Мақолаҳо
Шиносномаи миллат
Таҳияи лоиҳаи Конститутсияи амалкунанда раванди дуру дароз ва пур аз ихтилофро аз сар гузарондааст. Новобаста аз вазъи ногувори сиёсӣ ва иқтисодӣ намояндагони халқ тавонистанд фикру андешаҳои неруҳо ва ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин бевосита маром ва ормонҳои мардумро дар лоиҳа инъикос намуда, рисолати таърихиашонро баҳри рушду нумуи кишвар дар назди ҷомеа ва наслҳои оянда иҷро намоянд.
Омили асосие, ки барои қабул намудани Конститусияи нав замина гузошт, ин мустақил ва соҳибихтиёр эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистонро лозим омад, ки барои муқаррар намудани асосҳои сохтори конститутсионии давлат ва гузаштан ба муносибатҳои сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қонуни асосии нав қабул намояд, то тавонад ин муносибатҳоро дар шакли нав ва бо диди нав танзим намояд.
Конститутсияи амалкунанда Истиқлолияти давлатиро ба расмият дароварда, дар фарқият аз дигар конститутсияҳои собиқ нахустин шуда асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро комилан дар шакли нав муқаррар намуд ва роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян кард.
Он як қатор арзишҳои демократии сохтори конститутсиониро ба монанди: соҳибихтиёрӣ ва мустақилият, давлати ҳуқуқбунёд, ҳокимияти халқӣ, волоияти қонун, бисёрҳизбӣ, эътирофи шахсият ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои он, таҷзияи ҳокимият ба се шохаи мустақил, гуногунандешии сиёсӣ ва мавкуравӣ, инкишофи худидоракунии маҳаллӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва ҳимояи баробари ҳамаи шаклҳои моликият, тақвияти назорати судӣ, институти президентӣ ва ғайраҳоро дар худ таҷассум намуд, ки конститутсияҳои қаблӣ ин гуна арзишҳоро надоштанд.
Дар ҷомеае, ки мо зиндагӣ дорем, хело зуд тағйирёбанда мебошад, муносибатҳои нав ба вуҷуд меоянд ва барои пурра танзим намудани онҳо моро зарур меояд қонунгузории миллиамонро низ такмил диҳем. Бинобар ин бо мақсади комилан ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ ва қавитар намудани ваҳдати миллӣ лозим омад дар баъзе қисматҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намоем. Ин тағйироту иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шуданд, ки минбаъда ҷиҳати гузаронидани ислоҳотҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷомеа замина гузошт.
Ислоҳоти ҳуқуқӣ аслан се самтро фаро гирифт: таъминоти ҳуқуқии ислоҳоти сиёсӣ; таъминоти ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ; ислоҳоти ҳуқуқии низоми судӣ.
Ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳаёти сиёсӣ асосан барои аз нав ташкил намудани мақомоти асосии ҳокимияти давлатӣ равона гардида буд. Аз ҷумла, бо мақсади ба реҷаи касбӣ ва доимамалкунанда табдил додани мақоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маҷлиси Олӣ ба ду маҷлис: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҷудо карда шуд. Ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсии хусусияти атеистӣ ва либералидошта иҷозат дода шуд, ки он минбаъд ба рушд ёфтани гуногунандешии сиёсӣ, озодии виҷдон ва озодии сухан шароит ба вуҷуд овард. Инчунин барои тақвият бахшидани низоми идоракунии давлат ва ба амал баровардани адолати судӣ муҳлату ваколати Президенти ҶТ аз 5 ба 7 сол ду маротиба пай дар пай ва муҳлати ваколати судяҳо аз 5 ба 10 сол муқаррар карда шуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро ба расмият шинохтааст таҳия ва қабул карда шудааст.
Конститутсияи амалкунандаи мо бунёди ҳуқуқиеро ба вуҷуд овард, ки он минбаъд тавонист ягонагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамонро таъмин намояд. Конститутсия асоси ифодакунандаи арзишҳои ҳуқуқӣ гардида, симои муосир ва таърихии Тоҷикистонро дар худ таҷҷасум намуд. Дар ин замина, он аввалин шуда кишвари моро ба қатори кишварҳои пешрафта ворид сохт.
Аз ин лиҳоз, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати назариявӣ пурра ба талаботи қонунофаринии ҷаҳон ҷавобгў буда, ҳар як моддаи он бо омодагии махсуси касбӣ ва бо назардошти ирода ва ормонҳои кулли мардуми кишвар иншо шудааст. Аммо то кадом дараҷа дар амал истифода шудани ин меъёрҳо ва аз худ намудани ҳуқуқҳои худ аз сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста мебошад. Ҷамъияте, ки одамони он дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ мебошанд, пайваста аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ дифоъ менамоянд ва сатҳи зиндагии онҳо низ баланд мебошад.
Зоҳир Қодиров,
устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ