Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Нақши иҷлосия дар таҳкими давлатдории миллӣ

Агар ба авроқи таърих назар андозем, маълумамон мегардад, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва пайдо гардидани давлати нав дар харитаи сиёсии ҷаҳон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикисон бо мушкилоти гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид.
Аз лаҳзаҳои аввали соҳибистиқлолии худ ин давлати ҷавону нектақдир ба буҳронҳои зиёди сиёсию иқтисодӣ гирифтор шуд. Дар ин айём ягона мақсад ин роҳ надодан ба парокандагӣ, муттаҳид намудани мардуми кишвар ва пеши роҳи ҷанги бародаркушро гирифтан буд. Рисолати аслии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳалли буҳрон ва хотима додан ба хунрезиҳо буд. Ин иҷлосияи тақдирсоз, ки санаи 16 ноябри соли 1992 баргузор гардид ва тӯли 2 ҳафта идома ёфт, воқеан руйдоди муҳими таърихию сиёсӣ дар кишвар дониста мешавад.
Ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон бо дасисаи бадхоҳон ва душманони бурунмарзӣ, инчунин мансабталабони мазҳабӣ ба рӯзҳои сахту вазнин гирифтор шуд, ҳукумати конститутсионӣ аз фаъолият бозмонд, Президенти аз тарафи халқ интихобгардида бо таҳдиду зӯрӣ ба истеъфо рафт, парламенти мамлакат - Шӯрои Олӣ имкони гузаронидани ҷаласаҳоро дар пойтахти мамлакат надошт. 
Хушбахтона, ҳукуматдорони замон тавонистанд ба ҳама мушкилиҳои мавҷуда ва вазъияти пурмоҷаро Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олиро баргузор намоянд. 
Дар ин иҷлосияи муҳим, ки дар вазъияти басо душвори ҷанг баргузор гардид, тақдири як халқ, пешомади як кишвар, як миллати соҳибтамаддун ҳал мешуд. Аммо, мутаассифона, дар он замон на ҳама моҳияти онро дарк мекарданд.
Бояд қайд кард, ки маҳз ба шарофати баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо тавонистем аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои Истиқлолияти давлатиро қавӣ гардонем. Муҳимтар ин аст, ки дар ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озодиву бунёдкорӣ фароҳам оварда шуд.
Бо баргузории ин иҷлосияи тақдирсоз яке аз шахсиятҳои барҷастаи олами сиёсати на танҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои нахустини худро дар арсаи сиёсат гузоштанд.
Ёдовар шудан зарур аст, ки замоне, ки намояндагони мардумии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби роҳбарӣ пазируфтанд, ӯ ҳамагӣ 40 сол дошт ва дар миёни раҳбарони кишварҳои собиқ Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ва ҷаҳон ҷавонтарин чеҳраи сиёсӣ маҳсуб меёфт.
Дар он вазъият на ҳама дарк менамуданд ва боварӣ доштанд, ки масъулияти ба зиммаи Раиси Шӯрои Олӣ гузошташуда иҷро мегардад. Аммо таърих нишон дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар сухани гуфтаи худ содиқ монд. Имрӯз ин марди олами сиёсат на танҳо бунёдгузори сулҳи тоҷикон, балки аз минбарҳои баланди Созмонҳои бонуфузи олам проблемаҳои ҷаҳониро низ пайгирӣ ва ҳал менамоянд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфта мешаванд. 
Аввалин сухани Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон, ки ба мардум муроҷиат карда гуфт, ин буд: «Ман ба Шумо сулҳ, меоварам… Мо ҳама бояд ёру бародар бошем». Ин паёми равшан хираду заковати халқ буд, ки дар фитрат ва дилу нияти поки фарзанди арҷманди баргузидааш таҷассум ёфта буд. Мавриди зикр аст, ки мақсади асосӣ ва муҳими ин иҷлосияи тақдирсоз оштии тарафҳои даргир буд. Фармондеҳони Фронти халқӣ ва иттиҳоди неруҳои мухолифин ба ҳам даст доданд, савганди бародарӣ хурданд ва парчами кишварро бӯсиданд. 
Маҳз бо шарофати ин Иҷлосияи таърихӣ, ки сохтори конститутсионӣ барқарор ва қонунияту тартибот ҷорӣ шуд, имкон фароҳам омад, ки кор дар самти таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав оғоз гардад. 
Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ, сулҳу суботи комил равона сохт.
Дар фарҷом, мехостем қайд намоем, ки дар натиҷаи заҳматҳои фидокорона, пофишориҳои қотеона, оқибат нияту ормонҳои неки Президенти кишвар ва мардуми саодатманди Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшид. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Кишвар ба марҳилаи бунёдкориву созандагӣ ворид шуд. Ҷодаҳои харобгашта обод, кошонаҳои вайронгардида бунёд, мардуми парешоншуда сарҷамъ, нолаҳои ҷонсӯз ба нағмаҳои шодиангез табдил ёфт. Ва фосилаҳои зиндаҷудоӣ ба дидорҳои рӯ ба рӯ мубаддал гардид. Дар ҳақиқат, ин ҳама музаффарияту пешравиҳо аз Иҷлосияи 16–уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд, ки аз он сана то имрӯз, инак, 25 сол сипарӣ мешавад. Имрӯз дар оинаи таърих бо мушоҳидаи гузаштаи на чандон дур бори дигар чӣ қадар сарнавиштсоз будани ин иҷлосияро ба хубӣ дарк мекунем.
Пас, 25-умин солгарди ин рӯйдоди таърихию тақдирсоз мубораку поянда бод!


Ҷ. Бобоев, дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ,
С. Дӯстов, ассистенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ