Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Конститутсия – шоҳсутуни қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боиси хушнудист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми устувори қонунгузорӣ амал менамояд. Конститутсия бошад, дар ин низом нақши калидӣ дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки рушди ҳама соҳаҳои иқтисодӣ аз устувории низоми қонунгузории мамлакат вобастагӣ дорад. Бинобар ин мо, шаҳрвандонро, зарур аст, ки волоияти қонунҳои амалкунандаи мамлакатро таъмин намоем. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз санадҳои муҳим мебошад, ҳама муносибатҳои ҷамъиятӣ, муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсиро ба танзим медарорад. 
Имрӯз мо мардуми саодатманд ҳастем, ки дар давлати осоишта зиндагӣ менамоем. Боиси тазаккур аст, ки пойдевори мустаҳками ин давлати обод низоми устувор ва босуботи конститутсионӣ мебошад. Роҷеъ ба ин масъала дар Конститутсия татбиқи сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон нишон дода шудааст. 
Устувории низоми қонунгузории миллӣ дар ҳамон вақт таъмин мегардад, ки агар шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар рафти муносибатҳои худ қонунҳои дахлдорро риоя намоянд. Мусаллам аст, ки қонунҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда танзими муносибатҳоро дар бар гирифта, бо роҳи одилона ҳалли масъалаҳои матраҳшавандаро дар назар доранд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки қонунҳои мазкур аз Конститутсия сарчашма мегиранд. Бинобар ин дар ҳаллу фасли муносибатҳо устувор мебошанд. 
Дилхоҳ шаҳрванд баъд аз мутолиаи Конститутсия дарк менамояд, ки Конститутсия, дар ҳақиқат, Шаҳодатномаи миллат аст. Чунки дар ин ҳуҷҷати муҳим тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии давлат ва мардуми Тоҷикистон инъикос гардидааст. 
Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи забони давлатӣ, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, муайянкунандаи ҳудуди мамлакат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи оила, инчунин ҳаллу фасли дигар муносибатҳо, ки ба манфиати аҳолӣ ва давлат нигаронида шудаанд, дар бар мегирад. Ҳамчунин Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон буда, ҳифзи саломатии аҳолӣ, таъмини иҷтимоӣ ва дахлнопазирии шахсиятро кафолат медиҳад. 
Хурсандиовар аст, ки имрӯз Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафта дар арсаи ҷаҳон шинохта шуда, бо як қатор мамлакатҳо робитаи ҳамкорӣ дорад. Саҳми Конститутсия дар устувор гардонидани ин муносибатҳо калон мебошад. Вобаста ба ин масъала дар Конститутсия оварда шудааст: “Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад”.
Вобаста ба самти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Конститутсия оварда шудааст: “Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шуда, ба дигар кишварҳои хориҷӣ робитаи ҳамкорӣ менамояд”.
Гуногуншаклии моликият хоси низоми иқтисоди бозорӣ буда, амал кардани онҳо дар иқтисодиёти Тоҷикистон дар Конститутсия ифода ёфтаанд. Дастгирии имрӯзаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон оид ба фаъолияти озоди иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон бараъло дида мешавад. Масъалаи дастгирии субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ дар Конститутсия дарҷ гардида, дар баробари таъмини баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, ҳифзи моликияти хусусӣ кафолат дода шудааст. Аз ин лиҳоз, рушди бемайлони фаъолияти соҳибкорӣ дар иқтисодиёти имрӯзаи Тоҷикистон аз кафолати давлатии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ маншаъ мегирад.
Дастгирии пайвастаи соҳаи иҷтимоӣ, ки барои расидан ба зиндагии сазовор нақши калидӣ дорад, аз давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон дарак медиҳад. Ба ҳамагон маълум аст, ки давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон дар Конститутсия нишон дода шудааст.
Вобаста ба зарурати рушди устувору босуботи ҷомеа, рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рушди забони давлатӣ, мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ба инобат гирифтани афзалиятҳои миллӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Воқеан, тағйироте, ки дар солҳои зикршуда ба Конститутсия ворид гардидаанд, ифодакунандаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди низоми қонунгузории мамлакат, таъмини устувории муносибатҳои ҷамъиятӣ ва, дар умум, рушду инкишофи ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибихтиёрро фаро мегиранд.
Бояд қайд кард, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат барои ҳимояи манфиатҳои ҳама табақаҳои аҳолӣ, ҷамъият ва давлат нигаронида шудааст.
Аз натиҷаҳои таҳлил ва омӯзиши маълумоти овардашуда чунин хулосабарорӣ намудан мумкин аст, ки Конститутсия ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандонро ифода карда, самти рушди имрӯза ва ояндаи Тоҷикистонро барои ноилгардӣ ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бар мегирад.


Раҷабалӣ САИДОВ, ассистенти кафедраи аудит ва ревизияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон