Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Конститутсия - эҳёгари арзишҳои миллӣ

Дар таърихи давлатдории тоҷикон қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ, саҳифаи навини заминагузории ҳуқуқӣ ва давлатсозӣ ба шумор меравад. Дар ин санади муҳим арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, аз қабили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, фарҳанг ва маданияти миллӣ, соҳибихтиёрии давлатӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоӣ будани давлати Тоҷикистон ва дигар арзишҳои муҳимми миллӣ ва умумибашарӣ аз нав эҳё ва муқаррар карда шудаанд. 


Конститутсия муаррифгари давлати мустақили Тоҷикистон буда, бевосита муҳайёсозандаи ормонҳои деринтизори миллати соҳибтамаддуни мо маҳсуб мешавад. 


Рамзҳои давлатӣ, яъне Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ, ки муаррифгари миллат ва давлати мо мебошанд, бори аввал дар Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ бо хусусиятҳо ва анъанаҳои таърихии гузаштагони мо таҷассум ёфтаанд ва ҳамчун арзиши миллӣ дар моддаи 3-юми ин санади муҳим муқаррар шудаанд, ки бозгӯи соҳибхирадӣ, соҳибдавлатӣ ва муборизаю ҷоннисории халқи куҳантамаддуни мо баҳри сулҳ ва озодии комил мебошад. 


Бойд қайд намуд, ки дар фарқият ба Конститутсияҳои қаблии замони Шӯравӣ вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши муҳимми умумибашарӣ дар Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи хоссаро касб кардааст, ки аз эҳтироми баланди инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар давлати ҳуқуқбунёд шаҳодат медиҳад. 


Яке аз арзишҳои иҷтимоии умумибашарӣ ин волоияти ҳуқуқҳои фитрии инсон ва дахлнопазир будани онҳо маҳсуб меёбад. Ин арзиши муҳим дар моддаи панҷуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ инъикос гардидааст. Чунончи: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзишҳои олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». 


Метавон гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози дар сатҳи баланд кафолат додани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба эъломияҳои ҳуқуқи инсон шабоҳат дошта, аз маданияти баланди қонунэҷодкунии аҷдодони мо, ки аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир сарчашма мегирад, шаҳодат медиҳад. Бояд зикр кард, ки Эъломияи Куруши Кабир дар таърихи инсоният яке аз аввалин санадҳои намунавӣ ва барҷастатарини эълони ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, мероси гаронбаҳои на танҳо аҷдодони форсу тоҷик, балки кулли ҷаҳониён ба ҳисоб меравад. 


Бояд зикр намуд, ки яке аз арзишҳои муқаддастарини миллӣ ва умумибашарӣ барои насли имрӯза ва ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳимоя ва дастгирии оилаи солим ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти башар ин масъалаи умдаро тавассути Конститутсияи ҷумҳурӣ мавриди танзим қарор додааст. 


Дар асоси муқаррароти моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад” ва ин муқаррарот аз арзиши умумибашарӣ доштани оилаи солим ва ҳифзу солимии наслҳои ҷомеа дар ҷаҳони пуртазод шаҳодат медиҳад.


Бояд қайд намуд, ки муқаррароти моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷрибаи ҷаҳонии эҷодкунии конститутсияҳо беназир буда, ба анъанаҳои нек ва ахлоқи баланди аҷдодони мо асос ёфтааст. Конститутсия «Модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор додааст». Илова бар ин падару модаронро ба хотири нигоҳдошти урфу одат, ҳастии миллат ва бунёди ҷомеаи солим дар таълиму тарбияи фарзандон масъул ва фарзандони болиғу қобили меҳнатро дар нигоҳубин ва таъмини моддии падару модар ҳангоми барҷомондагӣ ва пиронсолӣ муваззаф гардонидааст. Ёдовар бояд шуд, ки ин рамз яке аз арзишҳои муҳимтарини миллии мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, аз эҳтироми баланди халқи мо нисбат ба волидайн гувоҳӣ медиҳад.


Дигар муқаррароти бисёр муҳим дар Конститутсияи мамлакат, ки арзиши на танҳо миллӣ, балки умумибашарӣ дорад, ин аз ҷониби давлат ғамхорӣ намудан нисбати кӯдакони ятиму маъюб, сарпарастӣ намудан дар таълиму тарбияи онҳо ва ғамхорию ҳифзи ҳуқуқҳои ин табақаи ниёзманди ҷомеа мебошад. 


Дар моддаҳои 40-ум ва 44-уми Конститутсия, сарватҳои фарҳангӣ ва маънавӣ, инчунин ёдгориҳои таърихиро, ки арзиши баланди миллӣ ва ҷаҳонӣ доранд ва ҳастии таърихии давлату миллати моро бозгӯ мебошанд, муқаррар ва мустаҳкам намуда, ин сарватҳои беназирро зери ҳимояи махсуси давлат қарор додаанд. Аз ҷумла моликияти зеҳнӣ, ки сарчашмаи воқеии инкишофи илм ва тамаддуни мо дар тӯли қарнҳо мебошад, зери ҳимояи қонун қарор гирифтааст.


Хулоса, дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар кардани муқаддасоти миллӣ имкониятҳои бузургро барои эҳё шудани арзишҳои миллӣ, фароҳам овардааст. Ва аз ҳамин ҷиҳат нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз нав эҳё шудани арзишҳои миллӣ дар айёми соҳибистиқлолии мамлакат ва пешрафти тамоми соҳаҳои муҳимми давлатӣ ва ҷамъиятӣ хеле калон мебошад.


Сулаймон Дӯстов, устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ