Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Бар наҷоти мо расид иҷлосия

Бисту шаш сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҷодаи истиқлолияти давлатӣ дар ҳалқаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистагӣ роҳ мепаймояд. Аз як ҷониб, ин ҳама шарофати истиқлолият бошад, аз ҷониби дигар, меваҳои шаҳдбори Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 
Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳуии Тоҷикистон даp саҳифаҳои таъpихии навини тоҷик ҳамчун pамзи иҷлосияи наҷотбахшy саpнавиштсоз воpид гаpдидааст. Он аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баpобаpаpзиш аст. Агаp Эъломияи истиқлолият давлатеpо ба номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас ин Иҷлосия ҳамин давлатpо аз фаношавӣ нигоҳ дошт ва миллати тоҷикpо аз гиpдоби нобудӣ беpyн кашид. Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ба мардуми тоҷик неъмату дастовардҳои зиёде ато кард, аз ҳама муҳим ва асосӣ фарзанди фарзонаи миллат ва ҷонфидои ин миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард, ки бо заҳмату талошҳои ин родмарди Ватан Тоҷикистон соҳиби ҳамаи рукнҳои давлатдорӣ гардид ва билохира оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ хомӯш карда шуд. 
Солҳо мегузаранду наслҳои нав зиндагии тоза бунёд мекунанд. Вале ба таърих нигариста, гузаштаи худро дар тарозуи андеша бар кашида, он гоҳ бори дигар ба фитрати азалии аҷдодонамон, ки сулҳ эҷод карда буданду миллатро аз вартаи нестшавӣ наҷот додаанд, аҳсан мехонем. Аҳсан мехонем ба онҳое, ки сулҳу суботро ба қимати ҷонашон харидорӣ карда, якпорчагии диёри худро таъин карданд. 
Он рӯзҳои мудҳиш, ки бар сари ин миллат омада буд, ҳоҷати такрораш нест, вале фарзанди модари тоҷик ҳуқуқи фаромӯш кардани он рӯзҳоро надорад. Аз нигоҳи давлатдорӣ низ ҳамин гуна аст, ки зеҳну тавони миллат набояд пурра ба имрӯзу оянда дӯхта шавад, балки гузаштаи худро низ омӯзад ва онро мавриди таҷриба қарор диҳад. Вазъи ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки мардумро аз ин нооромиҳои аср ҳушдор диҳем то ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва пайи ҳавою ҳавас ва ваъдаҳои бардурӯғи хоҷагони хориҷии худ нашаванд, зеро масъалаи сулҳ ё ҷанг, яъне оромии ин давлату осудаҳолии ин миллат дар дасти худи мост. Оромию осудаҳолии мо аз андешаи солим ва зиракии сиёсию ягонагию иттифоқии мо вобаста аст. 
Бояд ёдовар шуд, ки сулҳу оромии кишвари мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар даврони аввали солҳои истиқлолият ба таъсири неруҳои бадхоҳи дохиливу берунӣ Тоҷикистон ба ҷанги шаҳвандӣ кашида шуд. Ин ҷанг боиси аз байн бурдани ҷони ҳазорҳо одами бегуноҳ, бесаробон мондани чандин ҳазор занону кӯдакон гардида, ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар талафоту хисороти зиёде ворид кард. Бар асари қонуншиканию бесарусомониҳо пояи давлату давлатдорӣ ноустувор гардида, Тоҷикистон ба гирдоби буҳрони иқтисодӣ ғута зад. 
Бо анҷоми кори Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ бо дастури Эмомалӣ Раҳмон мақомоти роҳбарии Ҳукумати Тоҷикистон ба раванди музокироти сулҳ оғоз намуд. Бар асоси тасмимгириҳои Роҳбари давлат дар нимаи аввали соли 1993 бо ҳадафи қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат, бозгардондани гурезаҳо ва муҳоҷирини иҷборӣ ба макони зист, барқарор сохтани бозорҳо манзили харобгашта ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба хотири рушди Тоҷикистон масъалаи ба ҳам овардани неруҳои музокироти сулҳи тоҷикон оғоз шуд. Ниҳоят, бо баргузории чандин мулоқоту суҳбатҳо ва музокироти пайваста раванди сулҳи тоҷикон бо имзои санади таърихии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба фарҷом расид. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи миёни тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт. 
Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани Тоҷикистон матраҳ намуда, кишварро аз вартаи фалокату ҳалокат берун кашид, то ки пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуда, дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншоотҳои азим тавлид ёфтанд. 
Бояд ёдовар шавем, ки дастовардҳои Роҳбари давлати мо воқеан ҳам ибратомӯз ва беназир аст. Мисоли равшани ин гуфтаҳо ин аст ки таҷрибаи сулҳи миёни тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории Эмомали Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт. Ин таҷрибаи таърихии ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла СММ, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун модели нодири сулҳофаринӣ эътироф гардид. 
Албатта, ҳеҷ як заҳмату меҳнат бе подош ва қадршиносӣ нест. Дастовардҳои беназири Роҳбари давлатро ба инобат гирифта, бо дастгирӣ ва пешниҳоди халқ Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 11 декабрӣ соли 1999 Эмомали Раҳмонро ба унввони олии давлати Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардониданд. Ҳамчунин аз 25 декабри соли 2015 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат” ба Роҳбари давлат унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатро муқаррар карданд, ки аз 14 декабри соли 2016 ин қонун бекор карда шуд ва ба ҷои он Қонуни конститутсионӣ қабул карда шуд. Дар моддаи дуюми қонуни Конститутсионии мазкур пешбинӣ шудааст: 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст. 


Боймурод Каримов
ассистенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ