митракон зикр шудааст. Муҳаммадҳусейни Бурҳонӣ дар луғатномааш “Бурҳони қотеъ” Меҳргонро ҳамчун ҷашни меҳру муҳаббат муаррифӣ кардааст.
Дар даврони Сосониён Меҳргон ба монанди Наврӯз дар шаш рӯз баргузор мегашт. Рӯзи нахустро Меҳргони кӯчак меномиданд, ки ҷашни оммавӣ ба ҳисоб мерафт ва рӯзи шашумро “Меҳргони бузург” мехонданд ва он ҷашни хос буд.
Бархе аз муаррихон ҷашни Меҳргонро ба рӯзи саркӯб гардидани Заҳҳок тавассути Коваи оҳангар ва ба тахти подшоҳӣ нишастани Фаридуни Пешдодӣ мувофиқ донистаанд.
Абӯҷаъфар Муҳаммади Табарӣ (839-923) дар китоби “Таърих-ур-русул-вал-мулук” овардааст, ки “ Рӯзе, ки Фаридун бар Заҳҳок даст ёфт ва ӯро баста ба занҷир маҳбус сохт, рӯзи меҳр буд аз моҳи меҳр, ки мардум онро ид гирифта, Меҳргон ном ниҳоданд ва гиромӣ доштанд. Зеро зиндагонии худро, ки аз зулми Заҳҳок аз каф дода буданд, ба адли Фаридун ба даст дароварданд”.
Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” роҷеъ ба ҷашну ойинҳои эрониёни бостон маълумотҳои ҷолиб оварда, бо меҳру муҳаббат ба таъриху суннатҳои ниёкони худ аз онҳо ёд мекунад. Ӯ рӯзи аввали ба тахт нишастани Фаридунро баробар бо рӯзи Меҳргон медонад ва шурӯи таҷлили ин ҷашнро низ ба ӯ нисбат медиҳад.
Дар аҳди Ҳахоманишиниён Меҳргон бо шукӯҳу азамати хосе таҷлил мешудааст. Ба қавли Страбон, сатрапи Арманистон дар ҷашни Меҳргон бист ҳазор курраи асп ба расми армуғон ба дарбори Ҳахоманишиён мефиристодааст. Дар замони Сосониён низ ҷашни Меҳргон бо бошукӯҳ таҷлил мегаштааст. Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ шоҳаншоҳ Ҳурмузи Сосонӣ дар ҳама рӯзҳои Меҳргон ҷашн барпо менамуд ва ҳар панҷ рӯзро ба як табақа, аз табақоти иҷтимоӣ, аз ҷумла шоҳзодагон, мубадон, бозаргонон, сипоҳиён ва деҳқонону косибон медодааст. Маҳз дар ҷашни Меҳргон подшоҳони Сосонӣ ворисони худро интихоб намуда, тоҷ бар сари ӯ мениҳоданд. Дар ин ҷашн мубади мубадон дастархоне, ки дар он лимӯ, шакар, нилуфар, биҳӣ, себ, як хӯша ангӯри сафед ва 7 дона муруд гузошта шуда буд, назди шоҳ меовард. Ҳафт муруд ва ҳафт чизи дигар, ки дар дастархон мегузоштанд, ҳамон ҳафтсин буд, ки ҷузъи ташрифоти ҷашни Наврӯз ба ҳисоб мерафт. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки ҳафтсин дар иди Меҳргон низ маълум будааст.
Дар гузашта оид ба тарзи гузаронидани иди Меҳргон анъанаҳои гуногун мавҷуд будааст. Дар ин рӯз аз шоҳ то ғулом либосҳои арғувонӣ мепӯшидаанд. Аз даврони Фаридун анъана шуда будааст, ки мардум ба миён махсус рӯймоли арғувонӣ банданд ва суруд замзама кунанду ҳангоми таом хӯрдан сухан нагӯянд. Замзама кардани сурудро дар гузашта ба маънои зери лаб сароидан мефаҳмиданд. Замзамаи суруд тарзе иҷро мешуд, ки ҳангоми сароидан шахси дар наздаш нишаста нафаҳмад. Ардашери Бобакон ва Хусрави Анушервон дар ин рӯз ба мардум ҳадя медодаанд.
Рӯзи Меҳргон дастархоне аз матои сурх мегустарониданд ва онро бо нонҳои аз зироати ҳамонсол рӯйида оро медоданд. Одамон аз ҳафт навъи зироат нон мепухтанд: гандум, ҷав, арзан, ҷуворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё. Инчунин рӯйи хон меваҳои тару тоза, шохҳои гулу шакару беду зайтун, анору муруд ва коҷ мегузоштанд. Ҳар маводу хӯрокаи болои хон рамзи хоси худро дошт. Дар ин рӯз агар тифле ба дунё меомад, номе бар ӯ мегузоштанд, ки вожаи "меҳр" дар он бошад, аз қабили Меҳрдод, Меҳровар, Меҳрноз, Меҳрбону, Меҳрваш, Меҳрдухт, Меҳрон, Меҳрбон, Меҳроб.
Аз ин гуфтаҳо хулоса кардан мумкин аст, ки иди Меҳргон қадимтарин иди эронинажод ва ориёиён буда, аз сабаби аз даврони дури таърихӣ омаданаш, оид ба маъно, пайдоиши он ривояту нақлҳои фаровон ва ҳатто мухталиф мавҷуданд.
Меҳргон иди миллии таърихии мо буда, ба урфу одат, гузаштаи дуру наздик ва имрӯзи зиндагии халқамон алоқаи ногусастанӣ дорад ва дар сатҳи зарурӣ таҷлил кардани он баҳри дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ваҳдату якдилии миллӣ, дӯстиву рафоқат ва инсондӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва кулли мардум аҳамияти хосаеро дорост.


Асадулло МУЛЛОҶОНОВ,
мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, номзади илмҳои таърих
Далер САНГИНОВ,
ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ