Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Парчами миллӣ рамзи соҳибдавлатӣ

Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, Миллат, Забон, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба қадри ин муқаддасоти миллии худ бояд бирасем. Хизмат зери Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафҳои Артиши миллиамон қарз ва ифтихори ҳар як ҷавонмард дониста мешавад. 
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Низомномааш дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳраку деҳот ба таври доимӣ барафрохта мешавад. Дар болои биное, ки иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо гузаронида мешаванд, дар давоми давраи гузаштани иҷлосияҳо, маҷлисҳои намояндагон дар тамоми давраи гузаштани маҷлис низ парчам барафрохта мешавад. 
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун як рамзи давлатӣ шинохта шудааст, албатта, он дар як заминаи хушку холӣ ба миён наомадааст ва аз сарчашмаҳои хеле зиёди фарҳангӣ дар иртибот ба омода кардани он истифода шудааст. Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди қабул қарор гирифт ва пӯшида нест, ки дар таҳия ва пешниҳоди он олимон ва аҳли фарҳанг назари худро пешниҳод карданд ва Парчами давлати тоҷик, ки имрӯз ҳамчун рамзи давлатӣ шинохта шудааст, бо рангҳои хеле зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамаддуни пешазисломӣ ва баъдиисломии мардуми мо аст, яъне тамоми арзишҳои миллию таърихии моро ифода мекунад. 
Ин буд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб меёбад. 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд ва дар ҷумлаи оғози ин Низомнома омадааст: “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”. Тамоми муқаддасоте, ки дар ватани мо ҳаст, ҳам муқаддасоте, ки ба фарҳанг алоқаманданд, ҳам ба гузаштаи пурифтихор ва ҳам ба имрӯзи мо, ба идеалҳои мо алоқамандӣ доранд, яъне Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи ду рамзи дигар, яъне Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, рамз аст, рамзи давлатист. 
Бояд гуфт, ки рамзҳо хеле муқаддас мешаванд ва дар баробари ин он аломату рангҳое, ки дар парчам интихоб шудаанд, ҳар кадоме мазмуну муҳтавои амиқ доранд, ки дар онҳо агар, аз як тараф, гузаштаи кишвари мо, яъне принсипи таърихият ба эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар, меросбарии арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва дигаре, ки дар гузашта буд ва мо то ба имрӯз онро идома дода истодаем, ифода ёфтаанд. 
Парчами давлатии ҳар як кишвар рамзи қудрату тавоноӣ ва нурҳои ақлонии фарҳангии ҳамон кишвар аст, ин як рамзи бисёрмаъно буда, он ба воситаи муқоиса дар ақли инсон дарк мешавад. Он тасвири рангҳо, тоҷ ва ҳафт ситорае, ки дар парчам акс ёфтаанд, мазмунҳои зиёдеро дар худ таҷассум кардаанд. Аммо ба таври амиқи тасдиқшуда ранги сурх дар парчам - мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед - бахту иқболи сафед ва покизагӣ буда, ранги сабз - саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватанамон мебошад. Тасвири тоҷ дар парчам ин нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияти кишвар буда, ҳафт ситора - ҳафт иқлим, ҳафт ситораи бародарон, ҳафт қабати осмон ва ҳафт рӯз дар назар дошта шудааст. 
Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин. Парчами миллӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад. 


Алихон Мирҷонов, донишҷӯи бахши 4, факултети ҳисобдорӣ ва омор