Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Оғози эъмори давлатдории навини тоҷикон

Дар таърихи тӯлонии халқу миллатҳои гуногун санаву воқеаҳое ҷой доранд, ки ба инкишофи минбаъдаи давлатдории онҳо такони бузург додаанд. 
Даъват ва гузаронидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои Тоҷикистону тоҷикистониён аз қабили чунин рӯйдоди воқеан тақдирсоз ба шумор меравад. Зарурати даъвати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷанд вазъияти хеле ташвишовари иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар тақозо мекард. 
Бар асари даргириҳои мусаллаҳонаи байни гурӯҳҳои мухталиф ҳазорҳо нафар ба шаҳодат расида, чандин ҳазор маҷрӯҳ гаштанд. Садҳо ҳазор нафари дигар маҳалли зисти хешро тарк карда, дар кишварҳои гуногун маскан гирифтанд. Ин тавр сурат гирифтани вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ оқибатҳои фалокатоварро пеш овард. 
Дар соли пурфоҷиаи 1992 дар натиҷаи задухӯрдҳои шадиди тарафҳои муқобил ва фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ хатари ба нестӣ рафтани давлати Тоҷикистон ба миён омад. 
Дар чунин вазъият ба майдони сиёсат ва ба сари қудрат омадани чеҳраҳои нави сиёсӣ зарурати воқеӣ гардид. Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми Тоҷикистон тараҳҳуми тақдир буд. Ӯ бо истифода аз неруи бузурги ҷавониаш ва самимияти азалии хеш ба қувваҳои солими ҷомеа такя намуда, барои раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон аз фалокати даҳшатовар кӯшишҳои зиёде ба харҷ дод ва тадриҷан ба боварию дастгирии мардум сазовор гардид. Ба рӯзномаи 16-уми Шӯрои Олӣ 23 масъалаи муҳимтарин дохил карда шуда, аз рӯи онҳо қабул кардани қарорҳои дахлдор ба муътадил гардидани вазъи ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ нигаронида шуда буд. 
Ба хотири ҳарчӣ зудтар хотима бахшидан ба ҷанги бародаркушӣ ва ҳал намудани масъалаҳои баҳсноки сиёсӣ дар асоси мусолиҳаи тарафайн Иҷлосия ба роҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ имконият дод, ки аз минбари он баромад карда, дар атрофи мизи гуфтушунид нишинанд. Бо мақсади амалӣ гаштани уҳдадории оташбас ва супоридани силоҳ, пойдор гардидани сулҳ, пешгирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, таъмини фаъолияти муътадили институтҳои давлатӣ Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27-март то 25-ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» қабул кард. Тибқи ин ҳуҷҷати инсондӯстона ашхосе, ки дар ишғоли биноҳою идораҳои давлатӣ, муҳосираи роҳ ва объектҳои ҳаётан муҳим, вайрон кардани сарҳади давлатӣ, агар он ба қочоқи маводи мухаддир марбут набошад, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Қабули қонуни номбурда худ гувоҳи он аст, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияташ роҳбарияти тозаинтихобшудаи ҷумҳурӣ ягона роҳи дурусти наҷоти Ватанро аз вартаи ҳалокат сулҳу салоҳу мусолиҳаи миллӣ медонист. 
Яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳое, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-ноябри соли 1992 қабул карда буд, «Муроҷиатномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳзоби  сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо, ба тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ» ба шумор мерафт. 
Бешубҳа, ҳуҷҷатҳое, ки Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд қабул карда буд, як навъ паймони оштии байни тарафҳо маҳсуб меёфт. 
Мусаллам аст, ки идеяи мусолиҳаи миллӣ бо роҳи гуфтушуниди тарафҳо аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ибтидо гирифтааст. Ташаббуси гуфтушунидро бошад, дар байни тарафҳои муқобил сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зоҳир намуда, ин ташаббус натиҷаҳои  дилхоҳ дод. Вале то ба сатҳи имзои Созишномаи умумӣ «Дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» (27-уми июни с.1997) расидан тарафҳои муқобил дар раванди гуфтушунидҳои тӯлонӣ роҳи пурпечутоб ва мураккабро паси сар карданд ва дар натиҷа дар Тоҷикистон сулҳу салоҳ, оромию осоиштагӣ барқарор карда шуд.   
Сулҳ неъматест, ки арзиши бебаҳои хешро дар бузургии халқи тоҷик ифода намуда, ба эҳёи он Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон боис гардидааст. Дар ин айём қасамёдкунии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон худ омили бузурги сулҳофарӣ ва ифодаи мантиқии роҳи дурусти пешгирифтаи сиёсати солими кишвар буд. Пешвои миллат дар Иҷлосия ваъда дода буданд, ки «Қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои ҳар як хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам  садоқатмандона меҳнат мекунам.» Ин суханҳо миллати таърихии тоҷиконро барои бунёди сулҳ равона сохтанд. Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, инчунин бо роҳи консептуалӣ масъалаи гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ ба миён гузошта шуда буд ва ин идея дар Изҳороти Раиси Шӯрои Олии ҳамонвақтаи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 1993 тақвият ёфт. Дар муддати хеле кӯтоҳ ин кори басо мураккаб дар Тоҷикистон бо хубӣ ба сомон расонида шуд. Қабули Конститутсия, интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Нишону Парчами давлатӣ ва суруди миллӣ, таъсиси Артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ, интихоби маҷлисҳои намояндагони маҳаллӣ ва мақомоти роҳбарикунандаи  онҳо аз мустаҳкаму босубот гардидани ҷамъияту давлат шаҳодат  медод. Ҳамаи ин қадамҳои нахустину боэътимоди роҳбарияти тозаинтихоби Тоҷикистон дар роҳи амалигардонии идеяҳои Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақоми хосса пайдо кардани он ба шумор меравад. 
Нимаи дуюми садаи ХХ ба халқи тоҷик муяссар гашт, то баъди гузаштани ҳазорсолаҳо аз нав соҳиби давлати миллии худ гардад, аз нав ба ҷаҳониён оид ба соҳибдавлату соҳибтамаддун будан эълон дорад, ки аз нав тоҷи давлатдориро дар сар гузошта, давлатеро бо номи Тоҷикистон ба харитаи сиёсии ҷаҳон ҷой диҳад. Вале ин тӯҳфаи тақдир имтиҳони ҷиддиеро назди миллати мо гузошт. 
Паст будани фарҳанги сиёсии ҷомеа, нокифоягии таҷрибаи давлатдории ҷадиду мустақилона, ба ҳисоб нагирифтани хусусиятҳои давраи нави инкишоф, боло гузоштани манфиатҳои гурӯҳию ҳизбӣ аз манфиатҳои умумимиллию умумидавлатӣ ва дахолати қувваҳои манфиатдори беруна кишвари тозаистиқлоли моро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Дар бораи аҳамияти таърихии он бисёр навиштаему боз менависем, зеро ин аввалин қадам ба наҷоти миллат ва давлатдорӣ буд ва бо гузашти айём таҳкими пояҳои давлатдорӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ аҳамияти он боз дучанд меафзояд. 
Имрӯз вақте ки мо ба маводи таърихӣ назар мекунем, мебинем, ки новобаста ба авзои муташанниҷи мавҷудаи замон аз 230 вакил 196 нафари онҳо ба кори ҷаласа ҳозир шуданд. Ҳамзамон бо ин мехоҳем, қайд намоем, ки имрӯз метавон баргузории Иҷлосияи 16-умро ҳамчун раванде маънидод намуд, ки вобаста ба хусусияти авзои сиёсии замон зина ба зина амалӣ гашт. Таъсис додани комиссияи муросо оид ба таҳияи лоиҳаи рӯзномаи ҷаласа, баргузории маҷлиси машваратӣ ва сипас гузаштан ба баррасии масъалаҳо ин ҳама нишонаи он буд, ки вакилони Шӯрои Олӣ иродаи қатъии сиёсии гузаронидани ин Иҷлосияро доштанд. 
Рамзҳои давлатӣ, ки муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, нишона аз давлатдорианд, маҳз дар ҳамин Иҷлосия дар қатори муҳимтарин масъалаҳои замон тасдиқи худро ёфтанд. Тасдиқ шудани рамзҳои давлатӣ дар шароити бениҳоят мушкили сиёсӣ бори дигар собит сохт, ки Ҳукумати тозаинтихоб бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи такмили пояҳои давлатдории миллӣ муносибати ҷиддӣ, қатъӣ ва собитқадамона дорад.  
Қайд намудан лозим аст, ки ташаккулёбии низоми нави давлатдорӣ, ки аз ҳамин Иҷлосия сарчашма мегирад, бори дигар нақши таърихии шахсро дар марҳалаи тақдирсоз собит сохта, шоҳиди ба вуҷуд омадани ниҳоди нави сарварӣ мебошад. Илм ва таҷрибаи таърихӣ борҳо собит намудааст, ки маҳз фаъолияти мақсадноку ҳадафмандонаи ниҳоди сарварӣ қодир аст дар марҳалаҳои тақдирсози таърихӣ боиси наҷот ва таҳкиму рушди давлатҳои миллӣ гардад. Аҳамияти таърихии фаъолияти ин ниҳодро мо метавонем дар мисоли мактаби сарварии Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баръало эҳсос намоем. Аз тарафи дигар, агар ба ин масъала амиқтар назар кунем, мебинем, ки дар тӯли таърих шахсиятҳо дар раванди бунёди давлатҳои миллӣ, империяҳои бузург ва умуман гардишҳои таърих нақши бузург бозидаанд. Ҷомеашиноси амрикоӣ Р.Эмерсон менависад, ки дар ин ҳаёт ба мо, пеш аз ҳама, шахсе намерасад, ки моро маҷбур созад то он чиро, ки метавонем, бикунем. Аз ин нуқтаи назар, қайд намудан зарур аст, ки нақши сарвари давлат дар ҳалли низои дохилии кишвар, дар рушду нумуи давлати миллии мо бениҳоят калон аст. 
Баргардонидани гурезаҳо низ яке аз масъалаҳои муҳимми таъминкунандаи ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик маҳсуб меёфт. Маҳз аз ҳамин сабаб Раиси Шӯрои Олии мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда буданд, ки «То як тоҷик берун аз Ватан қарор дорад, ман худамро ором ҳис карда наметавонам». Ин бори дигар собит месохт, ки тоҷик дигар бе давлату бе соҳиб нест ва фақат худи ӯ қодир аст Ватанашро обод намояд.
Таъмини сарҷамъии воқеии миллат ҳам яке аз вазифаҳои асосии ҳокимият ба шумор рафта, эътирофи мардум ба сифати сарчашмаи асосии ҳокимият яке аз нишонаҳои принсипи демократие буд, ки Раиси Шӯрои Олии кишвар дар ин Иҷлосия эълон дошта буд. Иҷлосияи 16-ум ба ташаккулёбии фарҳанги нави сиёсӣ замина гузошт. Истиқлолият, ягонагӣ, ваҳдат ва сулҳу салоҳ дар ҷомеа арзишҳое эълон гаштаанд, ки маҳз онҳо асоси фарҳанги нави сиёсиро ташкил медоданд. Дар баробари ин фароҳам омадани фазои боварӣ ва эътимод дар роҳи оғози раванди сулҳи тоҷикон заминаи мустаҳкам гузошт, ки ташаккулёбии фарҳанги нави сиёсӣ идомаи бомувафаққонаи онро таъмин намуд.  
Ҳамин тариқ, метавон бо боварӣ иброз намуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ қадами ҷиддӣ, устувор ва қатъӣ гашта, бори дигар собит сохт, ки раванди бунёди давлатдории миллӣ раванди динамикиест, ки дар ҳар як марҳалаи рушди он ба вуҷуд омадани ҳолатҳои низоии ба мавҷудияти он таҳдидкунанда аз эҳтимол дур нест. Дар чунин ҳолат фақат идоракунии дурусти равандҳо, таъмини тағйирпазирии ҳокимияти сиёсӣ вобаста ба хусусиятҳои ҳар як марҳала ва фаъолияти мақсадноку дурандешонаи ниҳоди сарварӣ метавонад ҳамаи ин равандҳоро ба маҷрои созандагӣ раҳнамоӣ намояд. 
Пас, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи наҷоти миллат ва давлати тоҷикон аз парокандашавию нестшавӣ маҳсуб мешавад. 


Асадулло Муллоҷонов 
Сироҷиддин Эмомов

дотсентони кафедраи фанҳои гуманитарӣ