Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Ҷанбаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии Паёми имсолаи Пешвои миллат

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати стратегиест, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар дар он мавриди баррасӣ қарор ёфтааст. Ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияти кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтори бозорӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ-иҷтимоӣ барои рушди устувори кишвар, роҳҳо ва усулҳои амалишавии онҳо бо далелу рақамҳои оморӣ хеле хуб пешниҳод гардидааст. Махсусан, вазъи мураккаби раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳилаи нави «ҷанги сард» ҳар як сокини кишварамонро ба он водор месозад, ки барои ноил шудан ба вазъи зиндагии сифатан нави аҳолии кишвар камари ҳиммат баста, барои корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузор бошад. 
Таҳлили рақамҳои оморие, ки дар Паём барои рушди иқтисодиёти миллии кишвар оварда шудаанд, зарурати баландбардории неруи инсонӣ, сатҳи маълумотнокӣ ва сифату зиндагии шоистаи мардум тавассути татбиқи чорабиниҳои дастаҷамъона дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ: соҳаи саноат, аз он ҷумла энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, шуғли пурраи аҳолӣ ва рушди соҳибкорӣ муфассал асоснок карда шуда, дар ин самт тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманди органҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ оиди ташкили ҷойҳои нави кории иловагӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, дастгирии соҳибкории истеҳсолии ватанӣ ва корхонаҳои муштарак дар самти гузариш аз иқтисодиёти аграрӣ ба иқтисодиёти индустриалӣ-инноватсионӣ таъкид гардидааст. 
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар Паём махсус таъкид гардид, ки кишвари мо барои рушди соҳаи туризм, махсусан туризми экологӣ, сохтмони иншоотҳои табобатию санаторӣ, базаҳои сайёҳӣ, корхонаҳои тандурустӣ имкониятҳои васеъ дорад. Аз ҷониби дигар, мавҷуд будани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, либосҳои миллӣ, иқтидори табиӣ-иқтисодӣ, сайёҳию кӯҳнавардӣ имкониятҳои васеи ҷалби сармоягузориро ба иқтисодиёти кишвар афзун менамояд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосии татбиқи иқтисодиёти сабз ба ҳисоб меравад ва амалӣ гаштани чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза созгор буда, барои истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои замину об дар ҷумҳурӣ саҳми бузург дорад. Барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани ин иқдомот Пешвои миллат соли 2018-ро Соли рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. 
Пешвои миллат вазъи соҳаҳои иқтисодиёти миллии кишварро таҳлил карда, қайд карданд, ки соли 2017 нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, суръати воқеии иқтисодиёт ба 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 60 миллиард сомонӣ баробар шудааст. Тайи даҳ соли охир ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ 11,2 маротиба афзоиш ёфта, дар соли 2010 ба 7023,9 миллион сомонӣ ва дар соли 2017 ба 19,6 миллиард сомонӣ баробар гардидаст, ки он 35,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2,1 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз ва 25 фоиз афзоиш ёфтааст. 
Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти миллӣ ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз моҳи сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад, ки ин раванд барои рушди соҳаи иҷтимоии кишвар бисёр муҳиманд. 
Қайд кардан бамаврид аст, ки бо ташаббуси Ҳукумати кишвар низоми идоракунии молияи давлатӣ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ҷавобгӯ буда ташкил карда шудааст, ки амалкарди дурусти он метавонад, ба тақсим ва азнавтақсимкунии маблағҳои буҷетӣ мусоидат намояд ва самаранокии фаъолияти мақомоти давлатиро беҳтар намуда, назорати истифодаи шаффофи молиявӣ ва татбиқи барномаҳои соҳавиро таъмин гардонад. Дар вобастаги ба ин раванд барои боз ҳам такмилдиҳии низоми самараноки истифодаи захираҳои молиявию қарзӣ ва тақсимоту истифодаи мақсадноки онҳо зарурати танзими идораи давлатии низоми молиявии кишвар, тақвият бахшидани корҳо дар самти таҳияву татбиқи буҷет дар асоси барномаҳои тарҳрезишуда зарур мебошад. 
Бо мақсади боз ҳам сода, сабук ва шаффоф гардонидани ҷараёни андозсупорӣ ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки оиди такмилдиҳии низоми андоз ва андозситонӣ чораҳои зарурӣ андешида, барои маъмурикунонии он корро пурзӯр намоянд. Махсусан, озод намудани фаъолияти соҳибкории хонаводагӣ ва додани қарзҳои хурд ба онҳо, ворид намудани таҷҳизоти тиббӣ ва амсоли ин чораҳое мебошанд, ки барои ғанӣ гардонидани буҷаи оила ва беҳшавии сатҳи зиндагии мардум мусоидат кунад. 
Дар ин раванд, пеш аз ҳама, шаклҳои дурусти фаъолияти низоми бонкдорӣ ва механизми ҷамъоварии маълумотҳо зарур мебошад. Ба таҳлили рушди ин соҳа шурӯъ намуда, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки вазъи низоми пуливу қарзии кишвар, бахусус, фишори қурб ба асъори миллӣ, ноустувории сармояи бонкӣ, сатҳи нокифояи қарздиҳӣ ба иқтисоди миллӣ ва ҷалби сармоя ба он овард, ки соли ҷорӣ ҳаҷми қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо нисбат ба соли 2016-ум 4 фоиз коҳиш ёфт ва моро зарур аст, ки дар ин самт чораҳои зарурӣ андешем. Бо мақсади таъмини рақобати озод дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявию қарзӣ ва ҷалби бештари сармоя ба ин соҳа ҳадди ақали сармояи ойинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис, ки ҳоло 80 миллион сомониро ташкил медиҳад, минбаъд 50 миллион сомонӣ муқаррар карда шуд. Дар робита ба ин мақсад рушди инфрасохтори зарурӣ бо назардошти таҷрибаи байналхалқӣ ташкил намудан зарур мебошад, ки дар таъмини самараноки сиёсати молиявӣ, аз он ҷумла сиёсати фискалӣ, назорати молиявии давлат, рушди бозори коғазҳои қиматнок, суғурта, дастгириҳои молиявии соҳибкорӣ хизмат намояд. 


Эмомалӣ Шералиев, декани факултети молия ва қарз