Мақолаҳо
Заминаҳои таърихии пайдоиши экстремизми исломӣ
Соҳиби давлати мустақил шудан ва ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан барои тоҷикон рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз мебошад. Зеро миллате, ки тақдириимрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархӯрдор аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҳақиқат, миллати куҳанбунёди тоҷик аз саодати бузурге бархӯрдор гардидааст. Зеро он соҳиби давлати мустақилу демократӣ ва ҳуқуқбунёд гардид. Имрӯзҳо миллати сарбаланди тоҷик дар сулҳу ваҳдат ва амнияти комил умр ба сар мебарад. Агар ба саҳифаҳои таърих нигарем, шоҳиди он мегардем, ки баъзе халқу миллатҳо садсолаҳо барои ба даст овардани истиқлолият мубориза мебаранд, аммо ба он муваффақ намешаванд. Муборизаи дурударози халқҳои курду уйғур мисоли равшан ва тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд. Танҳо дар ҳолати дарк ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ давлатҳо метавонанд ҳамчун субъектони мустақил боқӣ монанд. Тавре аз таҷрибаи таърихии баъзе давлатҳо бар меояд, азбайнравии муттаҳидӣ ва дарк накардани арзишҳои миллӣ, метавонад заминаи парокандагии миллатҳо ва халқиятҳоро фароҳам созад ва давлатро ба нестӣ орад. Тасдиқи ин гуфтаҳо давлатҳои Ироқ, Сурия, Ливия ва Яман шуда метавонанд.
Солҳои 50 – 60 уми асри гузашта намояндагони экстремизми исломиро аз рӯйи ақидаашон ба ду гурӯҳи калон тақсим кардаанд, яъне: фундаменталистони эътидолӣ ва ифротӣ (экстремистӣ). Пайдоиши экстремизми исломиро ба номи Сайид Қутб алоқаманд медонанд. Ӯ баъзе ақидаҳои Абул Ало Маудидиро бо идеяҳои Ҳасан ал- Банно омезиш дода, назарияи нави худро ба вуҷуд овард, ки асоси онро ба бехудоӣ гунаҳкор кардани онҳое, ки худро мусалмон меҳисобанд ва баҳо додан ба тамоми ҷомеаҳои муосир ҳамчун ҷомеаи ғайриисломӣ асос ёфтааст. Асосан ҳаракати «Ихвон ул- муслимин» аз тарафи муаллими мактаби ибтидоӣ Ҳасан ал- Банно соли 1928 дар шаҳри Исмоилияи Миср таъсис дода шуд, ки хусусияти фарҳангӣ-маърифатӣ дошт. Ҳасан ал-Банно тарафдори бо роҳи осоишта гирифтани ҳокимияти сиёсӣ буд, на бо роҳи зӯроварӣ, яъне бо роҳи таблиғ.
Решаҳои асосии экстремизми исломӣ ба асри 1-уми аҳди ислом рост меояд, ки бесабаб гузаштагони онро «хориҷиҳо» номгузорӣ накардаанд. Хориҷиҳо (Ҳаруриён – деҳаи Ҳарура дар шаҳри Куфа) соли 657 аз таркиби қушӯнҳои халифаи чорум Алӣ ибни Абутолиб ҷудо шуда, натанҳо ба муқобили халифаҳои Умавӣ мубориза бурдаанд, балки ба муқобили Алӣ низ муборизаро давом доданд. Хориҷиҳо экстремизми муосири исломӣ, яъне ақидаи «Мусалмонро аз рӯйи амалаш бояд баҳо дод»-ро гирифтаанд. Ҳол он ки, исломӣ ростӣ на амал, балки ниятро ба асос мегирад. Ифротгароёни муосири исломӣ аз хориҷиҳо ақидаро дар бораи «нест кардани роҳбаре, ки хилофи ислом аст, гирифтаанд ва ҳукмро (ҳакамият) танҳо ҳукми Худо медонанд, на ҳукми халифагону амирон ва ғайра. Ин гурӯҳ дар замони хилофати Алӣ ибни Абутолиб, на ҳукми (қарор) ӯро қабул доштанд ва на ҳукми Муовия ибни Абусуфёнро. Ба ин тартиб, ин гурӯҳ дар он марҳилаи таърихӣ нақшаи қатли сарварони мусалмононро кашиданд, ки сабаби кушта шудани халифаи чорум ва захмӣ шудани Муовия ибни Абусуфён гардид.
Албатта, дар пайдоиш ва ташаккули идеологияи экстремизми муосири исломӣ нақши асосӣ, муҳим ва ҳалкунандаро ақидаҳои Ҳасан ал- Банно - поягузори ҳаракати «Ихвон ул- муслимин» ва идеологи машҳури он Сайид Қутб бозидааст. Асоси динӣ-сиёсии идеологияи экстремизми муосири исломӣ ин Қуръон, суннат ва шариат мебошад, ки дар натиҷаи бардошти нодуруст аз сарчашмаҳои зикргардида ва дигар сарчашмаҳо иқтибос ва натиҷагириҳои ғайривоқеӣ ва аз ҳақиқат дур пешниҳод менамоянд. Ба ҳамин тартиб идеали иҷтимоии онҳо ин бунёди “ҷомеаи исломӣ” аст, ки дар асоси давлати исломӣ ба амал меояд. Бунёди ҷомеаи исломиро онҳо аз танқиди низомҳои гуногуни муосири ҷамъиятӣ оғоз мекунанд.
Хулоса, назария ва амалияи экстремизми муосири исломӣ ин як шакли утопияи (хаёлӣ) иҷтимоӣ буда, хусусияти агрессивӣ дорад. Он бо амали зӯроварӣ ва бисёр вақт характери террористидошта асос ёфтааст. Ба ин восита онҳо мехоҳанд, ки ҷомеаи идеалии худ, яъне ҷомеаи исломиро, ки дар заминаи бунёди давлати исломӣ тарҳрезӣ гардидааст, созанд.
Бойназаров Ҳ. Э., устоди Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон