Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Рисолати таърихии иҷлосия

Дар таърихи 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва он сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуда, заминаи мусоиде барои рушди ҷомеа ва пеш аз ҳама ба ҳастии кишваре бо номи Тоҷикистон гузошта, ҳамзамон меъёрҳои асосии ҷомеаи ояндаро эълон намуд. Дар ин замина месазад, ки аз рисолати таърихии Иҷлосияи 16-ум Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд. 
Сарнавишти кишвари мо дар раванди ҷомеаи навини демократӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар соли 1991 бо фоҷиаи бузурги миллат-ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ пайваст. Воқеае, ки бузургтарин хатарро ба сари халқу давлати тозаистиқлоли мо овард. Рӯҳи нотавониву ноумедӣ аҳли ҷомеаро фаро гирифта буд. Сохторҳои қудратии давлат фалаҷ гардида буд. Истеҳсолот аз фаъолият монда, самти муътадили инкишофи он вайрон гардида, дараҷаи зиндагии мардум рӯ ба харобӣ оварда, гуруснагиву қашшоқӣ минтақаҳои ҷангзадаро фаро гирифта, кишвари тинҷу ороми моро ба минтақаи фоҷиабору ҷангзада табдил дода буд. Ҳама гуна муносибатҳои байнидавлатӣ аз байн рафта, дар кишвар оташи кинаву адоват, хунрезиву куштори байни якдигар, қатлу ғорат, гиряву нолаи ятимон ва модарони аламзада идома меёфт. Дастгоҳи фалаҷгардидаи Ҳукумати ҳамон давраи Тоҷикистон ҳама гуна қудратҳои худро аз даст дода буд ва минбаъд давлатро идора карда наметавонист. Қувваҳои сиёсии кишвар аз ду ҷониб дар муқобили якдигар меҷангиданд. 
Ба воқеаҳои сиёсии кишвар нигоҳ накарда, дар ҳамон рӯзҳои барои халқу давлат душвор, комиссияи махсуси таъсисдодаи Ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ташаббуси намояндагони парламент ва қувваҳои ҷонибдори Ҳукумати конститутсионӣ ташкил ёфта буд, масъалаи баргузории Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро меомӯхт. Ҳамин тариқ, дар дохил ва беруни Тоҷикистон қувваҳои солими сиёсии кишвар, ки барояшон оромии Тоҷикистон аз ҳама азиз буд, мекӯшиданд ҳар чӣ зудтар ин Иҷлосияро баргузор намоянд. Танҳо интихоби мавқеи баргузории Иҷлосия муҳим буд, зеро дар он вақт дар шаҳри Душанбе ҷанги шарвандӣ аланга мезад ва имконияти пурраи баргузории чунин Иҷлосия дар шароити ором набуд. Комиссияи ҳукуматӣ оид ба баргузории Иҷлосия ба чунин хулоса омад, ки онро дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) даъват намоянд, зеро ин минтақа нисбатан ором буд. 
Ниҳоят, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад ва маҳз дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мекунанд. Дар нахустин баромади худ Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварда, ҷонибҳои дар сангарҳои даргир истодаи кишварро ба сулҳу оштӣ даъват намуда, қайд карда буданд, ки “Биёед, кинаву адовати байниякдигариро ба як тараф монем, бародарвор бо ҳамдигар даст диҳем ва бо меҳнати софдилонаву бунёдкоронаи худ Ватани азизи хешро аз хатари ҳалокату порашавӣ наҷот бахшем ва онро ба давлати тараққикардаи соҳибистиқлол табдил диҳем”. 
Сабақҳои таърихи минбаъдаи Тоҷикистон дар роҳи ба эътидол овардани кишвар, раванди бавуҷудоӣ, инкишоф ва мустаҳкам гардидани низоми сиёсии демократӣ дар Тоҷикистон собит месозад, ки дарвоқеъ, намояндагони мардумии Тоҷикистон дар он рӯзҳои вазнин бо мақсади тинҷию оромии кишвар кори бузургеро анҷом доданд, ки дар интихоби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хато накарданд ва чунин шахсияти бузурги Тоҷикистонро ба майдони сиёсат ва давлати Тоҷикистон оварданд, ки минбаъд комёбиҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии мамлакат бо номи ӯ сахт алоқаманд аст. Воқеан, Эмомалӣ Раҳмон халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст душманонро авф кард, зиёда аз як миллион нафар гурезаю муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонида, ба миллати мотамзада сулҳу ваҳдат ва суботу амният овард. Ӯ пояи давлатдориро аз сифр бунёд намуда, ҳуқуқро ба ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ кард, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонида, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат муттаҳид кард. 
Ҳукумати нави конститутсионӣ корро дар самти таҳкими давлатдории навини тоҷикон ба роҳ монд. Ҳамин буд, ки 12-уми декабри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти худ Барномаи аз буҳрони иҷтимоӣ-сиёсӣ баровардани кишварро пешниҳод намуд, ки муҳимтарин масъалаҳои он инҳо буданд: 
-таъмини босуръат ва саривақтии барқароркунӣ, фаъолияти муътадили ҳамаи сохторҳои ҳокимият ва ва мақомотҳои идоракунӣ; 
-барқароркунии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар маҳаллаҳо ва таъмини шароит барои фаъолияти вазифаҳои хизматӣ бо мақсади ҳимояи зиндагии ором ва бехатарии шаҳрвандон; 
-баргардонидани гурезаҳо ба Ватан; 
-ташкили Армияи миллӣ ва мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ ва ғ. 
Ҳамин тариқ, заминаҳои воқеӣ дар кишвар омода гардид, ки ба воситаи он пеши роҳи ҷанг ва дигар харобиҳои кишвар гирифта мешуд. 
Низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар дар раванди принсипҳои ҷомеаи демократӣ мустаҳкам гардид. Дар кишвар барномаҳои мушаххас баҳри инкишофи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ қабул гардиданд. Самтҳои асосии сиёсати давлат дар ҳамаи ҷабҳаҳо, ба мисли сиёсати иҷтимоии давлат, сиёсати ҷавонон, сиёсати давлат оид ба занон, сиёсати давлат оид ба дастгирии ятимон, бепарасторон, пиронсолон ва ҳамзамон сиёсати хориҷии кишвар воқеъбинона буда, дурнамои инкишофи минбаъдаи моро муайян мекунанд. Ҳамаи ин комёбиҳои мо, дар маҷмӯъ ба Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагии қарин доранд, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосияи таърихӣ роҳи ба эътидол овардани кишвар, заминаҳои асосии бунёди ҷомеаи нави демократӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардиданд. 
Ин лаҳзаҳо, пеш аз ҳама, чун саҳифаҳои заррини таърих дар ҳофизаи таърихии миллат нақш баста, муддати тулонӣ, ҳатто асрҳо фаромӯш намегардад ва он дар ҳама давру замон ба тағйироти куллии ҷомеа таъсир мерасонад. 
Ин Иҷлосияро барои он тақдирсоз ва ё сарнавиштсоз меноманд, ки воқеан тақдири халқамонро ҳал намуда буд. Иҷлосия собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи тавоност, ки пеши роҳи ҳар гуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳифз менамояд. Маҳз ҳамин Иҷлосия буд, ки манфиатҳои умумимиллӣ боло гирифта, қувваҳои солими ҷомеа гирди ҳукумати қонунӣ муттаҳид гардиданд ва тавонистанд дар ин марҳилаи таърихӣ ҳукумати қонуниро созмон диҳанд. 
Имрӯзҳо мо 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намудем. Бо назардошти моҳият ва нақши созандагии худ иҷлосияи мазкур аз ҷумлаи рӯйдод ва воқеаи рангини таърихи миллати тоҷик буда, ба сарнавишти ҳаётии халқу давлати навини тоҷикон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ва таҳкими низоми сиёсии демократӣ дар Тоҷикистон мусоидат намудааст. Ҳамин аст, ки иҷлосия бо гузашти солҳо қимату манзалати хешро боз ҳам афзун намуда, ёду хотираҳои насли муосири тоҷик ба ҷиҳати аҳамияти худ чун машъали азизу мӯътабар пойдор боқӣ мемонад. 


Иқбол Ҷобиров, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ