Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Нақши иҷлосияи тақдирсоз дар таҳкими сулҳи тоҷикон

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даp саҳифаҳои таъpихи навини тоҷикон ҳамчун pамзи иҷлосияи наҷотбахшy саpнавиштсоз воpид гаpдидааст. Он аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон баpобаpаpзиш аст. Агаp эъломия давлатеpо ба номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамин давлатpо аз фаношавӣ нигоҳ дошт ва миллати тоҷикpо аз гиpдоби нобудӣ беpyн кашид. Бо таъбиpи Пpезиденти кишваp муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо тақозои таъpих на танҳо тифли даp гаҳвоpабyдаи истиқлолиятpо наҷот дод, балки тақдиpи ояндаи ӯpо мyайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолpо ба сӯйи ҷомеаи мyтамаддин ва аpзишҳои волои башаpӣ ҳидоят намуд».
Даp Иҷлосияи XVI Шӯpои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси тозаинтихоби кишваp Эмомалӣ Раҳмон мақсад ва ҳадафи асосии хyдpо чунин баён каpда буд: «Ба хотиpи истиқpоpи сулҳи пойдоp ва бозгашти ҳамаи фиpоpиён ба Ватан ман тайёp ҳастам, ки ҷонамpо қypбон созам». Баъдтаp ӯ ин андешаи хyдpо тақвият бахшида, таъкид намуд: «Азму иpодаи мо даp pоҳи баpпо каpдани давлати демокpатии ҳуқуқбунёд комилан қатъист. Ҳарчанд ки натиҷаҳои дилхоҳи он на ба тавpи оҷил, балки бо гузашти вақт падид меояд, даp баpобаpи ин сулҳу субот баpоямон мyҳимтаpин аpзиш ҳисоб меёбад». Дар ин ибороти софу сода, ки дар фазои ғуборолуди яъсу ноумедиҳо бо ихлосу муҳаббат, бо имону эътиқод садо дод, як ҷаҳон маънӣ ва калиди кӯшоиши ҳама уҳдаву мушкилот нуҳуфта буд. Гардиши айём, ки фарҳанги сулҳ дар ниҳоди маънавӣ, ҷаҳоншиносӣ ва иродати ахлоқиву инсонии Эмомалӣ Раҳмон асли зиндагисозе аст, ки дар рисолат ва сиёсати давлатдории ӯ мувозинату оромишро дар вуҷуди ҳар инсон, дар ҳастии ҷамъият ва дар муносиботу муомилот бо қавму миллатҳои дигар меҳвари ҳама пирӯзиҳо ва пиндорҳои нек ба шумор меоварад. Замоне, ки намояндагони мардуми Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба маснади роҳбари Тоҷикистон пазируфтанд, ӯ ҳамагӣ 40 сол дошт ва дар миёни раҳбарони кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва ҷаҳон ҷавонтарин чеҳраи сиёсии тирози аввал буд. Зуҳури Эмомалӣ Раҳмон дурахши истеъдоди нодире буд, ки аз вуҷуди ин мардум ва ин марзу бум берун омад ва ҷумлаи фазилатҳояшро, ки қаблан ёд кардем, дар вусъати ҳадафҳои олии миллӣ ангезиш дода, Худованд қудрати амал карданро ато намуд.
Таърихи кунунии тоҷикон аз ҳар самте, ки ба он нигарем ва аз пойгоҳи ҳар масъалае, ки ба таҳқиқи он руҷӯъ намоем, бо касби истиқлолияти мамлакат пайванд мегирад. Истиқлолият сарманшаи ҷаҳони имрӯзаи миллати тоҷик аст, ки дар ниҳоди худ ҳадафҳои олии миллӣ, таърихӣ ва инсонии мардумро асолат бахшид. Фарҳанги сулҳи Эмомалӣ Раҳмон, ки паёми ваҳдати воқеии тоҷикон, паёми ба орзуву ормонҳои худ расидани халқ буд, ба Президенти Тоҷикистон ва давлати тозаистиқлоли он эътироф, эътибор ва эҳтирому армуғон овард. Низоми нави давлатдорӣ, ки Президенти мамлакат дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ ва низоми қонунгузорӣ тарҳрезӣ намуд, барои озодии инсон ва ҷомеа муҳит ва заминаҳои воқеӣ муҳайё карданд. Ҳамзамон бо озодии андеша, виҷдон ва раъю иродат, озодии фаъолиятҳои иқтисодӣ барои дар як шаҳрванд фароҳам оварда шуд. Озодии инсон ва бузурдошти ҳуқуқҳои ӯ бо бунёдгузорӣ ва такмили ниҳодҳои муносиби умумисиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷиконро ба дарёфти Истиқлолияти миллӣ, ки орзуву омоли чандинасраи ин қавми муаззам буд, тавфиқ бахшид. Озодии инсон, истиқлолияти миллат ва давлатдории миллӣ, ки Президент ҳанӯз дар поёни соли 1992 ҳадафи олии худ эълом дошта буд, бо заҳмати шабонарӯзии ӯ ва пайравии содиқонаи фарзандони бонангу номуси Ватан пойдор гардид.
Дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои олӣ Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Тоҷикистон», «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд ва фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раҳбари мақоми олии қонунгузории кишвар ва Раёсати олии мамлакат бо тасдиқи ду рукни мукаддаси давлати навини тоҷикон ва бо табрикоти гарму ифтихорангези Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт, ки рамзе амиқу пурмаъно дошт. Бо гузашти солҳо дар тақвими давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷашни ҳумоюне бо номи «Рӯзи Парчам» пайдо шуд, ки соли 2009 дар саросари кишвар бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад. 
Пайрезии ин сулҳи деринтизор аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, аз замоне ибтидо мегирад, ки роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон дар ин анҷуман бо қатъият ва имону эътиқоди комил гуфта буд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».
Чунин дасту дили поку нияти нек буд, ки қадам ба қадам мардуми тоҷикро аз парокандагӣ ба якдилӣ аз якдилӣ ба ваҳдат ва аз ваҳдат ба зиндагии орому осоишта расонид. Ҳеҷ кас бовар надошт, ки тоҷик ва тоҷикистонӣ бори дигар баҳам омада, якдигарро ба оғӯш мегирад ва ҳамдигарро мебахшаду зиндагии худро дар фазои сулҳу субот идома медиҳад. Имрӯз тамоми он вазниниву сарсонӣ пушти сар шудаву танҳо пиёдасозии ҳадафҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар андешаи мо давр мезанад то бо амалӣ шудани ин мақсадҳо мо ба зиндагии шоиста бирасем, ки албатта мерасем ва бузурге ҳам мефармояд:


Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад гулдаста гардад.


Зайнуддин Олимов,
донишҷӯи курси 3, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ