Мақолаҳо
Изҳороти донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Дар тамоми давру замон бар зидди давлату давлатдорӣ қувваҳое мавҷуданд, ки ҳамвора зарари худро мерасонанд, то ба ҳадафҳои нопоки худ расанд. Ғараз аз чунин бадхоҳиву бадбинӣ танҳо якест, он ҳам бошад, ба сари қудрат омадани ин тоифа. Имрӯзҳо, чӣ тавре ки ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, кишвари азизамон Тоҷикистон рушду нумӯ карда истодааст ва то рафт ба ҳадафҳои гузоштааш наздик мешавад. Ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар созанда буда, тамоми мардум дар зери ин ҳадафҳо муттаҳид мебошанд ва ҳамаи мардуми шарифи кишварамон барои амалӣ шудани ин арзишҳо бовар дошта, барои расиданаш шабонарӯз заҳмат мекашанд. Набояд фаромӯш кард, ки мо як маротиба ба дасисаҳои хориҷиён бовар карда, натиҷаашро дидем ва худ шоҳиди онем, ки ба чӣ бадбахтиҳо ба сарамон омаду то ҳанӯз ҳам ҷуброни онро пардохта истодаем.
Ташкилоти мамнӯи террористӣ-экстремистии ҲНИТ ҳанӯз дар хориҷи кишвар кирдорҳои иғвоангезона ва нопоки худро давом дода, аз дур ба сӯи ватани худ, ки замоне дар он боифтихор зиндагӣ мекардд, сангпартоӣ мекунад. Ин афроди кӯрдил ва нотавонбин дар идомаи дасисаҳои навбатиашон дар бораи озодии як тан аз ҳаммаслаконашон баёнияи матбуотие нашр кардаанд ва дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуда истодааанд, ки Шоҳнаими Карим (Мирзораҳим Кузов) яке аз тарафдорони онҳо аз тарафи додгоҳи Олии Юнон озод карда шудааст.
Дар ин баёния тарафдорони Шоҳнаими Карим аз додгоҳи Юнон изҳори ташаккур намудаанд, ки гӯё одилона рафтор кардааст ва ҳаммаслаки онҳоро озод намудаанд. Аммо бояд зикр кунем, ки ин амали ҷомеаи Аврупо дур аз адолат буда, баръакс, тамоми мардуми осоиштаи моро дар ҳайрат мегузорад, ки чаро ба як гурӯҳ нотавонбинон ҳамкорӣ намуда, кишвари ороми моро ноором мекунанд. Имрӯз мо шоҳиди кирдорҳои нобахшидании неруҳои ифротиву тундраве чун гурӯҳҳои «Давлати исломӣ», «Толибон», «Ал-қоида», «Бокуҳарам», «Ҷамоат-ул-ансор», «Ҷамоат-ул-муҷтаҳидин» ва ғайра мебошем, ки кишварҳои орому осударо ноором мекунанд ва бештари ин сарзаминҳоро ба хокдони ғам гирифтору ҳазорон нафар одамони бегуноҳро қурбони ҳадафҳои муғризонаи худ намудаанд.
Ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ин амали додгоҳи Юнонро маҳкум карда, ба таваҷҷуҳи эшон мерасонанд, ки Тоҷикистон давлати мустақил аст ва метавонад дар додгоҳи худ ин амалро баррасиву нисбати он одилона қазоват намояд.
Мо имрӯз барои пешгирӣ намудани терроризм ва экстремизм пайваста мубориза мебарем ва барои муваффақ шудан бар зидди ин вабои аср тавон ҳам дошта, метавонем онро пайгирӣ намоем.